Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон то соли 2018 комилан дигар карда мешавад. Содиқ Шоҳназаров, мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 3 феврал зимни нишасти хабарии Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар кодекси нав бештар сари гуманизатсия кор шуда ва эҳтимолан ҷазоҳо сабуктар шаванд.
Ҷаноби Шоҳназаров афзуд, ки дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи корӣ бо раҳбарии Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвари раиси ҷумҳур ва намояндаи комилҳуқуқи президент дар порлумони Тоҷикистон, зарурати тағйирот ба Кодекси ҷиноятиро меомӯзанд. Ба гуфтаи вай, ҳадаф таҳияи як кодекси башардӯстона мебошад. Мушовири ҳуқуқии президент ҳамзамон гуфт, ки ҳоло зарурати ҷорӣ кардани ҳукми қатл ҳатто нисбат ба терористон дар назар нест.
Мақомот қаблан низ гуфта буданд, ки ҳукумат барои гуманизатсия ва худ башардӯстона намудани “Кодекси ҷиноӣ”-и кишвар комиссияи кории даҳнафара аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи раёсати ҷумҳур, Додситонии кулл, Додгоҳи олӣ, Маҷлиси намояндагон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис додааст.
Ба гуфтаи мақомот, ин комисия бо машварати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ба ҳадафи мутобиқ намудани қонунҳои кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ, таъсис шудааст. Дар ҳайати ин гурӯҳи корӣ ба иловаи мақомоти расмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вакилони дифоъ низ шомил мебошанд.
Омори ҷангиён эълон нахоҳад шуд
Ҳотам Назарзода, муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки аз ин ба баъд омори ширкати шаҳрвандони кишвар дар низоъҳои Ховари Миёнаро эълон нахоҳанд кард. Аммо Ҳотам Назарзода афзуд, ки ҷалби ҷангиёни тоҷик ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ, то панҷ маротиба кам шудааст.
Чанд рӯз қабл Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ зимни нишасти хабарӣ аз коҳиши шомилшавии ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрав, хабар дода буд. Ӯ гуфт, ки соли 2015 88 нафар ва соли гузашта 22 нафар аз Сурия ба Тоҷикистон баргаштанд. Мақомоти тоҷик кам шудани теъдоди пайравони тоҷики гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро аксаран ба маъракаҳои густардаи зидди ДИИШ, ҳам аз тариқи радиову телевизион ва ҳам бо роҳи ташкили ҷаласаҳо дар маҳалҳо марбут мекунанд.
Мақомоти тоҷик то ба ҳол шумораи шаҳрвандони кишварро, ки ба сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста ва дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд, ҳудуди 1500 тахмин мезаданд. Аммо худи ҷангиёни тоҷик борҳо дар наворҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, сафи худро бештар аз ҳисобҳои мақомот донистанд
Ҳотам Назарзода ҳамзамон гуфт, ки 26 парванда дар робита ба ворид шудани маблағҳои шубҳанок боз шудааст. Ба гуфтаи вай, як ҳолати ворид шудани маблағ барои амали террористи низ сабт шудааст.
ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД