Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори №427: Таҳқири пешвои миллат ҷиноят ҳисоб мешавад


Моҳи майи соли 2016 сокинони Тоҷикистон барои қабули қонуни "Асосгузори сулҳу ваҳдат-пешвои миллат" раъйи мусбат дод
Моҳи майи соли 2016 сокинони Тоҷикистон барои қабули қонуни "Асосгузори сулҳу ваҳдат-пешвои миллат" раъйи мусбат дод

Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани муҷозот барои таҳқири Асосгузори сулҳу ваҳдат - пешвои миллат мувофиқат кард. Дар сурати вориди Кодекси ҷиноӣ шудани ин тағйирот, таҳқиркунандаи пешвои миллат метавонад то 5 сол маҳкум ба зиндон шавад.

Ним сол баъди қабули Қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат", ки президент Эмомалӣ Раҳмонро барои тамоми умр раҳбари кишвар эътироф мекунад, ҳукумат мехоҳад барои таҳқири пешвои миллат муҷозот ҷорӣ кунад. Ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноӣ хулосаи мусбат додааст, ки тибқи он ба моддаи 137-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйиру илова ворид мешавад.

Соли 2015 додгоҳ Умедҷон Солиҳовро дар баробари ҷиноятҳои дигар, барои таҳқири раиси ҷумҳур муттаҳам ва барояш 17,5 соли зиндонро равон донист

Ду банди нави иловашаванда таҳқири оммавӣ ва ё туҳмати Асосгузори сулҳу ваҳдат - пешвои миллатро ҷиноят арзёбӣ мекунад. Ду банди наве, ки ба моддаи 137-и Кодекси ҷиноӣ дар бораи «Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тўҳмат кардан ба ў» илова мешавад, мегӯяд, ки барои «таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ё тўҳмат кардан ба ў" ва содир кардани «ҳамин кирдор бо истифода аз матбуот, воситаҳои ахбори омма ё шабакаи Интернет» ҷаримабандӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Муҷозот барои таҳқири президент

Яке аз қазияҳои охири муҷозот барои таҳқири президент соли 2015 дар нисбати, ба қавли додгоҳи Тоҷикистон, узви «Гурӯҳи 24» - Умедҷон Солиҳов марбут аст. Додгоҳ ӯро дар баробари ҷиноятҳои дигар, инчунин дар таҳқири раиси ҷумҳур муттаҳам ва барояш 17,5 соли зиндонро равон донист. Худи Солиҳов дар додгоҳ гуфт, ки ҳеҷ гоҳ узви ин ташаккул набуд ва танҳо бо соҳибкорӣ машғул рӯз мегузаронид.

Ҳодисаи барҷастаи дигар – ба соли 2005 бармегардад, вақте як сиёсатмадори тоҷик «барои таҳқири шахсияти раисиҷумҳур ва барангехтани адовати миллӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ» маҳкум ба зиндон шуд. Рустам Файзиев, муовини раиси ҳизби сабтиномнашудаи «Тараққиёт» соли 2005 бо як қарори баҳсбарангези Додгоҳи олии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 солу 10 моҳ пушти панҷара рафт ва ин ҳукмро ноодилона хонд.

Ӯ гуфт, гуноҳаш дар ин буд, ки мехост номаеро бо интиқод аз сиёсати президент ба созмонҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла додгоҳи ҷиноёти байналмилалии Ҳейг фиристад, вале аз ин кор ҷилавгирӣ шуд. Соли 2009 Файзиев дар зиндон даргузашт.

Соли 2011 раиси полиси ноҳияи Фирдавсӣ барои таҳқири шахсияташ бо нашрияи маъруф дар додгоҳ баҳс дошт
Соли 2011 раиси полиси ноҳияи Фирдавсӣ барои таҳқири шахсияташ бо нашрияи маъруф дар додгоҳ баҳс дошт

Дар солҳои охир мақомоти тоҷик аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернетӣ зиёд интиқод мекунанд, ки ин минбари озод барои ибрози андешаро «барои таҳқири ҳукумат, раҳбарони давлат ва аз ҷумла президент» истифода мекунанд.

Созмонҳои мудофеи озодии баён, назири «Гузоришгарони бидуни марз» таъйини муҷозот барои «таҳқири президент» дар Тоҷикистонро дар гузашта интиқод карда онро талоше барои хомӯш кардани забони матбуоти интиқодгар номидаанд.

Сӯиистифодаи мақомот аз муҷозоти журналистон

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2012 ду моддаи Кодекси ҷиноӣ 135 ва 136-умро аз матни қонун ҳазв карда буд, ки аввалӣ ба туҳмат ва дуввумӣ ба таҳқир рабт дошт. Бисёре аз мансабдорони Тоҷикистон то соли 2012 маҳз бо истифода аз ин ду модда хабарнигронро ба додгоҳ мекашиданд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2012 дар ҷашни садсолагии матбуоти Тоҷикистон аз ҳазв шудани ин ду моддаи аз Кодекси ҷиноӣ хабар дода буд ва ҷомеаи хабарнигорон аз ин иқдоми раисҷумҳур истиқбол карданд. Аммо моддаи 137 он замон бетағйир боқӣ монда буд ва ҳамкнун ба он ду банди нав илова карда мешавад.

Ташаббуси ҷорӣ кардани муҷозот барои таҳқири пешвои миллат нахуст дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуда рӯзи 26 сентябр ба унвонии ҳукумат фиристода шуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ, мувофиқати худро бо ин ташаббус ба Маҷлиси намояндагон фиристод, ки қарор аст дар зинаи баъдӣ дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG