Як сокини Ваҳдат мегӯяд, ки мақомот 13 сол боз хабари зинда ё мурда будани писарашро ба ӯ намедиҳанд. Сафармоҳ Назирова рӯзи 8 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш Амриддин Ғаффоров соли 2000 ба ҷурми ғорату куштори ду зан ҳукми қатл гирифта, то 2003 дар боздоштгоҳ буд, аммо баъдан гум шуд ва то ҳол маълум нест, ки ҳукмаш ба иҷро даромадааст, ё не.
Як зан гуфт, ки ба Қӯрғонтеппа равам ва ӯ метавонад вохӯрии маро бо писарам ташкил кунад. Ғизову либос гирифта рафтам, вале зан як мактуб дод, ки писарам дар он гӯё шикоят кардааст, чанд сол ӯро суроғ накардем.
"То кунун маълумотнома дар бораи иҷро шудани ҳукмро нисбат ба Амриддин, ба даст нагирифтаем. Ба муроҷиатҳои мо ниҳодҳои масъул фақат гуфтанд, ки дигар писарамро наҷӯем", - афзуд ӯ. Сафармоҳ Назирова мегӯяд, баъди маҳкум шуданаш ба қатл писари ӯ се сол дар боздоштгоҳи муваққатӣ буд ва ӯ барояш ғизову либос мебурд.
"Баҳори соли 2003, вақте барои дидори навбатӣ бо писарам ба ин муассиса рафтам, гуфтанд, ки чунин нафар дар онҷо нест. Нагуфтанд, ки куҷо шуд. Рӯзи боронӣ буд ва то шаб он ҷо нишастаму гиря кардам", – мегӯяд Сафармоҳ Назирова.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Соле, ки писари Сафармоҳ Назироваро ба қатл маҳкум карданд, Тоҷикистон барои манъи иҷрои ҳукми қатл ё иваз кардани он ба 25 соли зиндон омодагӣ мегирифт. Хабарҳо дар ин бора модарро умедвор карда буд, ки писари ӯ ҳам зинда хоҳад монд. Худи Амриддин, ҷавони маҳкум, дар вохӯриҳо ҳамеша аз модар илтиҷо мекардааст, то зудтар коре кунад, ки бегуноҳ будани ӯ исбот шавад ё ҳадди ақалл ҷазояшро сабук кунанд.
“Ӯро дӯстонаш фиреб доданд, туҳмат карданд. Худаш ҳам ба президент нома навишт. Дар мурофиа ҳам гиря карда гуфт, ки нисбаташ ҷазои вазнин таъин шуд”, - мегӯяд Сафармоҳ Назирова.
Соли 2004 ва як сол баъди ба гуфтаи Сафармоҳ Назирова гум шудани писараш аз зиндон, Тоҷикистон ба иҷрои ҳукми қатл моратория эълон кард ва баъдан ин ҳукм ба 25 соли зиндон иваз шуд. Як масъули Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, то замони эълони моратория ба ҳукми қатл тартиб ин буд, ки пас аз иҷрои ҳукм ба таври хаттӣ ба волидони маҳкумшуда хабар мерасонданд. Ба гуфтаи ин масъул, агар нисбат ба Амриддин Ғаффоров ҳукми қатл иҷро шуда бошад, пас, ҳатман ба модараш низ мактуб фиристода шудааст.
Мақомот ба волидони Амриддин машварат доданд, ки ба таври хаттӣ муроҷиат кунанд ва онҳо бо бозбинии парвандаҳои он замон барояшон посухи дақиқ хоҳанд дод. Ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфӣ ҳам мегӯяд, тибқи қонун баъди иҷрои ҳукми эъдом, мақомот бо ирсоли як маълумотнома ба хонаводаи маҳкум бояд онҳоро аз кушта шудани ӯ ва санаи иҷрои ҳукм хабардор кунанд. Вале, ба гуфтаи Юсуфӣ, “маъмулан вақте як нафар ҳукм мегирифт, дигар хонавода умедро меканданд, чун дар таҷриба ҳукмҳо иҷро мешуд.”
Ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфӣ гуфт, омодааст, барои муроҷиати Сафармоҳ Назирова ба мақомот ва дарёфти хабар аз сарнавишти писараш, ёрӣ кунад.
Ин модар, ки 13 сол боз дар ҳаққи фарзанд месӯзад, гуфт, то имрӯз ба танҳоӣ дар ҷустуҷӯи писараш буд. “Чанд соли пеш як зан гуфт, ки ба Қӯрғонтеппа равам ва ӯ метавонад вохӯрии маро бо писарам ташкил кунад. Ғизову либос гирифта рафтам, аммо зан бароям як мактуб дод, ки писарам дар он гӯё шикоят кардааст, ки мо чанд сол ӯро суроғ накардем. Аммо маро фиреб доданд, ҳусни хатти писарам набуд”, - нақл кард ӯ.
Бехабарӣ аз сарнавишти писар ва умеде дар кунҷи дил, сабаб шуда, ки Сафармоҳ намехоҳад барои писараш нони худоӣ бидиҳад. Ҳоло фақат мехоҳад, билохира ба ӯ бигӯянд, ки Амриддинро интизор шавад ё дигар хотирашро ҷамъ кунад.