Инқилоби соли 2005 дар Қирғизистонро кӣ сармоягузорӣ карда буд?

Мухтор Аблязов – бонкдори собиқ ва аз мухолифони Нурсултон Назарбоев – раиси ҷумҳури Қазоқистон иддао дорад, ки инқилоби 11 соли пеш дар Қирғизистонро ӯ сармоягузорӣ карда буд. Аблязов дар сӯҳбат бо нашрияи фаронсавии Liberation гуфтааст, ин сармоягузорӣ барояш муҳим буд, чун мехост ҷараёни демократикунонӣ дар яке аз кишварҳои пасошӯравӣ оғоз ёфта, ислоҳоти, ба қавли ӯ, "дуруст" роҳандозӣ шавад. Додгоҳе дар Порис рӯзи 9 декабр истирдоди Мухтор Аблязовро ба Русия рад кард ва баъди чанд соати судури ин қарор ӯро озод намуд. Мақомоти Қазоқистону Русия ва Украина Аблязовро дар дуздии миллиардҳо доллар айбдор карда ва таҳти пайгард қарор дода буданд.

Ҳаминро хуб медонам, ки Мухтор Аблязов аз инқилоби Қирғизистон хеле шод шуда буд. Инро дар хотир дорам.
Марат Жанузаков

Ин сарватманди қазоқ сармоягузории ӯ дар инқилоби 11 соли пеши Қирғизистонро, ки боис ба сарнагунии ҳукумати Аскар Оқоев шуда, баъдан Қурмонбек Боқиевро ба раёсати ҷумҳурӣ расонд, як далели ангезаи сиёсӣ доштани парвандааш донист. "Дар оғози соли 2005 мухолифони Қирғизистонро сармоягузорӣ кардам, то низоми онвақтаро сарнагун кунанд", - афзудааст ӯ.

Мухтор Аблязов

Дар гузашта дар бораи сармоягузории мухолифони Қирғизистон дар инқилоби соли 2005 аз тарафи Мухтор Аблязов чизе гуфта нашуда буд. Баръакс, гуфта мешуд, сармоягузорӣ аз тарафи Ғарб сурат гирифта, ба ҷараёни он мафияи қочоқбарони маводи мухаддир таъсир расондаанд. Азимбек Бекназаров, яке аз раҳбарони ҳодисаҳои соли 2005 дар Қирғизистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, Аблязов бо мухолифини Қирғизистон ҳеҷ иртибот надошт.

"Бо ҳеҷ кас робита надошт. Эҳтимол бо Дониёр Усенов муносибат дошта бошад, вале инро дақиқ гуфта наметавонам. Мумкин ба Усенов пул дода бошад, аммо ба инқилоб не. Дониёр Усенов баъди инқилоб омад. Вай метавонист ин пулҳоро дар интихоботи Қурмонбек Боқиев сар кунад", - гуфт Бекназаров.

Қурмонбек Боқиев дар ҷараёни ҳодисаҳои соли 2005

Азимбек Бекназаров таъкид кард, на дар моҳи март ва на дар моҳи апрели соли 2005 ҳеҷ сармоягузории хориҷӣ барои мухолифин сурат нагирифтааст. Равшан Ҷээнбеков, яке дигар аз фаъолони ҳодисаҳои соли 2005 ва узви Ҷунбиши мардумии Қирғизистон гуфт, чизе дар бораи сармоягузории Мухтор Аблязов нашунидааст. "Дақиқ гуфта метавонам, ки ягон тин аз хориҷ ворид нашудааст. На шунидам ва на дидам, ки кадоме аз иштирокдорон аз пули хориҷӣ ва ёрии берунӣ ҳарф зада бошад", - таъкид кард ӯ.

Ҷээнбеков илова намуд, эҳтимол Мухтор Аблязов ба касе пул дода ва он нафар ҳам сармояҳоро аз худ намудааст. Додситонии кулли Қирғизистон гуфт, ки иддаои Мухтор Аблязовро таҳқиқ мекунад. Бар асоси қонунҳои Қирғизистон сармоягузории фаъолиятҳои сиёсӣ дар ин кишвар мамнӯъст.

Моҳи марти соли 2005, Қирғизистон

Марат Жанузаков, яке аз ҳамроҳони Мухтор Аблязов гуфт, дар бораи сармоягузории инқилоби Қирғизистон маълумот надорад. Вале афзуд, "ҳаминро хуб медонам, ки Мухтор Аблязов аз инқилоби Қирғизистон хеле шод шуда буд. Инро дар хотир дорам. Аммо касеро пуштибонии молӣ кардааст, ё не, намедонам."

Мухтор Аблязов соли 2001 Ҷунбиши интихоботи демократии Қазоқистонро таъсис дода, баъдан бо ҷурми берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ба шаш соли зиндон маҳкум гардид. Танҳо пас аз онки гуфт, ба корҳои сиёсӣ дахолат намекунад, мавриди афви Нурсултон Назарбоев қарор гирифта ва соли 2005 якбора ба раёсати "БТА бонки Қазоқистон" расид.

Мухтор Аблязов баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳе дар Порис. Декабри 2016

Ҳоло мақомоти Қазоқистон Мухтор Аблязовро дар дуздии миллиардҳо доллари "БТА Бонки Қазоқистон", ки раҳбарияшро дар ихтиёр дошт, айбдор мекунанд. Аблязов баъди дар ихтиёри ҳукумати Қазоқистон қарор гирифтани ин бонк дар соли 2009 кишварашро тарк кард ва то соли 2011 дар Бритониё ба сар бурд. Вай дар Русияву Украина низ барои дуздии пул муттаҳам дониста мешавад. Вале худаш ин иттиҳомотро қабул надорад ва борҳо гуфтааст, ки айбномаи ӯ сохта буда, ангезаи сиёсӣ дорад. Раиси пешини шӯрои мудирони “БТА Бонки Қазоқистон” аз тобистони соли 2013 то моҳи декабри имсол дар яке аз маҳбасҳои Фаронса нигаҳдорӣ мешуд.