Вазорати адлияи Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз тақаллуби маълумотномаи муҷаррадӣ аз Русия хостааст, ки бе тасдиқи вазорат онро қабул накунад. Тайи солҳои охир 84 издивоҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо занони Русия ба хотири сохта буданашон, бекор шудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои осон гирифтани шаҳрвандии Русия бо хонумҳои рус издивоҷи тақаллубӣ мекунанд.
Дастрас кардани ҳуҷаттҳои сохтакоришуда дар Русия осон аст. Ҳамон муҳр ва ҳамон имзоро бар ивази пул сохта медиҳанд. Имзои шахси мутасаддӣ низ дар он ҳаст.Ҳоким Бобокалонов
Саодатбибӣ Сироҷзода, роҳбари раёсати Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлия, рӯзи 9 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар пайи чанд баҳси судӣ дар Русия маълум шуд, ки шаҳрвандони мо бо пешниҳоди маълумотномаи дурӯғин дар онҷо дубора издивоҷ кардаанд, ҳол онки дар Тоҷикистон соҳиби оила буданд. Бинобар ин, ба Вазорати адлия ва САҲШ-ҳои Русия мактуб фиристодем, ки танҳо пас аз тасдиқи мо маълумотномаҳоро қабул кунанд”.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Ин мақоми тоҷик гуфт, пас аз гирифтани маълумотнома мақомоти Русия ба Вазорати адлия дар тамос шуда, ҷаълӣ ва ё аслӣ будани ҳуҷҷатҳоро мепурсад. “Фақат дар сурати тасдиқ шудани дурустии ҳуҷҷат онро ба инобат мегиранд”, - афзуд Саодатбибӣ Сироҷзода.
Никоҳ дар ивази аз 15 то 30 ҳазор рубл
Муҳоҷирони кории тоҷик барои осонтар дарёфт кардани шаҳрвандии Русия талош мекунанд бо занони рус издивоҷ кунанд. Дар бисёре маврид ин издивоҷҳо тақаллубӣ (фиктивный) ҳастанд.
Ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоии "Одноклассники" ва "ВКонтакте" гурӯҳҳои хос барои талабгорони чунин издивоҷ вуҷуд дорад. Дар ин гурӯҳҳо бархе аз занони рус бар ивази аз 15 то 30 ҳазор рубл пешниҳод мекунанд, ки омодаанд бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ кунанд, аммо зиндагии якҷоя пеш намебаранд. Вале қабл аз сабти чунин издивоҷ САҲШ-ҳо дар Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон талаб мекунанд, ки аз мақомоти кишварашон маълумотнома оранд, то муҷаррад будани онҳоро исбот кунанд.
Роҳи ҳал кадом аст?
Ҳоким Бобокалонов, як муҳоҷири тоҷик, мегӯяд, барои гирифтани чунин санад ба Тоҷикистон омадан зарур аст, ки харҷи зиёд дорад. Аз ин рӯ, ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо, бисёре аз муҳоҷирони корафтода ба қаллобон рӯ меоранд, ки ба онҳо бар ивази пул маълумотномаҳои тақаллубӣ дуруст мекунанд.
“Дастрас кардани ҳуҷаттҳои сохтакоришуда дар Русия осон аст. Ҳамон муҳр ва ҳамон имзоро бар ивази пул сохта медиҳанд. Имзои шахси мутасаддӣ низ дар он ҳаст”, - гуфт ӯ.
Аммо Каримҷон Ёров, вакили дифои тоҷики муқими Маскав, мегӯяд, бюрократӣ шудани ҷараёни додани ҳуҷҷатҳо ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия мушкили онҳоро афзун мекунад. "Вақте як ҳуҷҷатро як ниҳод медиҳад, пас, чаро дурустии онро бояд як бори дигар идораи дигар тасдиқ кунад? Муҳоҷирон барои он бештар бо шаҳрвандони Русия никоҳ мекунанд, ки имкони гирифтани РВП ваё ҳаққи иқомати сесоларо пайдо мекунанд", - афзуд ӯ.
"Онҳо ба ивази пул қодиранд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳоро созанд"
Аммо Ёров афзуд, душвортар шудани ҷараёни гирифтани ҳуҷҷатҳо аз Тоҷикистон муҳоҷиронро ба “доми қаллобони ҳуҷҷат” бештар тела медиҳад. Ин вакили дифоъ мегӯяд, дар вокзали Қазон ва ҳалқаи метрои Маскав ду гурӯҳи бузурги “тақаллубкорони ҳуҷҷатҳо” амал мекунанд, ки қодиранд ҳамагуна ҳуҷҷатҳои сохтаро ба ивази пул омода кунанд. “Ин гурӯҳҳо, масалан, справкаи муҷаррадиро метавонанд бар ивази 5 ҳазор рубл омода кунанд, ки аз ҳуҷҷати аслӣ ҳеҷ фарқ надорад. Инҳо қодиранд, ҳуҷҷати ронандагӣ, шиноснома ва ҳар ҳуҷҷати дигар таҳия кунанд бар ивази пул”, - афзуд ӯ.
Мавридҳои издивоҷи тақаллубии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия борҳо мояи нигаронии вакилони рус шуда буд. Соле қабл гурӯҳе аз вакилони маҷлиси маҳаллии вилояти Калуга ба Думаи давлатӣ тарҳи қонунеро фиристоданд, ки дар он барои издивоҷи дурӯғин ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Пешниҳоди се соли зиндон барои никоҳи тақаллубӣ
Муаллифони тарҳ пешниҳод карданд, барои издивоҷи тақаллубӣ аз 10 то 300 ҳазор рубл ҷарима, ё корҳои иҷборӣ барои се сол ё маҳрумият аз озодӣ барои се сол муқаррар шавад. Ҳанӯз ин тарҳ аз сӯ вакилони Думаи давлатӣ тасдиқ нашудааст. Шумораи дақиқи издивоҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони Русия маълум нест. Аммо ҳоло беш аз 800 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ба сар мебаранд.