"Пайрави пешво" - пешниҳод ба ҷойи комсомол

Эмомалӣ Раҳмон дар байни гурӯҳе аз муҳассилони мактабҳои миёна дар Кӯлоб дар моҳи октябри соли 2016

Омӯзгорони бархе аз муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод кардаанд, ки созмони мактабиеро бо номи "Пайрави пешво" таъсис диҳанд ва талабаҳои синфҳои болоиро ба он аъзо кунанд.

“Пайрави пешво” - як сохтори монанд ба «комсомол»-и замони шӯравӣ мешавад, ки ба гуфтаи муаллифонаш халои идеоложиро дар байни наврасон пур хоҳад кард.

“Комсомол”, “Сомониёни ҷавон” то “Пайрави пешво”

Мақомоти Вазорати маориф мегӯянд, ин пешниҳодро омӯзгорон шифоҳӣ ва хаттӣ пешниҳод карданд, вале он ҳанӯз дар сатҳи расмӣ баррасӣ нашудааст. Самариддин Афғонов, як намояндаи вазорат 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол ин идея то соли нави таҳсил баррасӣ шавад.

“Бояд ҷузъиёти он мушаххас шавад. Идеяи ҷолиб аст ва сари он фикр мешавад”- гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ. Ҳоло синфҳои 9 то 11-и мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон узви созмони мактабии “Сомониёни ҷавон” ҳастанд, ки чанд сол пеш таъсис шуд ва онро бахше аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои сохтани ҳуввияти миллӣ медонанд.

Асозода: Ҷонибдори матини “Пайрави пешво” ҳастам

Мӯсо Асозода

Мӯсо Асозода, мудири мактаби рақами 88 -и Душанбе ва яке аз ҷонибдорони таъсиси созмони “Пайрави пешво” рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ тарафдори “матини” ин идея аст, ки муттаҳидиро ташвиқ мекунад: “Пайравӣ аз Пешвои миллат маънои иҷрои қарзи ватандӯстӣ, ободкорӣ, сулҳхоҳиро дорад. Мо раҳбари кишварамонро якбора пешво интихоб накардем. Мо тамоми хизматҳои ӯро дар давоми раҳбариаш ба назар гирифтем, ӯро лоиқи ин мақому унвон донистем. Дар доираи ин созмон мо хонандаҳоро ба ҳаёти оянда омода карда метавонем.”

Пешниҳоди таъсиси созмони мактабии “Пайрави пешво” дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳоло Кумитаи кор бо ҷавонон маъракаи бузургеро бо номи “Мо ҷавонон-пайрави пешвои миллат”-ро роҳандозӣ кардааст. Дар чаҳорчӯби ин маърака гурӯҳе аз ҷавонони фаъол ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда, миёни ҳамсолони худ “сулҳу ваҳдат” ва бахусус хидматҳои раиси ҷумҳурро ташвиқ мекунанд.

Пайравӣ аз Шӯравӣ ё сохтани идеологияи миллӣ?

Саъдӣ Намозов, коршиноси ҷавони тоҷик мегӯяд, талошҳо барои таъсиси созмони “Пайрави пешво” ва баргузории маъракаҳои сартосарӣ бо номи “Ҷавонон пайрави пешвои миллат” пурқувват кардани идеологияи “раҳбари қавӣ” аст, ки мардум дар гирди ӯ муттаҳид шаванд. Ӯ бо ишора ба қабули Қонун дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, ки соли 2016 қабул шуд, гуфт.

Дар ин синну сол ҷой кардани ҳар гуна идеология осонтар аст.

“Пас аз қабули ин қонун мушаххас шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамеша бояд шахси аввали Тоҷикистон бошад. Пешниҳодҳо дар атрофи Пешвои миллат ташвиқ ва мустаҳкам кардани ҳамин идеология ҳаст. То мактаб бурдани идеология айни корест, ки шӯравӣ аз зинаҳои поёнии мактаб дар рӯҳияи идеологӣ ва сиёсии ба худаш мувофиқ тарбият мекард. Дар ин синну сол ҷой кардани ҳар гуна идеология осонтар аст.”

Ба қавли Саъдӣ Намозов, ҳадаф аз ин идея зоҳиран дар дили кӯдакон ҷой додани “муҳаббат ба раҳбари кишвар аст.”

“Насли кӯҳан, ки хатари ҷанги шаҳрвандиро дидааст, мушкилоти ҷомеаро таҳаммул мекунад ва эътироз нишон намедиҳад. Аммо насли нав агар дар рӯҳияи идеологияи мувофиқ ба талаби тарбият нашавад, беадолатӣ ва ё поймолшавии ҳуқуқашро таҳаммул намекунад ва имкон дорад даст ба эътирозҳои барои ҳукумат хатарнок бизанад. Аз ҳамин лиҳоз, тарбияи онҳо дар рӯҳияи сиёсате, ки ҳукумат мехоҳад, барои ҳукумат аҳмияти муҳим дорад,-гуфт ӯ.

Раҳмон ҳангоми боздид дар як ятимхонаи Суғд

Ба назари мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, чунин пешниҳод, яке дигар аз аломатҳои кеши шахспарастӣ аст, ки солҳо боз идома дорад. Дар кишвар аввал ба раиси ҷумҳур фақат ҷаноби олӣ мегуфтанд, ки ҳоло ба "Пешвои миллат" табдил шудааст. Пешвозҳои пурдабдабаву шеърхониҳои кӯдакон дар васфи президент, кишти гулу гулзор дар роҳи боздиди ӯ, ситоиши раиси ҷумҳур дар саҳна ва гузоштани аксҳояш, ҳоло ба як расми оддӣ табдил шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки бештар аз 20 сол президенти Тоҷикистон аст, соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон кардааст ва аксари иқдому пешниҳодҳое, ки сурат мегирад, ба зиндагӣ ва кори ҷавонон марбут аст.