Барои таҳқиқи нишасти изтирории як ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд комиссияи расмӣ таъсис шудааст. Ин ҳавопаймои навъи "Боинг", ки шаби 9 март аз Хуҷанд ба самти Маскав парвоз мекард, баъди гирифтани сӯзишворӣ дар "Тараз"-и Қазоқистон ва пайдо шудани нуқси техникӣ дубора ба Хуҷанд баргашт. Масъулони фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мегӯянд, нишасти садамавии ҳавопаймои "Боинг 737" бинобар осеб дидани яке аз чархҳояш рух додааст.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қурбони Алимардон, раиси фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, рӯзи 10 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, яке аз чархҳои ҳавопаймои парвози 645 дар хатсайри Хуҷанд-Маскав баъд аз гирифтани сӯзишворӣ ва ба ҳаво хестан дар фурудгоҳи "Тараз"-и Қазоқистон кафид ва бинобар ҳамин, ҳавопаймо ба Тоҷикистон баргашт. Пеш аз нишастан ҳавопаймо ду соат дар фазои шаҳри Хуҷанд чарх зада ва маводи сӯхташро кам кардааст.
Ширкати "Тоҷик Эйр" дар ихтиёраш 36 ҳавопаймо дорад, ки шаштои он умдатан дар хатсайрҳои байналмилалӣ парвоз мекунанд.
“Хушбахтона, на аъзои экипаж, на мусофирон ягон кас осеб надиданд. Онҳоро дар замин хадамоти наҷотбахшу оташнишонӣ ва табибон истиқбол гирифтанд”, - гуфт ӯ. Мусоҳиби мо афзуд, аз фазои Қазоқистон ба Хуҷанд баргаштани ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” низ ба хотири сарф кардани сӯзишвориаш буд.
Ҳавопаймои хатсайри рақами 645 дар самти Хуҷанд – Маскав 140 мусофир, ба шумули 7 кӯдаки то панҷсола ва 9 сарнишин дошт. Уктам Ҳобилов, намояндаи ширкати “Тоҷик Эйр” рӯзи 10 март гуфт, ки ними мусофирони ин парвоз дар меҳмонхонаи майдони ҳавоии Хуҷанд ва ними дигар дар меҳмонхонаи “Эҳсон” ҷой шудаанд. Ба қавли ӯ, мусофирони хатсайри 645 бегоҳи 11 март дар ҳавопаймои дигар ба Маскав парвоз хоҳанд кард.
Мусофирони ин хатсайр мегӯянд, сарнишини ҳавопаймо тақрибан 1 соат пеш аз фуруд омадан онҳоро аз нишасти садамавӣ огоҳ карда ва вақти фурудоӣ ва эҳтимоли беруноӣ аз дарҳои садамавиро гаштаву баргашта ёд медоданд. Фирӯз Маҳкамов, яке мусофирон гуфт, ки чанд сол боз барои кор ба Русия меравад, аммо бори аввал дар ҳаво ба чунин хатар дучор шудааст. “Вақти парвози тӯлонӣ ба даргоҳи Худо илтиҷо ва дуо мекардем, ки моро беосеб ба замин фуруд орад”, - гуфт ӯ.
Зумрад Асророва, сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар хатсайри Хуҷанд - Маскав ҳамроҳи духтари хурдсолаш –Шарифамоҳ ба назди шавҳари мардикораш ба Маскав парвоз мекард. Ӯ мегӯяд, “сарнишинони ҳавопаймо вақти парвоз моро ором карданд. Онҳо гуфтанд, ки натарсем, беосеб мефароем. Онҳо моро наҷот доданд, касе осеб надид. Ба ҳаминаш шукр.”
Бархе аз мусофирони ин хатсайр билети худро баргардонда, пулашонро бозпас гирифтаанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар билет фурудоӣ ба Қазоқистон сабт набуд ва намехоҳанд, бо сарфи вақти тӯлонӣ парвоз кунанд.
Соли 2013 низ ҳавопаймои «Боинг-737»-и ширкати «Тоҷик Эйр» зимни бозгашт аз шаҳри Маскав ба мушкили фаннӣ дучор шуд ва баъди 1 соати парвоз дар болои шаҳри Хуҷанд дар фурудгоҳ нишаст. “Боинг 737” бо 93 мусофир, аз ҷумла 10 кӯдак ва 9 ҳайати парвоз аз Маскав бармегашт ва халабонҳо он вақт тавонистанд ҳавопаймоеро, ки ду чархаш кафида буд, беосеб ба замин нишонанд.
Мақомот он замон ин ҳодисаро як “сабақи бузург” ва корномаи халабонҳоро ҳамчун "мардонагиву шуҷоат" ситоиш карда, дар сатҳи президенти Тоҷикистон онҳоро қадрдонӣ карданд. Ширкати "Тоҷик Эйр" дар ихтиёраш 36 ҳавопаймо дорад, ки шаштои он умдатан дар хатсайрҳои байналмилалӣ парвоз мекунанд.