Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исҳоқиро кӣ кушт, Олимпурро кӣ? Фарзандон – дар бораи қатли падарон


Муҳиддини Олимпур.
Муҳиддини Олимпур.

Фарзандони баъзе аз шахсиятҳои қурбонии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз таҳқиқи парвандаи кушта шудани волидони худ қаноатманд нестанд. Вале бархеи дигар бо ин фоҷеаву ғами худ канор омада, дигар намехоҳанд саҳифаи гузаштаи зиндагиашонро варақ бизананд. Ҳуқуқдонҳо ин қатлҳоро сиёсӣ унвон карда мегӯянд, ки аз даҳҳо парвандаи қатли чеҳраҳои саршинос, танҳо ду ё се парванда ба додгоҳ ирсол ва ҳукми гунаҳкорон эълон шудааст.

Фикр мекунам, замони таҳқиқи дубораи ин кушторҳо фаро нарасидааст, зеро фармоишгарону иҷрокунандаҳо ошкор мешаванд ва сулҳи тоҷикон бо хатарҳои нав рӯбарӯ мешавад

Аз Шерализода то Афардӣ

Дар солҳои ҷанги дохилӣ ва баъд аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон даҳҳо чеҳраи саршиноси кишвар мавриди террор қарор гирифта буданд, ки миёни онҳо журналист Муродулло Шерализода, овозхон Кароматуллоҳи Қурбон, муовини нахуствазир Моёншо Назаршоев, додситони кулл Нурулло Ҳувайдуллоев, раҳбари Академияи илмҳо Муҳаммад Осимӣ, раиси Донишгоҳи тиббӣ Юсуф Исҳоқӣ, раҳбари клиникаи асабшиносӣ Минхоҷ Ғуломов, узви Комиссияи оштии миллӣ Отахон Латифӣ, раиси телевизиони давлатӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ, хабарнигори ОРТ Виктор Никулин, журналисти Би-би-сӣ Муҳиддин Олимпур, вазири фарҳанг Абдураҳим Раҳимов ва шахсиятҳои дигари шинохта буданд.

Юсуф Исҳоқӣ
Юсуф Исҳоқӣ

Пайвандони аксари онҳо мегӯянд, ки дарк мекунанд, террори падарони саршиносу обрӯманди онҳо дар солҳои мудҳишу бебандубор эҳтимол тасодуфӣ набуд. Фаррух Исҳоқӣ, писари Юсуф Исҳоқӣ, раиси пешини Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки рӯзи 6-уми майи соли 1996 якҷоя бо муовинаш Минҳоҷ Ғуломов, профессори маъруфи асабшиноси тоҷик, мавриди террор қарор гирифта буд, гуфт, бо гузашти 21 сол аз он фоҷиа барои ин хонавода хулосаҳои расмии тафтиши қатл маълум нашуд.

Писари Исҳоқӣ: Ба мо расман нагуфтаанд, ки падарамро кӣ куштааст

Фаррух рӯзи 27-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “танҳо баъд аз чанд моҳ тавассути як шинос дар Вазорати корҳои дохилӣ, ки генерал буд ва аз нашрияҳо огаҳӣ ёфтам, ки гӯё ин ҷиноятро размандаҳои гурӯҳи Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба “Раҳмон Гитлер” анҷом додаанд. Гӯё ин гурӯҳ қатли Муҳаммад Осимиро низ анҷом дода, ҳадафашон террори донишмандони саршинос будааст. Аммо расман касе дар ин бора ба ман иттилоъ надод ва ба ин далел қонеъ нестам. Бо гузашти ин қадар сол дарди кушта шудани падарам маро азият медиҳад ва ҳатто намедонам, ки қотилони падарам мушахассан киҳо буданд? Оё онҳо зиндаанд, ё мурда?”

