Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Миёни журналистони ҳукуматӣ ва мустақил фарқ намегузорем". ВИДЕО


Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон.
Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон.

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо ҳадафи натиҷагирӣ аз фаъолияти матбуоти тоҷик дар соли 2016, пурсишнома баргузор мекунад. Натиҷаи он рӯзи 16 январи соли равон эълон хоҳад гашт ва ба ғолибони ин озмун пурсиш диплом ва мукофоти рамзӣ тақдим карда хоҳад шуд.

Ин пурсишномаи миёни масъулони созмонҳои журналистӣ, шабакаҳои давлатӣ ва мустақили телевизиониву радио, оҷонсиҳои иттилоотӣ, сармуҳаррирони васоити ахбори омма ва журналистони мустақил барои бори аввал анҷом дода мешавад. Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттиҳоди журналистон ва раҳбари Академияи ВАО-и Тоҷикистон дар мавриди ҷузъиёти ин пурсишнома ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Кӣ шоистаҳоро мушаххас мекунад?

Радиои Озодӣ: Ин бори аввал аст, ки Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон оид ба ин масъала пурсишнома анҷом медиҳад ва наҳваи анҷом додани он чӣ гуна сурат мегирад?

Зинаттуло Исмоилзода: Дар ҷараёни ин пурсишнома 103 нафар, аз ҷумла роҳбарони ташкилоти журналистӣ, расонаҳо ва коршиносони мустақили матбуот ва рӯзноманигорони алоҳида фаро гирифта мешавад. Аллакай 60 дарсади ин пурсишро гузаронидем. Ва бо ин пурсишнома мехоҳем маълум кунем, ки расонаҳо, шабакаҳои телевизион, хабаргузориҳо ва рӯзноманигорони алоҳида дар соли гузаштаи матбуоти тоҷик чӣ нақше доштанд. Ва бо ин мақсад 16 суол дар як феҳраст пешниҳод шудааст, ки “рўзномаи сол”, “журналисти сол”, “маҷаллаи сол”, “телевизиони сол”, “радиои сол”, “оҷонсии хабарии сол”, “сармуҳаррири сол”, “чеҳраи сол”, “чеҳраи хабарсози сол”, “ҳодисаи асосии сол”, “шарики сол”, “коршиноси сол” дар соли 2016 кадом буд.

Зинатулло Исмоилзода зимни сӯҳбат бо Мирзонабӣ Холиқзод.
Зинатулло Исмоилзода зимни сӯҳбат бо Мирзонабӣ Холиқзод.

Радиои Озодӣ: Ҷараёни пурсишномаи мазкур ба ин гунае ҳаст, ки масалан, “рӯзномаи сол” ё “журналисти сол”-ро воқеан мушаххас мекунад? Манзурам то куҷо шаффоф сурат мегирад?

Зинаттуло Исмоилзода: Иттиҳоди журналистон дар ин пурсишнома танҳо ва фақат як овоз дорад ва ба ҳеҷ сурат имкони таъсир расонданро надорад ва мақсад шаффоф сурат гирифтани пурсиш буда, мехоҳем расонаи шоиста ва ё журналисти шоиста сазовори ин унвон шавад. Мо ба пешниҳоду назари 103 нафаре, ки ба суолҳо посух хоҳанд дод, такя мекунем. Яъне, инҳо касоне ҳастанд, ки ба фазои матбуоти тоҷик дар соли гузашта ошноӣ доранд.

Радиои Озодӣ: Бубинед, нафаре, ки ба 16 суол назарашро баён медорад, танҳо имкони зикри расона ё журналистро дорад, вале ҷое барои шарҳе нест, ки чаро чунин интихоб кардааст?

Зинатулло Исмоилзода: Чанде пурсишномаҳоро аллакай мавриди бозрасӣ қарор додаем ва ин нукта ба эътибор гирифта шудааст. Афароде, ки посух додаанд, ҳамзамон зикр кардаанд чаро ин ё он расонаро ҳамчун расонаи сол интихоб кардаанд.

Беҳтаринҳои журналистикаи тоҷикро муайян мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:58 0:00

"Мехоҳем шоистаҳо соҳибҷоиза шаванд"

Радиои Озодӣ: Ин бори аввал аст ки Иттиҳоди журналистон чунин пурсишро анҷом медиҳад. Оё аз таҷрибаи пурсишномаҳое, ки то кунун аз ҷониби бархе расонаҳо, аз ҷумла “Нигоҳ” анҷом дода мешуд, истифода хоҳад шуд?

Зинатулло Исмоилзода: Дуруст аст, ки то кунун ҳафтаномаи “Курьер Таджикистана” ва баъдан “Нигоҳ” чунин пурсишҳоро анҷом медоданд, вале мақсади мо ин нест, ки симпатияи ё ҳусни таваҷҷуҳи Иттиҳоди журналистони тоҷик ба ин ё он расона ё журналист ё шабакаи телевизониро нишон диҳем. Мо мехоҳем, ки шоистаҳо соҳиби ин унвон бошанд.

"Миёни журналисти ҳукуматӣ ва мустақил тафриқа намеандозем"

Радиои Озодӣ: Бархе аз журналистони саршинос қабл аз ин сӯҳбат оид ба пурсишномаи мазкур гуфтанд, ки Иттиҳоди журналистон дар ниҳоят чанд расона ва рӯзномаву шабакаҳои ҳукуматиро ба ин унвон сазовор мегардонаду тамом. Назари шумо чӣ аст?

Зинатулло Исмоилзода: Мо дар миёни журналистони ҳукуматӣ ва мустақил тафриқа намеандозем. Журналистони саршиносе, ки чунин гуфтаанд, худашон пурсишномаи мазкурро хонапурӣ мекунанд ва марҳамат нафари шоистаро интихоб кунанд. Ман ҳамагӣ як овоз дорам ва як пурсишномаро пур мекунам. Дар ин пурсиш масъулони шабакаҳо ва расонаҳои ҳам ҳукуматӣ ва ҳам мустақил ҷалб шудаанд. Эълон намудани барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ баёнгари бархӯрди шаффофи Иттиҳоди журналистӣ ба фазои матбУоти тоҷик аст ва ҳадафи мо, мушаххас кардани беҳтаринҳо ва сазовортаринҳо мебошад.

XS
SM
MD
LG