Ба хотири ҷалби сокинон ба пардохтҳои саривақтии хароҷоти коммунилаву андоз, мақомот дар бархе ноҳияҳо тадбирҳои ғайрианъанавиро ба кор мебаранд. Зиёрати хонаи Худо ё Ҳаҷҷ аз он ормонҳои муқаддасест, ки бисёриҳо дар ҷумҳурии мусалмоннишин дар дил мепарванданд ва ба хотири анҷоми ин фаризаи исломӣ тамоми умр пул ҷамъ мекунанд. Ҳоло бархе мақомот мегӯянд, ки дар амри зиёрати Маккаи муқаддас, мардум набояд аз масъулиятҳои шаҳрвандии худ сарфи назар кунанд.
Мақомот дар ноҳияи Восеи минтақаи Хатлон мегӯянд, ҳар довталаби зиёрати Хонаи Худо ва онҳое, қи қасди баргузор кардани ҷашни арӯсӣ доранд, бояд пули хадамоти коммуналӣ ва андозҳоро пурра пардохт намоянд ва дар ғайри он, ба онҳо иҷозаи рафтан ба Ҳаҷҷ ва баргузор кардани маъракаҳо дода намешавад. Ҳаҷҷ яке аз барномаҳоест, ки зери назорати ҳукумат қарор дорад ва ҷараёни гирифтани роҳхати сафар шадидан назорат ва санҷида мешавад.
Мусо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ рӯзи 19 январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки сар аз нимсолаи дуввуми соли 2016 қоидаи назорат аз пардохтҳои ҳатмии коммуналиву андоз амал мекунад ва бар асоси он сокинони маҳаллӣ ҳақи гирифтани роҳхати зиёрати Хонаи Худоро ба даст меоранд. Ғафурзода гуфт, ки ин муқаррарот имсол ҳам побарҷо хоҳад буд. Раиси ноҳияи Восеъ афзуд, афроде ҳастанд, ки қасди зиёрати Хонаи Худо ва баргузор кардани тӯю маъракаҳоро доранд, вале пули хадамоти коммуналӣ, аз ҷумла об, барқ ва андозҳои худро пардохт накардаанд.
"Ҳоҷӣ қарздор буда наметавонад"
Раиси ноҳияи Восеъ дар тавҷеҳи ин ибтикори худ гуфт, ки бо ин роҳ мехоҳанд зоирон беқарз ба Хонаи Худо раванд ва ҳамин тариқ навҷавононе, ки нав вориди зиндагӣ мешаванд, бидуни қарз ба ҳаёти оилавии худ оғоз намоянд. Раиси ноҳияи Восеъ ҳамзамон гуфт, ки барои рушди ин ноҳия як хазина таъсис додаанд ва аз соҳибкорон ва довталабони зиёрати Хонаи Худо даъват кард, ки ба он кӯмак намоянд ва дар рушди ноҳияи худ саҳм бигузоранд.
Ин ибтикори раиси ноҳияи Восеъ дар минтақаи Кӯлоб ва шояд дар тамоми Тоҷикистон як таҷрибаи бесобиқа аст. Ҳарчанд дар гузашта дар бархе аз минтақаҳои кишвар мақомот аз довталабони зиёрати Хонаи Худо даъват карда буданд, ки қабл аз таҳияи ҳуҷҷатҳои сафари Ҳаҷҷ ба зарардидагон аз сел кӯмак намоянд. Аз ҷумла соли 2015 дар Қубодиён аз ҳар довталаби зиёрати Хонаи Худо даъват шуда буд, ки қабл аз таҳияи ҳуҷҷатҳои сафари Ҳаҷ, ба зарардидагон аз сел дар деҳаи Заркамар 1200 сомонӣ кумак намоянд.
Арзиши роҳхати ҳаҷ
Арзиши роҳхати ҳаҷ дар Тоҷикистон соли 2014 бо қурби онвақтаи миллӣ 3700 долларро ташкил медод ва он сол ҳудуди 6300 нафар ҳақ пайдо кардан, ки ба Маккаву Мадина сафар кунанд. Аксари ин зоирон бо кӯмаки фарзандону наздиконашон ва ғолибан дар натиҷаи ҷамъоварии чандинсолаи маблағи ҳаҷ пули роҳро ҷамъоварӣ мекунанд. Бо ин ки хароҷоти сафар баландтар назар ба даромади миёнаи аҳолӣ аст, маҳз ба хотири фарзу суннат бисёриҳо талош мекунанд охирин пулҳои худро бо нияти нек ҷамъоварӣ ва ба маконҳои муқаддас сафар кунанд.
Масъалаи пардохтҳои коммуналӣ ва андоз бошад, ба қавли коршиносон, аз қабили мавзӯъҳои то ҷое нороҳаткунанда барои аҳолӣ аст. Онҳое, ки барои пӯшиши қарзҳои коммуналӣ ё андоз намешитобанд, гоҳо аз нокофӣ будани сифати хадамоти таъмини обу барқ шикоят мекунанд. Айни замон, коршиносон мегӯянд, ки ҳанӯз дар мардум фарҳанги масъулиятшиносӣ дар баробари қонунҳои маъмурӣ баланд нест ва ҳамин сабаб мешавад, ки дар пардохти хароҷот таъхир мекунанд. Яке аз ин сохторҳо - ширкати "Барқи тоҷик" аст, ки ҳанӯз дар нимаи дувуми соли 2016, ҳаҷми қарзи сокинонро 621 миллион сомонӣ ҳисоб карда буд.