Комиссияи ҳукуматие, ки ба ҳар як маҳбус ҳақ медиҳад тавассути он барои бахшиши гуноҳаш ба раисҷумҳур муроҷиат кунад, дар ҳайати нав ба кор шурӯъ кард. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо судури як қарор рӯзи 7-уми июн ҳайати нави Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди президентро тасдиқ карда, ба ин комиссия салоҳиятҳои бештар дод. Матни ин қарор рӯзи 25 июн нашр шуд.
Тағйири нахустин марбут ба мақоми раҳбарии он аст, ки ин салоҳият ба нахуствазир Қоҳир Расулзода вогузор мешавад.То ин замон роҳбарии ин комиссияи назди раисҷумҳури Тоҷикистонро муовини нахуствазир оид ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, роҳбарӣ мекард. Салоҳияти дигари ин комиссия ин аст, ки ба ҳар як зиндонӣ дар Тоҷикистон умед ба бахшиши ҷазо, сабуктар шудани он ва ҳатто раҳо шудан аз зиндонро медиҳад.
Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият 15 дафъа қонуни афви маҳсубону боздоштшудаҳо қабул шудааст. Қонуни бори охир дар августи соли 2016 қабул шуда, нисбати 12 ҳазор нафар татбиқ шуд.
Тибқи низомномаи ин комиссия, ки боз ҳам бо фармони раисҷумҳур тасдиқ шудааст, ҳамакнун ҳар як зиндонӣ, новобаста аз мӯҳлати ҷазо ва ҷинояти содиркардааш, ҳақ дорад дар давоми як сол як маротиба тавассути маъмурияти зиндон ба унвонии ин комиссия, ба номи президент ҷиҳати бахшиши ҷазояш дархост фиристад. Дархости маҳбус бо маълумотномаи маъмурияти зиндон дар мавриди рафтори ӯ, аҳволи саломатӣ ва вазъи оилавиаш ба рӯи мизи ин комиссия гузошта мешавад.
Комиссия, ки ба ҳайаташ роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия, вазорати корҳои дохилӣ, додситонии кулл, раиси суди олӣ, ёрдамчиёни президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, робита бо ҷомеа ва декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон шомил мешаванд, дар нисбати ҳар ариза қарор қабул мекунад. Дар маҷлиси аъзоёни ин комиссия, ки соле на камтар аз ду маротиба ташкили ҷаласа мекунад, дархости ҳар як маҳбус дар алоҳидагӣ баррасӣ мешавад.
Дар пайи ин баррасӣ, комиссия салоҳият дорад, ки ба унвонии раисҷумҳур пешниҳоди бозбинӣ шудани ҳукми маҳкумшударо, ироа кунад. Аз ҷумла, ҷазои ҳукми қатл ба ҳабси якумрӣ ва ё 25 соли зиндон табдил шавад, ҷазои ҳабси якумрӣ ба муҳлати муайяни зиндон ё пурра озод кардан аз ҷазо, пурра ва ё қисман озод кардан аз ҷазои асосӣ, ихтисори қисми ҷазои адоношуда ва пок кардани доғи судӣ аз шахсе, ки ҷазоро адо кардаст ва ё аз адои ҷазо озод шудааст. Баъди ин тасмим ба президент аст, ки пешниҳоди ҳуқуқшиносону мақомдорони аъзои комиссияро бипазирад ё на.
Аммо Ватан Абдураҳмонов, як ҳуқуқшинос ва додраси собиқадор мегӯяд, комиссияи мазкур танҳо салоҳияти баррасии дархостҳои инфиродии маҳбусонро дорад, чунки дар илми ҳуқуқ мафҳуми бахшиш ва авф аз ҳамдигар фарқ доранд. Вай гуфт: "Бахшиш ва авф комилан аз ҳам фарқ доранд. Дархост барои бахшиши гуноҳ тариқи ҳамин комиссия ба унвонии президент аз сӯи ҳар як маҳкумшуда ба таври инфиродӣ фиристода мешавад. Ва ин танҳо салоҳияти хоси президент аст, ки ба танҳоӣ метавонад дар мавриди бахшидан ва ё набахшидани маҳкумшуда тасмим мегирад". Абдураҳмонов афзуд, афв ба фарқ аз бахшиш бо пешниҳоди президент ва розигии порлумон сурат мегирад.
Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият 15 дафъа қонуни афви маҳбусону боздоштшудаҳо қабул шудааст. Қонуни бори охир дар августи соли 2016 қабул шуда, нисбати 12 ҳазор нафар татбиқ шуд. 3 ҳазор нафари онҳо пурра ба озодӣ баромаданд. Ҳадафи аслии татбиқи қонуни афв дар Тоҷикистон, талоши мусоидат дар бозгашти маҳбусон ба ҳаёти осоишта ва ҷилавгирӣ аз содир шудани ҷиноятҳои бештар дар оянда мебошад. Дар навбати аввал ноболиғону занон ва зиндониёни солхӯрда мавриди афв қарор мегиранд. Вале дар аксари ин тасмимҳо афроде сарфи назар шудаанд, ки худро «зиндонии сиёсӣ» унвон мекунанд.
Оғози моҳи июн яке аз чунин нафарон – собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон Ёқуб Салимов, ки соли гузашта бар асоси татбиқи қонуни афв ва сипарӣ кардани 13 соли умраш дар зиндон ба озодӣ баромад, ба қабули қонуни нави афв дар остонаи таҷлил аз ҷашни 20-солагии Ваҳдат даъват кард.
Ҳарчанд ӯ мушаххасан аз исми ҳеҷ як зиндонӣ ном набурд, вале гуфт, ки дар зиндон онҳое кам нестанд, ки «нофаҳмида ба бозиҳои пасипардагии ашхоси манфиатҷӯ гирифтор шудаанд» ва «на ҳамаи онҳо дар маҳбас бо гуноҳи исботшуда қарор доранд ва онҳое ҳам ҳастанд, ки бо парвандаҳои сохтаву беасос, пушти панҷара афтодаанд».Вай аз президент даъват кард, ки як афви дигари умумӣ барпо карда «сиёсати башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистонро» ба намоиш гузорад.
Бархе таҳлилгарон гуфтанд, манзури Ёқуб Салимов озодии ҳама намояндагони ҷонибҳои даргир дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки дар миёни онҳо ҳам Ғаффор Мирзоев - собиқ фармондеҳи Гарди президентӣ ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров - собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон мебошанд. Дар ду соли охир инчунин даҳҳо узви ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ бо ҳукмҳои тӯлонии зиндон ва ё ҳукми абад маҳкум шудаанд, ки ҳукмҳои худро ноодилона арзёбӣ мекунанд.
Вале мақомоти масъули Тоҷикистон рӯзи 6 июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз ҳеҷ хабаре дар заминаи эҳтимоли қабул шудани қонуни нави афв дар даст нест.
Ҳоло бо тавсеа ёфтани салоҳиятҳои комиссияи бахшиш, эҳтимолан шонси ин бахши зиндониҳо ҳам барои бозбинӣ шудани ҳукмашон ба даст меояд. Аксари онҳое, ки ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанду аз ҳукми додгоҳ норозӣ мондаанд, шояд ба комиссия муроҷиат кунанд. Тавре як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ бидуни бурдани номаш гуфт, ба шарте, ки кори ин ниҳод мунсифа, беғаразона ва орӣ аз фасод ба роҳ монда шавад.