Маросими таҷлил аз 105-умин солгарди матбуоти тоҷик, ки бо тақдими ҷоиза ба журналистону расонаҳои маҳаллӣ ҷараён гирифт, барои бисёре аз хабарнигорон барои ошкор кардани дардҳои матбуоти имрӯзаи тоҷик баҳонае шуд. Онҳо гуфтанд, ин ҷашни муҳим дар ҳоле таҷлил мешавад, ки матбуоти тоҷик бахусус дар як соли ахир дучори бӯҳрон шудааст. Агар як далелаш иқтисодиву молӣ бошад, далели ҷиддии дигараш – сиёсист ва ба таҳаввулоти ахири Тоҷикистон мустақим рабт дорад.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Журналист Хилватшоҳи Маҳмуд мегӯяд, аксари расонаҳо бо сабаби мушкили молӣ бо масъалаи камбуди хабарнигорони ҳирфаӣ рӯбарӯ ҳастанд. Матбуоти тоҷик, ба гуфтаи ӯ, бо он ҳоле ки дорад, талаботи хонандаро қонеъ намекунад. “Зеро дар як ҳафта як бор нашр шудан ва он ҳам бо теъдоди кам ва ҷои матбуотро танг кардани расонаҳои онлайнӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишонае аз ин мушкилот аст. Аммо мӯҳтавои матолиби нашршуда ҳам дар матбуоти Тоҷикистон тайи 2-3 соли ахир як каме поин рафтааст”, - афзуд ӯ.
Аксари хабарнигорони расонаҳои мустақил мегӯяд, мушкил шудани дастрасӣ ба маълумот, бахусус, иттилои расмӣ боис ба поин рафтани сифати матолиби нашрияҳо ва кам гаштани теъдоди нашри рӯзномаву ҳафтаномаҳо шудааст. Ин вазъ, пеш аз ҳама, сардабирону аҳли қаламро нигарон мекунад. Хабарнигори дигар Сафарбеки Кабир аз таҷрибаи худ мегӯяд, “мақомот ва сохторҳои давлатӣ бо ҳар баҳона аз додани иттилоъ ба расонаҳои ғайридавлатӣ худдорӣ мекунанд”.
Кори расонаҳои хабарӣ, ба вижа нашриёти хусусиро афзоиши хидматрасониҳо барои чоп ва маҳсулоти чопӣ, ки маъмулан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, мушкилтар кардааст. Ин мояи нигаронии ҷиддии нашрияҳо гаштааст, ки тайи як соли ахир теъдоде аз нашрияҳо то 50 дарсад хонандаи худро аз даст додаанд.
Журналист Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, “имрӯз натанҳо теъдоди нашри рӯзномаҳо кам шудааст, балки худи рӯзномаҳо аз байн мераванд. Масалан, тӯли як соли ахир нашрияҳои “Нигоҳ”, “Вечерний Душанбе” ва чанд нашрияҳои соҳавӣ аз сабаби тоб наовардан ба рақобати буҳрони молӣ маҷбур шуданд, фаъолияти худро қатъ кунанд.”
Нашрияҳои давлатии Тоҷикистон дар як соли ахир низ дар вазъи начандон хуби молӣ қарор доранд. Вазорати молия дар буҷаи соли 2017 сармоягузорӣ аз буҷаи давлат ба ин нашрияҳоро камтар кард, ки боис ба теъдоде аз нашрияҳои давлатӣ қатъ кардани ҳаққи қалам шуд. Теъдоди дигари нашрияҳои давлатӣ аз ҳисоби обуна ва даромадҳои дохилӣ ҳаққи қалами кормандони худро пардохт мекунад, ки низ ба вазъи молии он нашрияҳо бетаъсир намондааст.
Тоҷикистон соли гузашта дар як раддабандии байналмилалии озодии матбуот якбора 34 зина поин рафта ва созмони "Гузоришгарони бидуни марз" вазъи матбуоти Тоҷикистонро "дар ҳолати як рукуди хатарнок" тасвир карда буд. Ин созмон гуфта буд, ки мақомот бо баҳонаи мубориза бо терроризм, мухолифони сиёсиро аз байн бурда, фишорро болои матбуоти мустақил афзоиш додаанд.