Баъд аз қатлҳои бераҳмона, бархе наздикону фарзандони ин рӯшанфикрон тарки Тоҷикистон карда, дар кишварҳои амн зиндагӣ ихтиёр карданд. Онҳое ҳам, ки дар кишвар ба сар мебаранд, имрӯз ба сахтӣ дар бораи захми амиқи он солҳо бардошта ҳарф мезананд ва ё аслан намехоҳанд, дигар рӯҳи азизонаш ноором шавад.

Муҳаммад Осимӣ
Муҳаммад Осимӣ

Писари Олимпур: Ҳеҷ ҳукм наметавонад дарди моро даво бахшад

Яке аз парвандаҳои анҷомшуда – куштори хабарнигори ОРТ Виктор Никулин ва журналисти Би-би-сӣ Муҳиддин Олимпур буд, ки, бино ба хулосаҳои додгоҳ дар соли 2003, бо амри фармондеҳ Нозим Юнусов анҷом шудааст. Замоне ки додгоҳ иҷрокунандаҳои ин кушторро ба мӯҳлати то 22 соли зиндон маҳкум кард, худи Юнусов ҳам дигар зинда набуд.

Бобо Олимпур, писари Муҳиддин Олимпур, рӯзи 27-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳатто баъди содир шудани ҳукми қотилони падар ҳам ин хонавода аз ҷараёни таҳқиқ пурра қонеъ набуд. Ӯ гуфт, “дар мурофиа ширкат карда будем ва се нафар аз 10 то ба 15 сол ба зиндон маҳкум шуданд. Албатта, мо чандон аз ин ҳукм қаноатманд набудем, зеро онҳо аллакай падари моро кушта буданд ва ҳеҷ ҳукме наметавонад дарди фавти падарамро даво бахшад. Дар бораи сарнавишти минбаъдаи қотилони маҳкумшуда ҳеҷ иттилоъ надорам.”

Коршиносон: Қатлҳо ангезаи сиёсӣ доштанд

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, бечуну чаро ин ҳама қатлу кушторҳо сиёсӣ буд ва инки афроди зоҳиран дур аз ҷангу ҷидол мавриди ҳадафи афроди силоҳбадаст қарор гирифтанд, ба хотири бештар тарс додани ҷомеа карда мешуд. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чеҳраҳои интихобшуда аз назари эҳтиром ва нуфуз дар ҷомеа таъсиргузор буданд.

“Мақомоти вақт ба далели гурӯҳбозии минтақавӣ, сиёсӣ ва ақидавӣ натавонистанд, ки парвандаи ин кушторҳоро ба таври зарурӣ ва тибқи талаботи қонунгузорӣ таҳқиқ кунанд. Омилҳои хориҷии чунин амр низ вуҷуд дошт. Ҷомеаи тоҷик то ҳол паёмадҳои манфии чунин қатлҳоро сахт эҳсос мекунад. Зеро дар ҷомеаи феълии тоҷик набудани ин шахсиятҳо эҳсосшаванда аст. Фикр мекунам, замони таҳқиқи дубораи ин кушторҳо фаро нарасидааст, зеро фармоишгарону иҷрокунандаҳо ошкор мешаванд ва сулҳи тоҷикон бо хатарҳои нав рӯбарӯ мешавад”, - гуфт ӯ.

Чаро фарҳангиёну донишмандон ҳадаф буданд?

Мухтор Боқизода
Мухтор Боқизода

Яке аз журналистоне, ки ба таҳқиқи ҳодисаҳои куштори пурсарусадо машғул шудааст, Мухтор Боқизода аст. Ин журналист раҳбари Сандуқи гиромидошти хабарнигорони тоҷик аст ва мегӯяд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 70 хабарнигори тоҷик кушта шудаанд, аммо танҳо парвандаи ду ё се нафари онҳо таҳқиқ шуда, омилон ҷазо гирифтаанд. Бештари ин қатлҳо таҳқиқ нашуда мондаанд. Ба эътиқоди вай, чунин вазъ сабаби аз байн рафтани эътимод нисбат ба ҳукумат миёни ҷомеа мешавад.

