Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лӯлиҳо мактаби махсус мехоҳанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар ҷануби Тоҷикистон, тасмим гирифтааст, то барои фарзандони қабилаи лӯлиҳо дар масоҳати як гектар замин мактаби замонавӣ созад. Ин тасмим дар пайи шикояти лӯлиҳо дар робита ба дур мондани фарзанди онҳо аз таҳсил рӯи даст гирифта шудааст.

Омода ҳастем, ки ҳашар карда мактабро зуд ба истифода диҳем, чунки гадоӣ дигар мисли солҳои пеш нест.
Панҷӣ Илҳомов

Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, рӯзи 19 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими бунёди мактаби замонавӣ барои қабилаи лӯлиҳо ҷиддӣ мебошад, чун онҳо чандин бор расман ариза навишта ва дар мулоқот аз дур мондани фарзандонашон аз таҳсил шикоят кардаанд. Убайдуллои Файзулло бовар дорад, ки лӯлиҳо оҳиста - оҳиста суннати бобоии худ, яъне талбандагиро тағйир дода, рӯ ба таълиму омӯзиш меоваранд.

"Мардумаш муроҷиат карданд, навиштанд, мо низ аз ҳукумати кишвар дархост кардем, ки бояд барои лӯлиҳо мактаб созем. Тасмими мо ҷиддӣ аст. Чун онҳо таваҷҷуҳ доранд. Мактабе, ки сохта мешавад, махсус барои лӯлиҳо мебошад. Онҳо зиёд таваҷҷуҳ доранд. Мисле, ки дигар шудаанд. Ман ҳатман мактаби онҳоро ба истифода медиҳам", - афзуд ӯ.

Кӯдакони лӯлӣ
Кӯдакони лӯлӣ

Ин дар ҳолест, ки ҳудуди 10 тан аз фарзандони лӯлиҳо баъзе вақт ба мактаби тоҷикӣ рафта ва таҳсил мекунанд. Аммо лӯлиҳо иддао доранд, ки фарзандонашон дар мактабҳои тоҷикӣ таҳқиру сарзаниш мешаванд.

Хазинаи молии бунёди мактаби замонавӣ барои фарзандони лӯлӣ аз буҷаи ҳукумати ноҳия харҷ хоҳад шуд, вале дар назар гирифта шудааст, ки дар корҳои сохтмонӣ аз нерӯи худи лӯлиҳо истифода шавад. Зеро мақомот ба ин боваранд, ки вақте лӯлиҳо саҳми худро дар бунёди мактаб мегузоранд, дар омӯзишу парвариш низ масъулият эҳсос хоҳанд кард.

Хайрулло Ҳакимов, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сохтмони мактаби лӯлиҳо аз 8 синф иборат буда, масоҳати умумии он як гектар заминро ташкил медиҳад, ки дар ҷамоати деҳоти “Туғаланг” бунёд мешавад. Ӯ гуфт, "оқсоқол ё роҳбари қабилаи лӯлиҳо ба раиси ноҳия ариза дод, ки қабул карданд. Ин мактаб дар миёни ду деҳаи қабилаи лӯлиҳо бунёд мешавад. Солҳои пеш монеа буд. Ҳоло корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар шудааст, ки лӯлиҳо низ мехонанд."

Видео аз бойгонӣ:

Пешвои лӯлиҳо: Моро ҳам ба назар гиред
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Панҷӣ Илҳомов, марди 50-солаи лӯлӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфт, аз қабилаи онҳо касе таҳсил накардааст, вале бо гузашти вақт халтаи гадоияшонро мехоҳанд ба дониш иваз кунанд ва фарзандонашонро ба мактаб фиристанд. Вай гуфт, "мехоҳем кӯдакҳо хонанд, дониш дошта бошанд. Гуфтанд, ки мактабро месозем, мо хурсанд шудем. Омода ҳастем, ки ҳашар карда мактабро зуд ба истифода диҳем, чунки гадоӣ дигар мисли солҳои пеш нест. Танҳо аз қабилаи мо пирон гадоӣ мекунанд, ҷавонон бояд омӯзанду мактаб хонанд."

Дар ҳамин ҳол аз ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфтанд, то ин вақт оморе дар бораи хатми синфи 11 аз қабилаи лӯлиҳо надоранд ва нафаре аз бузургтарин қабилаи лӯлиҳо дар водии Вахш донишҷӯ нашудааст ва ба сарбозӣ низ нарафтааст. “Ҳамакнун тасмим шудааст, ки пас аз бунёди ин мактаб агар лӯлибачае аз таҳсил дар мактаб дур мемонанд, бар асоси қонун муҷозот хоҳад шуд”, мегӯянд масъулони ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

Лӯлиҳои муқими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Лӯлиҳои муқими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Тибқи омори ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, шумораи фарзандони қабилаи лӯлиҳо, ки синнашон аз 7 то 18 ҳаст, 300 нафар гуфта мешавад. Онҳо дар ҷамоати деҳоти “Туғаланг”, Коммунист ва Максим Горкий зиндагӣ мекунанд. Теъдоди умумии ҷӯгиҳо дар водии Вахш 3 ҳазору 41 нафар ё 227 хоҷагиро ташкил медиҳад. Аммо таҳлилгарон мегуянд, баъид аст, ки бо бунёди мактаби нав ва ба таҳсил фаро гирфтани фарзандони лӯлиҳо онҳо аз пешаи талбандагии худ даст кашанд. Зеро бо вуҷуди талошҳои Иттиҳоди Шуравӣ барои тағйир додани шеваи зиндагии лӯлиҳо, онҳо ҳамчунон талбандагиашонро идома доданд.

XS
SM
MD
LG