Барои мудирони маориф, ки бо ҷалби сармояи тоҷирону сокинони оддӣ мактабу кӯдакистон месозанд, ҷоизаи пулӣ дода хоҳад шуд. Бар асоси ин қарор, ки 10 октябр аз тарафи Абдураҳмон Қодирӣ – раиси вилояти Суғд – имзо, вале нусхааш тоза ба дасти мо расид, барои сохтани бинои мактаби нав 10 ҳазор сомонӣ, бунёди аз 6 то 10 синфхона 5 ҳазор ва аз 2 то 6 синфхона 3 ҳазор сомонӣ ҷоиза медиҳанд.
Соли гузашта Маҳкам Ёқубов, як деҳқони суғдӣ эълон кард, ки 20 сол пули нафақа ва ҳосили заминашро ҷамъ карда, барои кӯдакони деҳааш мактаб сохтааст.
Қодирӣ дар остонаи соли хониши имсола ба масъулони шуъбаҳои маориф дастур дода буд, “дар шаҳру ноҳияҳое, ки мактаб ва кӯдакистонҳои хусусӣ надоранд, то охири соли таҳсил бо ҷалби сармояи соҳибкорон ҳадди ақалл як мактаб ва як кӯдакистон бунёд кунанд.” Вай таъкид кард, ҳукумат ба навбати худ барои ҷудо кардани замин ва ҳуҷҷатгузорӣ ба муассисаҳои нави таълимӣ мусоидат менамояд.
Ин дар ҳолест, ки идораи маорифи вилояти Суғд аз ҳукумат хостааст, барои таъмиру тармим ва азнавсозии беш аз 30 мактаби миёна, ки бархе дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ёрӣ расонад. Ба қавли масъулони идораи маориф, ҳар сол шумораи мактабхонҳо дар минтақаи шимоли кишвар 17 ҳазор зиёд мешаванд ва зарурати сохтани чандин мактаби нав ба миён омадааст.
Аз нигоҳи масъулони маориф, мушкили норасоии мактабу кӯдакистон дар маҳалҳоро аз ҳама беҳтар мудири мактаб медонад ва аз ин рӯ масъулияти роҳандозии бунёди муассисаҳои нави таълиму тадрис бар дӯши онҳо гузошта шудааст.
Дар Тоҷикистон таъмиру тармими ҷория ва ҳарсолаи мактабҳои миёна умдатан аз пули ҷамъоварда аз хонандагон сурат мегирад. Ҳамзамон солҳои охир тақрибан дар ҳамаи шаҳру ҷамоатҳои минтақа мактабҳои наве аз пули хайрияи сармоядорон ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешаванд.
Аз ҷумла, соли гузашта Маҳкам Ёқубов, як деҳқони суғдӣ эълон кард, ки 20 сол пули нафақа ва ҳосили заминашро ҷамъ карда, барои кӯдакони деҳааш мактаб сохтааст. Бачаҳои деҳаи Метки ноҳияи Ғончӣ, ки қаблан дар гармову сармо барои таҳсил 4-5 километр роҳи то мактаби ягонаи деҳаро пиёда тай мекарданд, соли гузашта аз ин мушкил халос хӯрданд.
Деҳаи кӯҳистонии Метк бо беш аз 5 ҳазор аҳолӣ танҳо як мактаби миёнаи рақами 27 дошт ва зарурати сохтани мактаби нав ҳанӯз охирҳои солҳои 80-уми и асри гузашта матраҳ шуда буд. Маҳкам Ёқубов, сокини 71-солаи деҳаи Метк гуфт, ки барои сохтани мактаб 1 миллион сомонӣ харҷ кардаанд.
Гузориш дар бораи мактаби Маҳкам Ёқубов аз бойгонӣ:
Вилояти Суғд ҳудуди 1000 мактаб дорад, ки дар онҳо тақрибан 500 ҳазор талаба таҳсил мекунанд. Бештари ин мактабҳо дар замони Шӯравӣ сохта шуда, ҳоло ба бозсозӣ ниёз доранд. Ҳукумат мегӯяд, дар 10 соли охир дар шимоли Тоҷикистон барои бештар аз 40 ҳазор хонанда бо пули буҷа ва сокинон мактаб ва синфхонаҳои нав сохта шудааст. Вале бо ин вуҷуд ҳанӯз ҳам бархе аз деҳаву маҳаллаҳои нав ва дурафтодаи Суғд мактаб надоранд ва кӯдакон дар утоқҳои тангу торик дарс мехонанд.