Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таърихи тоҷикони ҷаҳон" -- бошад ё набошад? ВИДЕО


Намое аз дарси "Тоҷикони ҷаҳон" дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Намое аз дарси "Тоҷикони ҷаҳон" дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Чанде аз донишмандони таърихи муосири Тоҷикистон, шогирдони муаррихи маъруф ва муаллифи китоби “Таърихи тоҷикони ҷаҳон” Мансур Бобохонов ахиран пешниҳод карданд, то дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои кишвар омӯзиши таърихи тоҷикони ҷаҳон дар шакли як дарси алоҳида ба роҳ монда шавад.

Ин пешниҳод ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо дар 3 соли ахир дарси мазкур пурра аз барномаи таълимӣ дар бисёре аз ихтисосҳо бардошта шудааст ва ҳоло барои мисол, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фақат дар факултаҳои таърих ва муносибатҳои байналмиллалӣ ва он ҳам бештар дар шакли як дарси интихобӣ, гузошта шудааст. Дар Донишгоҳи Русия-Тоҷиистон (славянӣ) ин дарс, ҳоло танҳо барои донишҷӯёни ғоибхони соли саввуми факултаи таърих таълим дода мешавад. Ба ҷойи ин дарс дар ин донишгоҳ ҳоло дарси тоҷикони Русия омӯзонида мешавад.

Шодипур Юсуфбек
Шодипур Юсуфбек

Шодипур Юсуфбек, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки "Таърихи тоҷикони ҷаҳон" пас аз таърихи халқи тоҷик як фанни муҳим аст ва бояд дар соатҳои муайяншуда омӯхта шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаҳон тақрибан 50 миллион тоҷикон ба сар мебаранд ва зарур аст, ки дар бораи ин тоҷикон ҳам насли нав маълумот бигирад.

Ба гуфтаи Шодипури Юсуфбек, “баъзеҳо гумон мекунанд, ки ин такрори таърихи халқи тоҷик аст, не, куллан дигар аст. Ин фан тоҷиконро аз ҳудуди берун аз Тоҷикистон ҷустуҷӯ мекунад. Дар бораи кору рӯзгори тоҷиконе, ки дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, маълумот медиҳад. Барои пурра омӯхтани вазъи зиндагии онҳо як фанни алоҳида зарур аст.”

Таълими фанни "Таърихи тоҷикони ҷаҳон" соли 1996 бо талоши Мансур Бобохонов, яке аз муаррихони маъруфи тоҷик ва бо пешниҳоди президент, чун фанни таълимӣ тақрибан дар тамоми донишгоҳҳо мавриди омӯзиш қарор гирифт. Шодипур Юсуфбек мегӯяд, дар доираи ин фан, ба донишҷӯён дар бораи тоҷикони беш аз 40 кишвари дунё таълим дода мешуд. Аммо бо тағйир ёфтани барномаҳои таълимӣ ва ба низоми кредитӣ гузаштани мактабҳои олии Тоҷикистон сар аз соли 2007, доираи таълими ин дарс ба гуфтаи муттахассисон баръакс маҳдуд шуда, аз барномаи таълимӣ берун монд.

Тоҳир Хоҷаев.
Тоҳир Хоҷаев.

Тоҳир Хоҷаев, Сардори раёсати таълими ДДМТ мегӯяд, фанни "Таърихи тоҷикони ҷаҳон" дар ин донишгоҳ дар доираи дарсҳои таърих ва курси махсус ба тамоми донишҷӯён таълим дода мешавад. Ба андешаи Хоҷаев, дар барномаи таълимии ворид кардани он чун як фанни алоҳида зарурат вуҷуд надорад, “зеро барои ихтисоси амалкунанда масалан, онҳое, ки таърихро меомӯзанд, ин соатҳо дар дохили нақшаи таълими пурра омӯзонида мешаванд ва омӯзгорон дар ин робита дарс мегӯянд, аммо барои ихтисосҳои дигари гуманитарӣ, ҳамон 134 соатҳои пешбинишуда ба фанни таърих кофӣ аст, ки таърихи тоҷикони ҷаҳонро ҳам аз худ кунанд.”

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз танҳо дар як факулта, он ҳам муносибати байналмиллалӣ барои донишҷӯён дарси алоҳидаи "Таърихи тоҷикони ҷаҳон" дод мешавад. Устодон мегӯянд, фанни "Таърихи тоҷикони ҷаҳон" барои ташаккули ҷаҳонбинии ҳар ҷавони тоҷик ва мустаҳкам кардани алоқаҳои тоҷикони дохил бо тоҷикони бурунмарзӣ муҳим аст.

Пешниҳоди тадриси фанни "Тоҷикони ҷаҳон" дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Амриддин Шарипов, мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ дар факултаи мукносибатҳои байналмиллалӣ ва омӯзгори фанни "Таърихи тоҷикони ҷаҳон" мегӯяд, дар доираи ин дарсҳо, худи ӯ аз таърих ва фарҳанги тоҷикони хориҷ ба ҷавонон маълумот медиҳад ва мегӯяд, ки тоҷикон дар кадом гӯшаҳои дунё бо чӣ шарту шароите зиндагӣ доранд.

Ин устоди таърихи тоҷикони ҷаҳон мегӯяд, маълумоту донише, ки ҷавонон дар доираи дарси мазкур ба даст меоранд, метавонад барои боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва ҳиси миллатдӯстии онҳо ҳам мусоидат кунад.

Ҷонибдорони ворид кардани фанни "Таърихи тоҷикони ҷаҳон" ба барномаи таълимӣ, ба он таъкид мекунанд, ки то замони истиқлол равобити фарҳангиву иқтисодии тоҷикони дохилӣ бо бурунмарзӣ вуҷуд надошт ва ба хотири эҳёи алоқаҳои таърихӣ ва барқарор кардани ҳамкориҳо, омӯзиши таърихи тоҷикони ҷаҳон дар Тоҷикистон муҳим буд ва бояд ин дарс бошад.

XS
SM
MD
LG