Дар замони дар қайди ҳаёт будани Пешвои миллат гузоштани муҷассама ё ҳайкали ӯ иҷозат дода намешавад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти феълии Тоҷикистон, ки то як соли пеш “Ҷаноби олӣ” хитоб мешуд, ҳоло унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро ба худ ихтисос додааст.
Ин сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки соли 2014 Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бунёди мусаввирон (Худфонд) тарҳи бюст (ҳайкалча)-и Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишварро омода карда буданд.
Рӯзи 15 ноябр “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, матни пурраи қонуни “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, ки декабри соли 2015 қабул шуда ва моҳи октябри имсол ислоҳ дид, ба чоп расонд. Бар асоси моддаи 13-и ин қонун, дар замони зиндагӣ барои Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Тоҷикистон бунёди осорхонаҳо иҷозат дода шудааст, аммо муҷассамаи ӯ танҳо пас аз фавташ сохта хоҳад шуд. Ба ин тартиб, бо чопи ин қонун дар рӯзномаи расмии давлатӣ он мавриди амал қарор гирифт.
Қонуни "Пешвои миллат" моҳи октябр ислоҳ шуд:
То имрӯз қонуни баҳсбарангези "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" раҳбарии якумрии Эмомалӣ Раҳмон ва дахлнопазирии ҳуқуқиву мулкии ӯро фароҳам меовард. Ин қонун, инчунин, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро муқаррар мекунад. Мунтақидон эҷоди ин қонунро соле пеш "қадами ҷиддӣ ба самти яккаҳукуматӣ" арзёбӣ карданд.
Абдуҳалим Ғаффоров, вакили порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, ин қонун хости сокинони кишвар аст ва “мардум қадру қимати ин мардро ҳоло дар зиндагӣ ва дар ҳузураш медонанд. Ҳамин кофӣ аст.”
Ин сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки соли 2014 Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бунёди мусаввирон (Худфонд) тарҳи бюст (ҳайкалча)-и Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишварро омода карда буданд. Онҳо он замон гуфтанд, дар сурати ризояти ҳукумат онро бо теъдоди зиёд нашр хоҳанд кард. Ҳатто як нусхаи нимпайкараи сохтаашонро ба намоиш низ гузошта буданд, вале баъдан дар ин маврид ҳеҷ сӯҳбат нашуд ва ташаббускорони сохтани бюсти Эмомалӣ Раҳмон низ аз сӯҳбат бо матбуот худдорӣ карданд.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд дар ин банди қонун фаҳмиш ё худ менталилети мардуми мо ба назар гирифта шудааст, ки фикр мекунанд, танҳо ба як нафари фавтида бояд муҷассама гузоранд. Дар ҳамин ҳол, Ҳафиз Бобоёров, коршиноси тоҷик мегӯяд, “чун ҳайкалгузорӣ расму оини абадӣ гардондани як шахс ва ё образ аст. Чунин расм дар аксарияти мардуми ҷаҳон дар ҳар шакле вуҷуд дорад. Баъзе мардуме ҳастанд, ки барои марҷаи парастиш ва тақлиди худ дар зиндагияш бут месозанд ва ин бут дар шакли ҳайкал, сурат (портрет) ва ё ном аст. Мо инро дар мисоли ҳайкали Туркманбошӣ шоҳид гардида будем.”
Аммо баъзе аз мухолифон гуфтанд, ҳукумат ба эҳтимоли зиёд талош кардааст, бо ин банди қонун худро то ҳадде демократӣ ва муқобили шахспарастӣ нишон диҳад. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон, гуфт, "президенту мушовиронаш эҳсос кардаанд, ки портрет ва намоиши симои ӯ дар телевизионҳо барои одами зинда аз ҳар гуна муҷассама бартарӣ дорад. Муҷассама ҳама вақт ифодакунандаи даври гузашта буд ва мемонад."
Замони Шӯравӣ сохтани муҷассама ба афроди зинда ва раҳбарони фавтидаи ин Иттиҳод бештар ба назар мерасид. Бар асоси қонунҳои Шӯравӣ ҳар нафаре, ки ду дафъа унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистиро дарёфт мекард, барояш муҷассама мегузоштанд. Дар Тоҷикистон дар замони зинда буданашон ба ду шахсият - Абудғаффор Самадов ва Саидхоҷа Урунхоҷаев, раҳбарони хоҷагиҳои маъруфи замони Шӯравӣ, ки унвони Қаҳрамони меҳнат дарёфт карда буданд, муҷассама ё худ бюст гузошта шудааст.
Дар хиёбонҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва идораҳои кории раҳбарон аксҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон бо зернавиштҳое аз суханрониҳои ӯ насб шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 64 сол дорад, 19 ноябри соли 1992 дар 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – порлумони вақти Тоҷикистон раиси ин Шӯро ва табъан раҳбари аввали кишвар интихоб шуд. Вай, ҳамин тавр, дар интихоботи президентии соли 1994 бо пирӯзӣ бар рақибаш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми раиси ҷумҳур расид.
Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ширкат боз дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд.
Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ дар кишвар, эҳёи иқтисоди дар солҳои ҷанг фалаҷшудаи Тоҷикистон ва авҷи сохтмонҳо дар солҳои охир, бахусус бунёди нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон ва тармими шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Кулма - Қароқурум, ки Тоҷикистонро ба Чин пайваст, бунёди нақбҳои Чормағзаку Шаршар ва бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Ҷиргатолро аз комёбиҳои умдаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар 24 соли раҳбариаш мешуморанд.
Аммо мунтақидон мегӯянд, тамаркузи қудрат дар ихтиёри як шахс, ки қонуни нав инро фароҳам меорад, хилоф бо меъёрҳои Конститутсия аст. Қонуни мазкур инчунин ба аъзои хонаводаи президент дахлнопазирии ҳуқуқиву молӣ медиҳад.
Мунтақидон мегӯянд, дар 24 соли раҳбарии Раҳмон бархе масоили калидии мисли таъмини мардум бо ҷои кор, дастрасии доимӣ ба газу барқ, коҳиши шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ғайра ҳалли худро пайдо накард. Аз саҳнаи сиёсӣ берун шудани нирӯҳои мухолифин, аз ҷумла ҲНИТ, ки як бахши Созишномаи сулҳи соли 1997 буд, боиси танг шудани мавқеи плюрализми сиёсӣ ва матбуоти интиқодӣ шудааст, ки, ба бовари нозирон, пеш аз ҳама бар зарари рушди сиёсии кишвар аст.