Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори нишасти изтирории ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" дар Хуҷанд. ВИДЕО


Навори нишасти изтирории ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" дар фурудгоҳи Хуҷанд дастраси мо шуд. Азиз Холматов, як корбари Ютуб, иҷоза дод, ки навори ӯро дар бораи чигуна ба замин нишастани ин ҳавопаймо нашр кунем. Дар навор дида мешавад, ки одаму техникаи зиёд фуруд омадани ин ҳавопайморо интизоранд ва баробари бидуни осеб ба замин нишастанаш садои шодӣ баланд мекунанд.

Навор инҷост:

Навори нишасти изтирории ҳавопаймои Тоҷик Эйр дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:25 0:00

Масъулони фурудгоҳи Хуҷанд мегӯянд, ки нишасти изтирории ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" бинобар осеб дидани яке аз чархҳояш рух додааст. Шаби 9 март як ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" бо 140 мусофир, бинобар мушкилоти фаннӣ ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст.

Мусофирони ҳавопаймои Boeing 737 – 300, мутааллиқ ба ширкати "Тоҷик Эйр", ки шаби гузашта ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нишаст, бегоҳи 11 март ба самти Маскав парвоз хоҳанд кард. Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати Тоҷик Эйр рӯзи 10 март ба Радиои Озодӣ гуфт, як қисми мусофирон дар меҳмонхонаҳо ҷойгир карда шуда, ҳамаи онҳо аз тасмими ба таъхир афтодани замони парвоз огоҳ гардидаанд. Вай афзуд, аммо касоне ки хоҳиши парвозро надоранд, метавонанд пули билетҳои худро сад дар сад бозпас бигиранд.​

Қурбони Алимардон, раиси фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 10 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки яке аз чархҳои ҳавопаймои парвози 645 дар хатсайри Хуҷанд-Маскав баъд аз гирифтани сӯзишворӣ дар фурудгоҳи "Тараз"-и Қазоқистон бар асари расиши санг ва ё оҳанпора хароб шуд ва бинобар ҳамин, ҳавопаймо ба Тоҷикистон баргашт. Пеш аз нишастан ҳавопаймо ду соат дар фазои шаҳри Хуҷанд чарх зад, то маводи сӯхташро кам кунад ва сипас фуруд ояд.

Ба гуфтаи масъулони фурудгоҳи Хуҷанд, ҳавопаймо пеш аз нишаст ду соат дар фазои шаҳр чарх зад, то маводи сӯхташро кам кунад ва сипас бинишинад.

Ба гуфтаи ин мақомдор, ҳавопаймо пас аз 8 бор чарх задан ва кам шудани сӯзишворӣ ва омода шудани нерӯҳои наҷотбахшу оташнишонӣ дар замин, дар фурудгоҳи ин шаҳр нишаст. Раиси фурудгоҳи Хуҷанд афзуд, ки шароити амниятӣ ба андозае фароҳам оварда шуд, ки мусофирони ҳавопаймо огоҳ нашуданд, ки чӣ ҳодиса шудааст.

Ба гуфтаи раиси фурудгоҳи Хуҷанд, пас аз фуруд омадани ҳавопаймо, мусофирон ба меҳмонхона бурда ва бо ғизои гарм таъмин шуданд. Қурбони Алимардон афзуд, ки ҳоло масъалаи интиқоли дубораи мусофирон ба Маскав бо ҳавопаймоҳои ширкатҳои "Тоҷикэйр" ваё "Сомон Эйр" мавриди баррасӣ қарор дорад. Баҳром Розиқов, намояндаи "Тоҷикэйр" дар Хуҷанд низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мунтазири ҳавопаймо аз Душанбе барои интиқоли ин мусофирон ба Маскав ҳастанд.

Шаби 9 ба 10 март як ҳавопаймои ширкати "Тоҷикэйр", бинобар мушкилоти фаннӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд ба таври изтирорӣ фуруд омад. Намояндагони фурудгоҳ мегӯянд, хушбахтона зимни ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Фуруди изтирории ҳавопаймои Тоҷикэйр дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Дар дафтари маълумоти фурудгоҳи Хуҷанд шаби 9-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “дар воқеъ ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд-Маскав таҳти рақами 645 дар фурудгоҳ нишасти изтирорӣ анҷом дод. Фуруд бе ягон ҳодиса сурат гирифт ва ҳамаи 140 мусофири ҳавопаймо сиҳату саломатанд ва ҳеҷ касе аз онҳо осеб надидааст." Ба қавли намояндаи фурудгоҳ, ба ҳавопаймо муяссар нашудааст, ки дуруст парвоз кунад, аз ин сабаб баргаштааст.

Яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ, аз маҳалли ҳодиса ба мо гуфт, ки дар миёни мардуме, ки онҷо ҷамъ омада буданд, гуфтӯгуҳое буд, ки гӯё зимни парвоз чархи ҳавопаймо осеб дидааст. Бино ба иттилои ширкати "Тоҷикаэронавигатсия", ҳавопаймое, ки соати 19:00 аз Хуҷанд бархост, ҳавопаймои навъи "Боинг-733" будааст.

25 маи соли 2013. Халабон Аъзам Нодиров аз ҷониби раиси вақти вилояти Суғд Қоҳир Расулзода мукофотонида мешавад
25 маи соли 2013. Халабон Аъзам Нодиров аз ҷониби раиси вақти вилояти Суғд Қоҳир Расулзода мукофотонида мешавад

Соли 2013 низ ҳавопаймои «Боинг-737»-и ширкати «Тоҷикэйр» зимни бозгашт аз шаҳри Маскав ба мушкилоти фаннӣ дучор шуд ва баъди 1 соати парвоз дар болои шаҳри Хуҷанд дар фурудгоҳ нишаст ва касе осеб надид. “Боинг 737” бо 93 мусофир, аз ҷумла 10 кӯдак ва 9 ҳайъати парвоз аз Маскав бармегашт ва халабонҳо он вақт тавонистанд ҳавопаймоеро, ки ду чархаш кафида буд, беосеб ба замин нишонанд. Мақомот он замон ин ҳодисаро як “сабақи бузург” ва корномаи халабонҳоро ҳамчун "мардонагиву шуҷоат" ситоиш карда, дар сатҳи президенти Тоҷикистон онҳоро қадрдонӣ карданд.

Ширкати "Тоҷикэйр" дар ихтиёраш 36 ҳавопаймо дорад, шаштои он умдатан дар хатсайрҳои байналмилалӣ парвоз мекунанд.

Агар мусофири ин ҳавопаймо будед, ё шоҳиди ҳодиса лутфан ба мо нависед ва ё занг занед ва аз тариқи Имо, Вайбер, Телеграмм ва ё Вотсапп. Шумораи мо ин аст:+ 420 724 053 959

XS
SM
MD
LG