Мақомоти интизомии вилояти Хатлон соли гузашта даҳ падару модарро барои издивоҷи бармаҳали духтаронашон ба додгоҳ кашидаанд. Онҳо гуфтанд, ки дар муқоиса ба соли 2015 дар соли гузашта шаш ҳодиса бештар издивоҷи барвақтӣ мушоҳида шуд. Ҷамшед Намозов, мудири Донишкадаи такмили ихтисос дар минтақаи Кӯлоб, низ ҳафтаи гузашта, гуфт, ки "ба шавҳар додани духтарони ноболиғ дар ноҳияи Вахш, Шаҳритус, Қӯрғонтеппа, Данғара, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб сабт гардиданд." Ба қавли Намозов, қазияи ин волидон ҳанӯз дар дасти баррасии додгоҳ аст.
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар издивоҷҳои бармаҳалро ҳамчун нақзи ҳуқуқи духтарони наврас арзёбӣ карда мегӯянд, чунин издивоҷҳо ба маънои аз таҳсил, фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани онҳост.
Дар Тоҷикистон соли 2010 синни издивоҷ як сол боло бурда шуд ва духтарон аз 18-солагӣ ҳаққи барпо кардани оиларо доранд. Муқаррароти мазкур он замон ба хотири ҷилавгирӣ аз издивоҷҳои барвақтӣ, хушунати хонаводагӣ ва мусоидат дар таҳсили духтарон гирифта шуд.
Бо Ширину Умеда чӣ шуд?
Ширин ва Умеда аз ҷумлаи духтароне ҳастанд, ки пеш аз хатми мактаби миёна шавҳар карда, ҳоло яке 29 ва дигаре 33 сол дорад. Ширин дар 17-солагӣ бо писари холааш оиладор шуд, вале баъди чанд соли зиндагӣ ва ба дунё овардани ду фарзанд талоқ гирифт. Вай ин шабу рӯз дар яке аз ошхонаҳои шаҳри Кӯлоб кор мекунад ва нигоҳубини ду фарзандаш ба ӯҳдаи волидонаш аст.
Нақли видеоии Ширин:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Падару модарам дар рустои Даҳана зиндагӣ мекунанд ва ман дар як моҳ як ё ду бор ба дидори фарзандон ба онҷо меравам. Ҳар рӯз тақрибан 25 сомонӣ ба даст меорам ва барои онки ба касе дармонда нашавам, бояд ҳар рӯз кор кунам", - гуфт ӯ рӯзи 4 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. Ширин мегӯяд, дар дил орзуи таҳсил дошт, аммо хонаводааш нагузоштанд, ки ӯ баъди хатми синфи нӯҳум ба омӯзиш идома диҳад.
Хатми мактаб баъди синфи 9
Дар Тоҷикистон таҳсил то синфи нӯҳум ҳатмист ва агар касе майл надорад, метавонад дар синфҳои даҳ ва ёздаҳ нахонад. "Ҳоло падарам аз онки маро аз таҳсил боздошт, пушаймон асту чораи дигар надорад", - гуфт Ширин. Вай афзуд, аз аввал орзу дошт, ки зиндагияш хубу хуш шуруъ шуда, бо некӣ идома кунад, вале ба орзуяш нарасид. Ширин дар чунин ранг гирифтани зиндагиаш волидону хешовандонро айбдор карда, дар айни замон мегӯяд, ки пушаймонӣ фоида надорад ва ҳоло ӯ бояд бо роҳе сарриштаи зиндагии худро ёбад.
Умеда: Хости худам буд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Умеда Сафаралиеваи 33-сола дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар хилофи Ширин, бо хости худ шавҳар кардааст, чун дар хонаи тағояш зиндагии ором надошт. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз дар хурдӣ волидонро аз даст дода, таҳти тарбияи тағояш буд. "То соҳиби се фарзанд шудан аз дастам ягон ҳунари хонадорӣ намеомад. Ҳамаи корро ба ман хушдоман ва хоҳарони шавҳарам ёд доданд", - гуфт ӯ.
Умеда Сафаралиева мегӯяд, баъди онки ятим монд, аслан ба мактаб ҳам нарафт ва хатту саводи кофӣ надошт. Ӯ гуфт, "янгаам пайваста маро азият мекард ва ман хаёл кардам, хонаи шавҳар аз хонаи янга беҳтар аст. Аммо осон набуд. Баъди 11 сол шавҳарам маро талоқ дод."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Умеда Сафаралиева соҳиби панҷ фарзанд аст ва ҳоло ду фарзандашро барои таҳсил дар хона-интернат супурдааст. Ӯ мегӯяд, худаш хатту саводи кофӣ надошт, вале нахоҳад гузошт, ки тақдири ӯ ба сари фарзандонаш биёяд. "Агар таҳсил мекардаму хатти саводи кофӣ медоштам, шояд зиндагиам ранги дигар мегирифт. Ва барои рӯзгузаронӣ маҷбур намешудам, пешхидматӣ кунам ва маоши ночизу таънаи зиёд шунавам", - хулоса кард ӯ.
Омори панҷ соли пеш
Панҷ сол пеш, аз рӯи ҳисобҳои таҳқиқоти демографӣ ва беҳдоштие, ки натиҷаҳои онро Дафтари нуфусшумории аҳолии СММ нашр карда буд, дар соли 2012 беш аз 13 дар сади духтарони аз 15 то 19-солаи издивоҷкарда аз шавҳарони худ ҷудо шудаанд. Ҳамин омор ҳокист, ки аз миёни духтарҳои 15 то 19-сола дар Тоҷикистон 7 дар садашон ҳомиладор шуда, дар 4 дар сади ҳолатҳо дар синни ноболиғӣ фарзанд ба дунё овардаанд.
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар издивоҷҳои бармаҳалро ҳамчун нақзи ҳуқуқи духтарони наврас арзёбӣ карда мегӯянд, чунин издивоҷҳо ба маънои аз таҳсил, фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани онҳост. Илова ба ин, издивоҷҳои бармаҳал ба зеҳну равони духтарҳо таъсири манфӣ гузошта, онҳоро аз хурдсолӣ зери бори масъулияти оиладорӣ, муносибат бо хешовандони ҳамсар ва гирудорҳои хонаводагӣ мегузорад. Ҳолатҳои дучори хушунат шудани ин гурӯҳи духтарҳо ҳам, ки як сабабаш ноомодагӣ ба равобити ҷинсӣ ва ҳаёти оилавӣ мебошад, кам нест.