Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмонҳо: Бо рафтани "Нигоҳ" фазои гуногунандешӣ тангтар шуд


Ду созмони журналистии Тоҷикистон аз мақомоти кишвар хостанд, ки барои нашри ҳафтаномаи "Нигоҳ" шароити заруриро фароҳам кунад. Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон аз чоп мондани "Нигоҳ"-ро нигаронкунанда дониста ва аз майдони матбуот рафтанашро "тангтар шудани фазои гуногунандешӣ" номиданд.

Мо чанд ҳолати талоши тарсондани журналистони нашрия, таъқиби онҳо ва дахолат ба кори "Нигоҳ"-ро ба қайд гирифтаем.
НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, 5 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин изҳорот ба ҳамаи расонаҳо фиристода шудааст. "Мутобиқи қонун ашхоси мансабдор ва мақомоти дахлдор баъди чопи ин изҳорот бояд вокуниш нишон диҳанд", - афзуд ӯ.

Вай гуфт, қатъи фаъолияти нигоҳ ба обрӯи сиёсии Тоҷикистон латма хоҳад зад ва онҳо аз ҳукумат даъват кардаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба маҳдуд шудани фаъолияти расонаҳои мустақил иҷоза надиҳад.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Муассис ва кормандони "Нигоҳ" рӯзи 2 ноябр эълон карданд, ки "бино ба адами мавҷудияти шароити лозим" чопи ин нашрияро қатъ мекунанд. Дар ҳоле ки иддае мушкили нашрияро ба камбуди маблағ рабт доданд, аммо муассису кормандони "Нигоҳ" гуфтанд, тамоми андозҳоро пардохт карда, маоши хабарнигоронро то оғози соли ҷорӣ ҷудо намудаанд. Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммидиён, муассиси ҳафтаномаи "Нигоҳ" низ дар саҳифаи Фейсбук навишт, "соли 2014 барои дуним моҳ "Нигоҳ" чоп нашуда буд. Ин дафъа мушкил ҷиддитар аст. Азизон, салоҳ аст, Шумо чизе аз ман напурсед."

Ду созмони журналистӣ низ дар изҳороти худ гуфтаанд, "дар тӯли даҳ соли буданаш "Нигоҳ" талош дошт, ки манбаи алтернативии иттилоъ бошад. Аммо сиёсати редаксионӣ, ки мустақилияташро қонунгузорӣ кафолат додааст, ба табъи бархе аз мақомдорон нафорид. Мо чанд ҳолати талоши тарсондани журналистони нашрия, таъқиби онҳо ва дахолат ба кори "Нигоҳ"-ро сабт кардаем."

"Нигоҳ" баъди баста шудани се нашрияи мустақилу сахтгӯ - "Рӯзи нав", "Нерӯи сухан" ва "Одаму олам" дар соли 2006 ба саҳнаи матбуоти тоҷик ворид шуд ва тӯли ин муддат бо матолиби таҳлилӣ ва тадқиқоти журналистиаш маъруф буд. Дар изҳороти муассису кормандони нашрия ҳам гуфта шудааст, ки роҳи тайкардаи онҳо осон набуд ва пастиву баландиҳои зиёд дошт.

"Соҳибмансабон ва ниҳодҳои вежа борҳо кӯшиш ба харҷ доданд, то ба сиёсати нашрия дахолат кунанд. Манофеи шахсии хеш ё ҳаммаслаконашонро тавассути ин ҳафтанома таблиғ намоянд, ё ашхос ва ниҳодеро сияҳном кунанд, вале мо ҳаргиз ба худ иҷоза надодем, ки он чи хилофи инсоф, адолат, қонун ва манофеи миллии мо бошад, ба чоп бирасонем", - таъкид шудааст дар изҳорот.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси муассиси ин ҳафтанома бо корбарони дигар дар бораи он сурат гирифт, ки оё онҳо ба чопи коғазии ин нашрия идома диҳанд ё варианти электрониаш ҳам барои хондан кофист? Ҳарчанд иддае тарафдори таҳияи варианти электронии ин нашрия буданд, вале қисмати асосии корбарон талаб доштанд, то ин ҳафтанома дар шакли коғазӣ нашр шавад.

Дертар дар баъзе расонаҳо ин хабар ҳам пайдо шуд, ки ба иддаои онҳо гӯиё Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чӣ иштибоҳеро дар ҳафтаномаи "Нигоҳ" пайдо кардааст. То кунун Вазорати фарҳанг дар ин бора шарҳе надодааст.

XS
SM
MD
LG