Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навиштану гуфтани “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” ҳатмӣ шудааст


Pаиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Pаиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба хабарнигорони расонаҳои давлатии Тоҷикистон супориш шудааст, ки минбаъд дар муаррифии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ибораи “Пешвои миллат” ҳатман унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдат”-ро ҳам таъкид кунанд. Қаблан дар аксар расонаҳои давлатӣ мақоми Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли кӯтоҳ “Пешвои миллат” менавиштанд. Ҳоло хабарнигорон мегӯянд, аз онҳо талаб шудааст, ба таври ҳатмӣ “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” низ гуфта ва навишта шавад.

Моҳи октябри соли 2016 парлумони Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат”-ро дод, ки баъди канор рафтан аз раёсати ҷумҳурӣ низ шахси аввал дар сиёсати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

“Ҷаноби олӣ” дувумдараҷа шуд

Як хабарнигори расонаи давлатӣ рӯзи 22 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар аксар маврид ба хотири кӯтоҳбаёнӣ зимни овардани исми Эмомалӣ Раҳмон “Ҷаноби олӣ” ва “Пешвои миллат” менавишт, аммо ҳафтаи гузашта ба ӯ ва дигар ҳамкоронаш аз ҷониби муҳаррирон таъкид шудааст, ки ба таври ҳатмӣ “мӯҳтарам, Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои Миллат” бинависанд. “Ҳоло инро як меъёр карданд. Ҳарчанд, пештар ҳам мегуфтем, вале ба хотири каме кӯтоҳтар шудани гап “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ”-ро ҳазф менамудему танҳо “Пешвои миллат” мегуфтем”, - афзуд ӯ.

Тимсоли китоби президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор ки як тонна вазн дорад
Тимсоли китоби президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор ки як тонна вазн дорад

Ин хабарнигор гуфт, то қабули қонун дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” дар муаррифии Эмомалӣ Раҳмон, “мӯҳтарам, Ҷаноби Олӣ” зикр мешуд, вале ҳоло ибораи “Ҷаноби олӣ” дувумдараҷа шудааст. Дар хабарҳои расмӣ ҳам дида мешавад, ки дигар ибораи “Ҷаноби олӣ” мисли ду соли пеш серистифода нест, ҳарчанд, вожаи “мӯҳтарам” ҳамчунон мавриди истифода қарор дорад.

“Мӯҳтарам” аз аввалин калимаест, ки аз ибтидои раёсати Эмомалӣ Раҳмон онро зимни муроҷиат ё муаррифии он истифода мекарданд. Дар сомонаи расмии президенти Тоҷикистон низ аз соли 2016 ба ин тараф ибораи “Ҷаноби олӣ” зимни муаррифии президент истифода нашудааст. Он танҳо дар барқияҳои шодбошӣ ба унвони дигар президентҳо истифода гардидааст.

Мусоҳиб метавонад, “Сарвари давлат” гӯяд...

Фаррух Зиёев
Фаррух Зиёев

Фаррух Зиёев, директори Радиои Тоҷикистон, рӯзи 21 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зикри ҳатмии унвони Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” дар хабарҳои расмӣ талаботи қонун аст ва хабарнигорон бояд онро риоя кунанд.

Ӯ гуфт, “вақте хабари расмӣ ҳаст, ҳатман бояд ҳамин гуна истифода шавад. Дувум, ин талаботи қонун аст. Вале баъзан мешавад, ки ҳангоми мусоҳиба ҳамсуҳбатон ва гоҳе хабарнигорон “Сарвари давлат” ё “Пешвои миллат”-ро ҳамчун синоним истифода кунанд. Дар хабарҳои расмӣ ҳатман ба таври пурра бояд зикр шавад, чӣ тавре ки дар қонун гуфта шудааст. Аз хабарнигорон риояи талаботи қонун талаб мешавад, на чизе бештар аз ин.”

“Нанавиштани унвонҳои президент ҷавобгарӣ надорад”

Истифодаи ҳатмӣ ва пурраи унвони Эмомалӣ Раҳмон дар хабаргузориҳои давлатӣ дар ҳолест, ки пас аз қабули қонуни мушаххас дар ин робита барои таҳқири Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешниҳод шуд. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик, рӯзи 22 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар қонунгузориҳои Тоҷикистон барои нанавиштан ва ё кӯтоҳ кардани унвону мақомҳои президент дар сурати ҳамчун таҳқир садо надодан ҳеҷ ҷавобгарӣ пешбинӣ нашудааст.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Вай гуфт, “ҳоло зиёда аз як дақиқа ҳангоми муаррифии президент унвону мақомҳои ӯро дар хабарҳо зикр мекунанд, ки пас аз шунидани онҳо хабар зери соя мемонад. Аслан, дар ягон қонун, ки фаъолияти расонаҳоро танзим мекунад, ҳеҷ ҷавобгарие барои истифода набурдани унвону мақомҳои президент пешбинӣ нашудааст. Ин аз нигоҳи арзишҳои демократӣ мантиқан дуруст аст, вале баъзан, дастандаркорон ба хотири нишон додани садоқатмандӣ ин мақому унвонҳоро дар гуфторҳои худ истифода мекунанд. Аз лиҳози мантиқ бигирем, дар ҳар хабар истифодаи унвонҳои президент ҳеҷ зарурат надорад.”

“Шоҳ”...

Баъзе аз сокинон зимни муроҷиат ва ё зикри номи Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо мардум чандин унвону ибораҳои эҳтиромиро истифода мекунанд. Онҳо зимни вохӯриҳо раиси ҷумҳурро баъзан “шоҳ”-у “подшоҳ”, “султон” ва “сарвар” ном мебаранд. Ҷонибдоронаш истифодаи чунин ибораҳоро эҳтиром ба шахсияти президент унвон мекунанд, вале мухолифинаш инро як навъ шахспарастӣ ва хилофи меърёҳои демократия медонанд.

Дар ин миён “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ягона мақом ва уновни Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар қонуни вижа дарҷ шудааст.

...Элбасӣ, Арқадаг

Тоҷикистон дар парастиши шахси раҳбари аввал дар минтақа танҳо нест ва зоҳиран ин як падидаи умумӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қирғизистон, аст. Барои мисол, дар Қазоқистон ба раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев расман унвони “Элбасӣ”, яъне “пешвои миллат”-ро додаанд, ки ба ӯ имтиёзҳои фаровоне ато мекунад. Дар онҷо алакай осорхонаи Назарбоеву Донишгоҳи Назарбоев ва китобхонаи ба номи ӯро таъсис додаанд ва дар борааш даҳҳо филму китоб таҳия кардаанд. Ахиран пешниҳод шуд, ки номи шаҳри Остона – пойтахти Қазоқистон низ ба исмаш гузошта шавад.

Нурсултон Назарбоев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Нурсултон Назарбоев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон Ислом Каримовро аксари мансабдорон “отамиз”, яъне “падари мо” ном мебурданд. Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии Узбакистон ҳанӯз унвони хосеро ба худ ихтисос надодааст.

Дар Туркманистон раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов унвони “Арқадаг” ё ҳомии туркманҳоро соҳиб аст.

XS
SM
MD
LG