Боқизода дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “он солҳо ин қатлҳоро ҳар ду ҷониби даргир анҷом медоданд. Зеро, аз фарҳангиён хавф доштанд ва бар ин назар буданд, ки маҳз фарҳангиён аз мақсади онҳо барои расидан ба сари қудрат, монеъ мешаванд. Дар миёни мардуми оддӣ чунин тасаввуре вуҷуд дошт, ки фарҳангиёне назири Осимиву Исҳоқӣ ва Минхоҷ Ғуломов саркардаҳои ҷониби мухолиф ҳастанд ва намегузоранд, ки гурӯҳи дигаре сари қудрат бирасад. Ин як назари иштибоҳӣ буд, зеро фарҳангиён дар амал ҳеҷ фишанге барои мудохила надоштанд. Яъне, ин донишмандон қурбонии талошҳои ҷонибҳои даргир ба сари курсӣ шуданд.”

Бегонаҳо ҳам манфиатдор буданд, ки мағзҳои рӯшан ва чеҳраҳои шӯҳратманди ин қавм аз байн бурда шаванд ва хорию забунии он амиқтару намоёнтар гардад.

“Қатли ҳар кадоме аз онҳо мисли таркиши бомба буд”

Муҳаққиқони дигар мегӯянд, ки имрӯз ҳам дер нашудааст ва ҳукумат метавонад, таҳқиқи мунсифонаи ин кушторҳоро аз сари нав ба роҳ монад, то ҷомеа ва пеш аз ҳама фарзандону наздикони қурбониён ҳақиқати он рӯйдодҳоро бифаҳманд ва адолати додгоҳӣ ҳам пирӯз шавад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Салими Аюбзод мегӯяд, куштори чеҳраҳои саршиноси кишвар дар ҳар яке аз давраҳои ҷудогона сабабҳои хоси худро дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии ин қатлҳо, “агар талоши холӣ кардани курсии онҳо, қатъи дахолаташон ба умур ё хусуматҳои шахсиро ба ҳисоб нагирем, ҳамон ваҳшатафканӣ ва ноором кардани вазъ буд. Ба камияш таъсири ин қатлҳо ҳамин буд, ки мардум ба суботу амният бовар

Салими Аюбзод
Салими Аюбзод

накунанд, хашму адовати онҳо нисбат ба тарафи айбдоршаванда, ҳоло дақиқ нест, дар асл он тараф гунаҳкор буд ё на, боло хезад. Бегонаҳо ҳам манфиатдор буданд, ки мағзҳои рӯшан ва чеҳраҳои шӯҳратманди ин қавм аз байн бурда шаванд ва хорию забунии он амиқтару намоёнтар гардад. Дар ҳар сурат, қатли ҳар яке аз онҳо монанди таркиши як бомба дар рӯзи равшан буд, ки ба солҳои наздик таъсираш зудуда нахоҳад гашт”.

Беш аз 100 ҳазор қурбонии ҷанги панҷсола

Қатли рӯшанфикрону мутахассисони кори худ – хабарнигорону табибон, пажӯҳишгарону ҳунармандон, муфаттишону сиёсатмадорон на танҳо зарбае ба шахсияти онҳову наздикон, балки ба соҳаҳои кори онҳо шуд, ки дар арсаҳои худ устоду нерӯи пешбаранда буданд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тақрибан хонаводае намонд, ки аз оташи ин бебандубориҳову хушунат эмин монда бошад. Дар давоми панҷ соли ҷанг беш аз 100 ҳазор сокини Тоҷикистон ҷони худро аз даст дода, беш аз 1 миллион нафар маҳалли зисти худро тарк карданд. Ҷомеашиносон мегӯянд, ки барои барқарор кардани ин ҳама ҷубронҳои инсонӣ ва фикрӣ барои Тоҷикистон даҳсолаҳои зиёди дигар зарур мешавад, ки танҳо дар шароити сулҳу субот ба даст меояд.

XS
SM
MD
LG