Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Банд мондани тақрибан 200 мусофири тоҷик дар “Жуковский”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тақрибан 200 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав дармондаанд. Евгений Солодилин, ноиби раиси фурудгоҳи “Жуковский”, рӯзи шанбе ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ин афрод бояд ба Душанбеву Хуҷанд парвоз мекарданд. Ӯ афзудааст, ҳоло ҳамаи мусофирон дар меҳмонхона ҷойгир шуданд ва баробари ба даст омадани иҷоза ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд. Иртиботи ҳавоӣ миёни Маскаву Душанбе аз 20 декабри имсол ба мушкил печид ва ҳоло ду тараф дар парвози ҳавопаймоҳо маҳдудият ҷорӣ кардаанд. Русия роҳи ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба баъзе минтақаҳои ин кишварро баст ва дар ҷавоб ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки ҳавопаймоҳои “Уралские авиалинии”-ро ба кишвар роҳ намедиҳад. Аммо рӯзи 24 декабр гузориш шуд, ки як ҳавопаймои “Уралские авиалинии” дар Тоҷикистон фуруд омадааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки ба моҷарои парвозҳо кашида шуд, дар як ёддоште ба Вазорати умури хориҷии Русия аз нақзи созишномаи иртиботи ҳавомӣ аз тарафи Маскав норизоятӣ кардааст. Ҷанҷол байни Тоҷикистону Русия баъд аз он бархост, ки Тоҷикистон ба ширкати Ямал иҷоза надод, аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе парвоз кунад. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ин ширкат барои анҷмои парвозҳо иҷозаи расмӣ надошт ва набояд билет мефурӯхт.

XS
SM
MD
LG