Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурияти САҲА дар Тоҷикистон то моҳи июн дароз шуд


Шӯрои доимии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо қарор кардааст, ки маъмурияти намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон то рӯзи 30 июни соли 2017 тамдид карда шавад. Дар ин бора дафтари матбуоти шӯро рӯзи 2 март бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод. Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки аз соли 1994 дар Тоҷикистон кор мекунад, барои мусоидат ба рушди демократия, муқобила бо хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, беҳтар кардани мудирият ва тақвияти сохторҳои давлатӣ кумак мекунад.

Кумак дар ҳалли масоили зистмуҳитӣ, масоили энергетика ва мудирияту тақсими захираҳои об дар кишвар аз ҳадафҳои дигари дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон аст ва то кунун дар ин замина даҳҳо барнома иҷро шудаанд. Аммо соли гузашта гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар назди Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе ҷамъ омада ва ба тарафи он санг андохтанд.

Эътироз баъд аз он сурат гирифт, ки гурӯҳе аз аъзо ва тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва дигар гурӯҳҳое, ки худро мухолифони давлати Тоҷикистон меноманд, рӯзи 19 сентябри соли 2016 бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшава хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд.

Ин гурӯҳ баъдан вориди толоре шуд, ки он ҷо ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гузориши ҳукумати Тоҷикистонро ба раҳбарии омбудсмен Зариф Ализода дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон баррасӣ мекард. Баҳси тунде, ки баъдан дар ин ҷаласа ҷараён гирифт, мавриди нороҳатии ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон шуд ва баъди ду рӯзи ҷаласа бо пахши изҳороте онҳо толорро тарк карданд.

Ҳоло маълум нест, баъди хотимаи маъмурияти дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо онро дигарбора тамдид мекунанд, ё не.

XS
SM
MD
LG