Дарси "Конститутсия". Тарафдорону мухолифон чӣ мегӯянд?

Нуриддин Саид

Дарси Қонуни асосӣ, қонун дар бораи танзими анъана ва масъулияти падару модар барои хонандагони синфҳои 8 ва 9-и мактабҳои миёнаи Тоҷикистон омӯзонда хоҳад шуд. Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм – рӯзи 9 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин тасмим бо пешниҳоди раиси ҷумҳур гирифта шудааст ва аз моҳи сентябри имсол ба барномаи таълимӣ ворид мегардад. “Ҳамаи ин қонунҳоро дар доираи фанни Асосҳои давлат ва ҳуқуқ таълим хоҳанд дод”, - афзуд ӯ.

Бисёре аз наврасон аз волидону ҳамсояҳо ва хешону ҳаммаҳаллаҳои худ фаҳмидаанд, ки танҳо аз роҳи риояи қонун зиндагӣ кардан осон нест. Қонунҳои нонавиштае ҳастанд, ки роҳу равиши воқеии зиндагиро "дикта" мекунанд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ки таҳрири китоби Асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар шакли аз тарафи Маҳкам Маҳмудзода – раиси Додгоҳи конститутсионӣ ва Маҳмад Раҳимзода – раиси Маркази қонунгузорӣ то моҳи март ба итмом мерасад. “Чаро барои хонандагони синфҳои 8 ва 9? Бар асоси Конститутсияи Тоҷикистон таҳсил то синфи нӯҳум ҳатмӣ аст. Барои онки як қисми хонандагон баъд аз хатми синфи 9 ба курсҳои шашмоҳа ва ё курсҳои яксолаи коргарӣ меравад ва аз маълумоти мукаммал дар бораи Конститутсия берун намонанд”, - изофа кард Нуриддин Саид.

Акс аз бойгонӣ

Фанни Асосҳои давлат ва ҳуқуқ солиёни зиёд боз дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дарс дода мешавад ва, ба қавли мақомот, «ҳадафаш ошно кардани хонандагон бо муҳимтарин бахшҳои қонунҳои кишвар аст». Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, тазодди ҷомеаи Тоҷикистон ин аст, ки бархе банду қонунҳои нав дар шароит ва бо ҳадафҳои баҳсбарангез қабул шудаанд, аз назари меъёрҳои демократӣ суолбарангезанд ва мавриди интиқод қарор гирифтаанд. Дар ҳоле ки қонунҳои масъулияти падару модар ва танзими анъана бисёр вақт аз назари хусусияти муҷозоткунанда ва маҳдудкунандаи озодиҳои шаҳрвандон буданашон интиқод шаванд, Конститутсияи Тоҷикистон барои дар амал татбиқ нашуданаш пеш аз ҳама аз ҷониби худи мақомоти баландпояи кишвар мавриди танқид қарор мегирад.

Иршод Сулаймонӣ

Рӯзноманигор Иршод Сулаймонӣ гуфт, “дар назари аввал тадриси қонунҳои Тоҷикистон дар мактабҳои миёна ҳеҷ мушкил надорад. Вале масъала ин аст, тадриси қонунҳои Тоҷикистон дар мактабҳои миёна дар шароите ҷорӣ мешавад, ки гуфтугузорҳо дар мавриди иҷро нашудани он зиёд аст. То замоне ки худи қонун дар ҷомеа ворид нашавад ва амалан кор накунад, тадриси он дар мактабҳои миёна манфиати зиёдеро ба бор намеорад.”

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, зарурати ба барномаи мактаб ворид кардани қонунҳои танзими анъана ва масъулияти падару модарро тасмими баҳсбарангез номид. Ӯ гуфт, ҳеҷ заруратеро намебинад, ки ин қонунҳо дар мактаб дарс дода шаванд. “Инҳо на аз он қонунҳое ҳастанд, ки ба арзишҳои умумиинсонӣ ягон пайвандӣ дошта бошанд. Ҳангоми қабули ин қонунҳо фикру ақидаҳои аҳли ҷомеа хеле гуногун буданд, ки то куҷо ҳуқуқу озодии шаҳрвандонро вайрон мекунанд.”

Абдумалик Қодиров

Вай гуфт, ҳама қонунҳои маҳдудкунандаи озодиҳои шаҳрвандӣ хилоф бо меъёрҳои демократӣ аст ва ин қонунҳо дар порлумон бо ташаббуси ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ қабул шуда ва замони пешниҳод ва баррасӣ шуданашон ҳам саволу баҳси зиёд эҷод кардаанд.

Қонунҳои масъулияти волидон ва танзими анъанаҳо дар фосилаи 10 соли гузашта эҷод ва қабул шуданд ва ҳоло, ба қавли як коршиноси дигар, бояд бидуни баҳс аз ҷониби наврасон аз худ карда шаванд. Як коршиноси дигар гуфт, мактабиён ҳам узви комилҳуқуқи ҳамин ҷомеа ҳастанд ва ҳама ҷараёнҳо дар пеши чашми онҳо, дар телевизион ва ҳам хонаводаашон мегузарад.

“Хонандагони имрӯза медонанд, бо инки қонуни нав иҷозат медиҳад, баъди синни 30 шахс ҳақ дорад даъвои курсии президентӣ ё узвият дар порлумонро кунад, аммо воқеияти зиндагӣ комилан дигар аст. На ҳар каси хоҳишманд метавонад аз ин ҳаққи конститутсионии худ истифода кунад. Бисёре аз наврасон аз волидону ҳамсояҳо, аз хешовандону ҳаммаҳаллаҳои худ фаҳмидаанд, ки танҳо аз роҳи риояи қонун зиндагӣ кардан осон нест, чунки қонунҳои нонавиштае ҳастанд, ки роҳу равиши воқеии зиндагиро «дикта» мекунанд”, - гуфт як мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Як омӯзгори ботаҷриба гуфт, вазифаи мактаб – тарбияи кӯдак дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳам эҳтироми қонун аст, вале аз он муҳим – тарбияи озодфикрӣ ва мустақилияти фардии шахс аст, ки, мутаассифона, на ҳама мактабҳои имрӯза дар Тоҷикистон ингуна имкониятро доранд. Вале бартарияти идеологӣ бар плюрализми фикрӣ ва озодиҳои зеҳнӣ дар тарбияи шаҳрванди оянда бетаъсир намемонад.

Зимнан, як пурсиши ЮНИСЕФ – Бунёди атфоли СММ (“Назари ҷавонон дар бораи сифати таҳсилот дар Тоҷикистон”), ки ноябри соли 2012 анҷом шудааст, мегӯяд, бисёр наврасони 13 то 24-сола дар ин кишвар аз сифати таълим дар мактабҳои миёна розӣ нестанд. Таҳлилгарон мегӯянд, мактаб бояд замонавӣ ва ҷавобгӯ ба тақозоҳои давру чолишҳои худ бошад, то тавонад барои хонанда дар пайдо кардани роҳи зиндагиаш ёрӣ ва ӯро ҳамчун фард ва шахсияти мустақил тарбия кунад.