Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомдорони оянда давлатдориро аз "Мактаби Эмомалӣ Раҳмон" меомӯзанд


Масъулони Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон, Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ба пажӯҳиши, ба қавли онҳо, дарси нави "Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон" оғоз кардаанд. Қарор аст, то охири соли 2017 аз рӯи ин фан ба хизматчиёни давлатӣ ва дипломатҳои ҷавон дарс дода шавад. Ташаббуси нав як сол баъд аз қабули қонун дар бораи "Пешвои миллат" садо медиҳад. Мунтақидон мегӯянд, ки солҳои охир дар Тоҷикистон кеши шахспарастӣ афзуда ва дар ҳаёти сиёсии кишвар таъсиргузор шудааст.

"Чаро ба дигарон наомӯзонем?"

Чунин иқдом идомаи маддоҳӣ ва шахспарастии раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон дониста мешавад. Зеро бидуни ба назар гирифтани андешаи пажӯҳишгарони воқеӣ пешниҳодҳое мекунанд, ки аз назари илмӣ мантиқ надоранд.
Шокирҷон Ҳакимов

Ҳомидхон Нуриддинов, муовини ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди президент, рӯзи 8 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тарҳи омӯзиши ин фан аллакай таҳия ва ба Академияи илмҳо барои пажӯҳиш пешниҳод шудааст. Нуриддинов таҷрубаи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз соли 1992 то ба имрӯз аввал ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва баъдан ба ҳайси президенти Тоҷикистон амал мекунад, "як мактаби бузург" номид. Вай гуфт, "барои чӣ мо мактаби бузурги идоракунии пешвои миллатро барои хизматчиёни давлатӣ наомӯзонем? Ин мактаби бузурест, барои нафароне, ки ба соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, дипломатия ворид мегарданд."

Ҳомидхон Нуриддинов
Ҳомидхон Нуриддинов

Нуриддинов гуфт, ки давоми беш аз 20 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ӯ "ҳунари баланди дипломатия”-ро ба намоиш гузошт, ки омӯхтани он барои насли оянда "хеле муҳим аст". Ба саволи Радиои Озодӣ дар ин замина, ки пешниҳоди мазкур боиси боз ҳам афзудани фарҳанги шахспарастӣ дар зеҳни аъзои ҷомеа нахоҳад шуд? – Ҳомидхон Нуриддинов посухи рад дод ва гуфт, "раиси ҷумҳур бо тасмим ва амалҳои худ давоми ин солҳо ҳунари баланди раҳбариро ба намоиш гузошт."

Аз "Раҳмонобод" то пули 1000 сомонӣ

Дар солҳои охир пешниҳодҳои гуногуне аз забони сокинони оддӣ ва мақомодорон ба хотири барҷаста кардани нақши президент Раҳмон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ садо додааст. Охири соли гузашта раиси ширкати "Тоҷиксуғурта" дар ноҳияи Шаҳринав ва як сокини вилояти Суғд ба порлумони Тоҷикистон пешниҳод карданд, то дар пули 1000 сомонӣ акси Эмомалӣ Раҳмон нашр шавад.

Дар вилояти Бадахшон бо пешниҳоди сокинони маҳаллӣ номи деҳае ба ифтихори президент "Раҳмонобод" гузошта шуд, дар ҳоле ки дар гузашта расми номгузорӣ кардани макон ё шаҳре ба ифтихори шахси зинда роиҷ набуд. Худи қабули қонуни "Пешвои миллат" ҳам ду соли пеш бо пешниҳоди гурӯҳе аз сокинони минтақаи дурдаст садо дода буд ва соли 2016 дар пайи як референдуми баҳсбарангез Қонуни асосии Тоҷикистон ҳам тағйир дода шуд.

"Муҳити озоди илмӣ нест"

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ин тасмим ва тасмимҳои дигари ҳамсони мисли ҷорӣ кардани фанни "Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон" аз назари коршиносон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии мухолифи давлат "танҳо паёмадҳои манфӣ" дошта метавонад. Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 8 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "чунин иқдом идомаи маддоҳӣ ва шахспарастии раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон дониста мешавад. Зеро бидуни ба назар гирифтани андешаи пажӯҳишгарони воқеӣ онҳо пешниҳодҳое мекунанд, ки аз нуқтаи назари илмӣ мантиқ надоранд. Паёмади он минбаъд боз ҳам боис ба беэътибор шудани шахсияти президенти Тоҷикистон гардад. Ин аз набуди муҳити озоди илмӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад."

Таҳлилгарони дигар мегӯянд, барҷаста кардани нақши танҳо раҳбар аз назари пажӯҳишҳои таърихӣ иштибоҳ аст, чунки таърихи 25 соли охири Тоҷикистонро як нафар не, балки гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ, тими ҳукумат, бозигарони боризи дигар, бахусус дар миёни мухолифони собиқ сохтаанд.

"Таҷрубаи ҳама омӯхта шавад, на як нафар"

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Коршинос Парвиз Муллоҷонов гуфт, омӯхтани як давраи давлатдорӣ дар илми сиёсӣ - кори роиҷу маъмулӣ ҳаст, аммо он набояд бо шахсияти танҳо як нафар маҳдуд шавад. Ӯ гуфт, дар сурати пажӯҳиш ва омӯзиши холисонаву бетарафонаи таҷрибаи давлатдорӣ он ба хотири тарҳрезии сиёсатҳои оянда муҳим хоҳад буд

"Мутаассифона, дар ин соҳа таҳлилгарони воқеӣ намерасанд. Ба хотири тарҳрезии сиёсатҳои оянда бояд таҷрубаи давлатдории шахсиятҳо дар маҷмӯъ омӯхта шавад. Раҳбари давлат дар давоми зиёда аз 20 сол давлатро раҳбарӣ кард, ки ин барои таҷрубаи мо хуб аст. Вале набояд бо омӯхтани як шахсият иктифо шавад, балки таҷрубаи сиёсатмадорони дигар низ, ки дар замони истиқлол дар низоми давлатдорӣ саҳм доштанд, бояд омӯхта шавад", - хулоса кард Муллоҷонов.

Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ба қудрат расид ва соли 1994 то кунун ба ҳайси президенти Тоҷикистон амал мекунад. Тарафдоронаш ӯро барои овардани сулҳ ва обод кардани кишвар баъд аз панҷ соли ҷанг ситоиш, аммо мунтақидонаш ӯро барои саркӯби мухолифону озодандешон ва рукуд дар нишондодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG