Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Созмони Шанхай аз мавҷи нави "инқилобҳои ранга"


Вазири амнияти Чин Го Шенкун дар мулоқоти котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай(СҲШ) аз таҳдидҳои гурӯҳҳои тудрав дар минтақа ва хатарҳои дигар ҳушдор додаст.

Бо ҳушдор аз таъсири эҳтимолии рӯйдодҳои Ховари Миёна ва Афғонистон ба вазъ дар кишварҳои Созмони Шанхай (СҲШ) мақомоти амниятии ин эътилоф хостори ҳамкориҳои наздиктар шуданд.

Дар нишасти котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СҲШ, ки рӯзи панҷшанб, 17-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масоили марбут ба ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бар терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои умда баррасӣ шуд.

Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо натиҷагирӣ аз ин мулоқот дар нишасти хабарӣ гуфт, вазъи муташаниҷ дар минтақа дар ҳошияи кишварҳои созмон метавонад таъсири номатлубе ба суботи кишварҳои узви созмон дошта бошад.
Вай аз ҷумла афзуд, «яке аз масъалаҳое, ки дар нишасти мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт, масоили сулҳу амният ва суботи Афғонистон буд. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки бо дарназардошти мустақилият ва тамомияти марзӣ бояд кишварҳои узви СҲШ дар амри суботу оромӣ ва рушди ин кишвар бо шикати худи афғонҳо саҳм бигиранд. Ҳамзамон тарафҳо дар робита ба вазъи Сурия изҳор доштанд, ки ин кишвар ба мусолиҳаи сиёсӣ зарурат дорад ва ин иқдомро бояд худи мардуми Сурия бо дар назардошти мустақилияти ин кишвар ба хушунат поён дода, ҳарчӣ зудтар пайи мизи музокира нишинанд. Бо назардошти таъсири вазъи ноороми ин минтақа ба кишварҳои узви СҲШ ҷонибҳо ба иҷрои тавофуқҳои ба дастомада дар заминаи ҳамкориҳои амниятӣ ишора карданд.»

Ҷаноби Қаҳҳоров гуфт, котибони шӯроҳои амнияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳамчунин ба тақвияти мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир, ки ба суботи кишварҳои минтақа ва некӯаҳволии мардум латма мезананд таъкид намудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири амнияти Чин Го Шенкун дар ин нишаст қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва ҳамчунин вусъати таваҷҷӯҳи созмонҳои террористӣ дар минтақаро аз хатароти асосие ном бурд, ки дар
атрофи кишварҳои узви созмон мечарханд. Ба гуфтаи Шенкун, фаъолияти ҳаракатҳои терористӣ дар минтақа беш аз пеш эҳсос мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, нақши созмонҳои терористии назири Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҷиҳоди исломӣ ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ дар минтақа бештар шудааст ва баргаштани онҳо ба минтақа бо суръат эҳсос мешавад. Ