Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар Оқтеппа муътадил шудааст


Калмухонбет Қосимов
Калмухонбет Қосимов

Калмухонбет Қосимов - вазири корҳои дохилии Қазоқистон - эълон кард, ки вазъ дар Оқтеппа, ҷануби ин кишвар, муътадил шудааст. Ӯ 14 июн дар Остона гуфт, "кормандони мақомоти интизомӣ ба ҳолати маъмулии кор баргаштанд ва тадбирҳои шадиди амниятӣ лағв гардид."

Қосимов афзуд, дар маҷмуъ, 45 нафар нақшаи ҳамла дар Оқтеппаро кашида, вале ҳамагӣ 25 тани онҳо дар ҳамла ба фурӯшгоҳи силоҳ иштирок кардаанд.

"Вақте “ҷиҳод”-ро эълон карда, аз хонаҳо ба берун баромадаанд, 19 нафарашон аз ин кор даст кашидаанд. Дар роҳ боз се нафари дигар аз раъйи худ гаштаанд. Дар навори дурбинҳои назоратӣ дида мешавад, ки 25 нафар вориди фурӯшгоҳи силоҳ шудаанд," – илова кард ӯ.

Ба қавли Колмуханбет Қосимов, ҳадафи ҳамлаварон ба даст овардани силоҳҳои "ҷиддитар" ва бо истифода аз онҳо ғасби идораҳои давлатӣ дар ҷануби Қазоқистон будааст. Дар пайи ин ҳамла, ба гуфтаи ӯ, дар панҷ сокини осоишта ва се низомӣ ҷон бохтаанд. Вазорати тандурустии Қазоқистон мегӯяд, ки дар тӯли нуҳ рӯзи баъди ин ҳодиса ба бемористонҳои Оқтеппа 40 сокини ин минтақа оварда шудаанд.

Ҳоло таҳқиқи парвандаи ҳодисаҳои Оқтеппаро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситони кулли Қазоқистон ба уҳда гирифтааст.

Рӯзи 5 июн як гурӯҳи мусаллаҳ ба ду мағозаи силоҳфурӯшӣ ва як қисми низомии Горди миллии Қазоқистон ҳамла карданд. Мақомот то ҳол гурӯҳи масъули ҳамлаҳои Оқтеппаро мушаххас накардаанд, вале онҳоро “тундравони мазҳабӣ” ном мебаранд. Зери ин ибора мақомоти қазоқ маъмулан ҷангҷӯёни исломиро дар назар доранд.

Аммо мақомот то ҳол тавзеҳи рӯшане, ки даст доштани “тундравони исломӣ” дар ҳодисаҳои ахир дар ғарби Қазоқистонро собит кунад, ироа накардаанд.

Яке аз афроде, ки ба даст доштан дар ҳамлаҳои Оқтеппа айбдор мешавад, қаблан дар Интернет видеое нашр карда буд, ки дар он аз ҳусни таваҷҷӯҳаш ба созмони тундрави "Давлати исломӣ" ҳарф мезад. Як гурӯҳи то ҳол ноошнои "Артиши озодибахши Қазоқистон" низ аз тариқи Интернет масъулияти ҳамлаҳои Оқтеппаро бар ӯҳда гирифта, иддао кардааст, ки ин ҳамлаҳо оғози муборизаи онҳо алайҳи сулолаи президент Нурсултон Назарбоев мебошад.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 8 июн бо нашри як баёния дар сомонаи расмиаш гуфт, ҳамлагарон пайравони як равияи тундрави мазҳабӣ буданд ва аз хориҷ раҳнамоӣ мегирифтанд. Назарбоев ин ҳамлаҳоро нишонаҳои “инқилобҳои ранга” номид, ки дар Гурҷистону Украина ва дар Қирғизистон рух дод.

XS
SM
MD
LG