Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арҷгузорӣ ё шахспарастӣ? ВИДЕО


Баъди ба тақвими сиёсии Тоҷикистон ворид шудани санаи нави баҳсбарангез бо номи "Рӯзи президент", мақомоти Хатлон аз 14 то 16 ноябрро ҳамчун рӯзҳои боздид аз муассисаҳои таълимие таъин кардаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар онҷо дарс хондааст. Мақомот мегӯянд, омӯзиши корномаи муваффақияти як шахси оддӣ барои насли ҷавон аҳамияти тарбиявӣ дорад, вале мунтақидон бовар доранд, ин барномаҳо бахше аз маъракаи шахспарастӣ дар кишвар аст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

"Рӯзи президент" - арҷгузорӣ ё шахспарастӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Пас аз ворид шудани тағйирот ба қонуни идҳои расмии Тоҷикистон, рӯзи 16 ноябр барои нахустин бор ҳамчун Рӯзи президент таҷлил мешавад. Мақомот гуфтанд, ид хусусияти арҷгузорӣ ба заҳматҳои ҳама президентҳои Тоҷикистонро дорад ва марбути танҳо Эмомалӣ Раҳмон нест. Вале аз онки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 ноябри соли 1992 нахуст ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва баъди ин ҳамчун президенти Тоҷикистон фаъолият карда, дар давоми 24 соли охир раёсати ҷумҳуриро бар ӯҳда дорад, "Рӯзи президент"-ро аксарият ҳамчун иди президенти амалкунанда арзёбӣ мекунанд.

Дар амри омодагӣ ба ин ҷашн, мақомот дар вилояти Хатлон ду муассисаи таълимиеро, ки президент Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҳайси шогирди мактаб ва баъдан – донишҷӯ хатм кардааст, ба маҳалли тамошову омӯзиш ё экскурсия табдил доданд. Мактаби рақами 7 дар ноҳияи Данғара ва литсейи саноати касбии шаҳри Сарбанд – ду муассисаи аввалини донишомӯзии Эмомалӣ Раҳмон шудааст.

Мақомот мегӯянд, омӯзиши корномаи муваффақияти як шахси оддӣ барои насли ҷавон аҳамияти тарбиявӣ дорад, вале мунтақидон бовар доранд, ки ин барномаҳо бахше аз маъракаи шахспарастӣ дар кишвар аст."

Хосият Миралиева, як масъули раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон, аз ташкили ин экскурсияҳо ҳимоят кард. Ӯ гуфт, дар баробари экскурсия, барномаҳои дигаре, назири озмуни расмкашии "Президент аз нигоҳи кӯдакон" низ дар чаҳорчӯби ин рӯзҳо баргузор мешавад. Масъулони литсейи саноатии шаҳри Сарбанд ҳам мегӯянд, президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассиса дар 17-солагиаш дар соли 1969 дохил шуда, ду сол таҳсил кардааст ва ҳоло дар ин муассиса осорхонае бо аксу лавҳаҳо ва китобу навиштаҳои президент таҳти унвони “Аз мазраи замин то Созмони Милали Муттаҳид” ташкил шудааст.

“Президент ин ҷо ҳунари челонгариро омӯхтааст, баъди хатми ин муассиса дар заводи равғанбарории шаҳри Қӯрғонтеппа кор кардааст. Баъди президент шудан ду дафъа ба ин муассиса омада, аввалин компютерҳоро дар минтақа маҳз ба муҳассилони ҳамин муассиса тақдим кардааст”, - гуфт ӯ. Мақомот дар вилояти Хатлон мегӯянд, ин ҳама маълумот барои мактабиёни маҳаллӣ, ки аксарият аз хонаводаҳои оддӣ ҳастанд, метавонад дарси хуби зиндагӣ шавад ва шояд нафаре аз байни онҳо ҳам фардо тавонад ба баландтарин қуллаҳо бирасад.

Абдуазими Абдуваҳҳоб
Абдуазими Абдуваҳҳоб

Аз нигоҳи мунтақидон ва нозирони бетараф, иди "Рӯзи президент" ва ташкили экскурсияи муассисаҳои таълимӣ - қадами дигаре ба самти кеши шахспарастӣ аст. Абдуазими Абдуваҳҳоб, як хабарнигори мустақил гуфт, "ин ҳама нишонаи тамаллуқи мақомот ва хароб кардани афкори насли наврас" аст. Вай гуфт, ин экскурсияҳо "базудӣ ба як амри маҷбурӣ» табдил мешаванд ва “тафаккури наврасонро қолабӣ ва шахшуда мегардонанд” ва аз хурдӣ парастидани як нафарро дар зеҳнҳояшон ҷой мекунад. Ин хабарнигор гуфт, чунин таҷриба дар кишварҳои аз назари сиёсӣ ноозод ва яккаҳукмрони Қазоқистон ва Беларус ҳам ҷо уфтодааст.

Як коршиноси дигар гуфт, ки айнан ба ҳамин шева дар даврони Шӯравӣ шогирдон зиндагиномаи доҳии пролетариат ва муассиси ҳукумати шӯравӣ – Владимир Ленинро меомӯхтанд. То имрӯз матбуоти мустақил анъанаи солҳои охир ҷоуфтодаи шеърхониҳои насли наврас ба пешвози президент Раҳмон, озмуни нави “Иншо дар бораи президенти Тоҷикистон” дар мактабу донишгоҳҳо, насби таблоҳои бузург бо аксҳои президент дар кӯчаву хиёбонҳои кишварро ҳамчун нишонаҳои шахспарастӣ интиқод кардаанд.

XS
SM
MD
LG