Мақомоти Русия гуфтанд, масъалаи афви муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро баррасӣ доранд. Игор Шувалов – муовини нахуствазири Русия – рӯзи 27 январ дар рӯ ба рӯи хабарнигорон дар Душанбе теъдоди чунин муҳоҷиронро 120 ҳазор нафар баршумурд ва гуфт, "ба онҳое, ки қонуншикании ҷиддӣ накардаанд, ягон механизми соддатар пешбинӣ мекунем."
Гузориши видеоӣ инҷост:
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳое, ки дар бахши ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни ду кишвар ба миён омада буд, ишора карда ва гуфтааст, ин амр барои шаҳрвандон мушкил эҷод намуда ва "боис ба доғдор шудани шарокати стратегии ҳарду давлат мегардад."
Игор Шувалов гуфт, ҳам дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукумтии Тоҷикистону Русия ва ҳам дар мулоқот бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муҳоҷирони кории тоҷикро баррасӣ кардааст. "Ҳоло кӯшиш дорем, нафаронеро, ки ҳуқуқвайронкунии ҷиддӣ доранд ва онҳое, ки ба кадом сабабе сари вақт марзи Русияро тарк карда натавонистаанд, ҷудо кунем. Вазорати корҳои дохилӣ дар давоми 10 рӯз дар ин робита ба ҳукумат гузориш медиҳад. Агар имкон шавад, барои ин нафарон шояд ягон механизми соддатарро пешбинӣ мекунем. Аммо ин масъалаи хеле душвор аст", - афзуд ӯ.
Омодагӣ ба сафари Путин
Ноиби нахуствазири Русия ҳадафи сафарашро ба Тоҷикистон "омодагӣ барои сафари қарибулвуқӯи Владимир Путин ба Тоҷикистон" донист. Шувалов пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат гуфт, мақомоти ду ҷониб "ба сафари Владимир Путин, ки дар моҳи феврал сурат мегирад, омодагӣ мебинанд".
"Ҳоло ман ба президенти Тоҷикистон дар мавриди созишҳое, ки пас аз ҷаласаи имрӯза ба даст омад, гузориш додам. Акнун ҳамарӯза дар иртибот бо нахуствазири Тоҷикистон иҷрои ин созишҳоро зери назорат мегирем, ки то сафари президенти Русия ягон масъалаи баҳснок боқӣ намонад. Кӯшиш мекунем, ҳамин тавр шавад, то ҳадди имкон."
Роҳи "Сомон Эйр" ва "Ямал" боз шуд
Муовини нахуствазири Русия дар идома хабар дод, ки рӯзҳои наздик парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон ба Красноярск, Краснодар, Уфа ва Оренбург аз сар гирифта хоҳад шуд. Вай дар робита ба моҷарои ахир дар робита ба парвози ҳавпаймоҳои ширкатҳои ду кишвар гуфт, "рақобати изофие, ки боис ба касод шудани ширкатҳо мешавад, ҳам барои ширкатҳои Тоҷикистон ва ҳам Русия зиён дорад. Фикр мекунам, аз ду ҷониб якширкатӣ ба ин бозор дар мавсими муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, яъне фасли баҳор ворид хоҳанд шуд."
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ дар мулоқоташ бо Игор Шувалов, ба ҳалли масъалаҳое, ки дар бахши ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни ду кишвар ба миён омада буд, ишора карда ва гуфтааст, ки ин амр барои шаҳрвандон мушкил эҷод намуда ва "боис ба доғдор шудани шарокати стратегии ҳарду давлат мегардад."
"Моҷарои ҳавоӣ" аз куҷо омад?
Парвози ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" моҳи декабри соли гузашта дар пайи моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия ба баъзе минтақаҳои ин кишвар қатъ шуда буд. Маҳрумияти “Сомон Эйр” ба парвоз ба шаҳрҳои Русия пас аз он ҷорӣ шуд, ки Тоҷикистон қабули ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал”-ро аз фурудгоҳи “Жуковский” рад кард.
Тоҷикистон фақат ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки аксаран ба Русия парвоз мекунанд. Аз ҷумла, ширкати “Сомон Эйр” ба 9 шаҳри Русия парвоз дошт. Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба 7 шаҳри Русия парвоз анҷом медиҳад. “Уралские авиалинии”, “ЮтЭйр” ва "Сибирские авиалинии" аз ширкатҳои русианд, ки дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон ҳузур доранд.
Маҳсулоти Тоҷикистон ё Қазоқистону Қирғизистон?
Шувалов дар изҳороти матбуотиаш аз коҳиш ёфтани тиҷорати ду кишвар низ хабар дода ва гуфт, имсол барои рушди тиҷорат ва табодули коло миёни ду кишвар талош хоҳанд кард. “Умедворем, ки бо рушди иқтисоди Русия, рушди Тоҷикистон ҳам идома пайдо мекунад. Имсол кӯшиш мекунем табодули коло миёни кишварҳо афзоиш ёбад. Ҳоло мо бархе нақшаҳоро рӯи даст гирифтем, то ки озуқаворӣ дар Тоҷикистон истеҳсол шуда, бидуни миёнаравҳо ба бозори Русия ворид шавад. Чунки ҳоло барои касе пӯшида нест, маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Русия ворид мешавад, аммо бо номи маҳсулоти Қазоқистону Қирғизистон”, - иброз дошт Игор Шувалов.
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия рӯзи 27 январ дар бӯстонсарои Дастгоҳи иҷроияи президент дар Душанбе ҷараён гирифт. Ин ҷаласа паси дарҳои баста гузашта, ҷониби Тоҷикистонро нахуствазир Қоҳир Расулзода ва ҷониби Русияро муовини нахуствазир Игор Шувалов раҳбарӣ карданд. Имсол ба равобити дипломатии Тоҷикистону Русия 25 сол пур шуд.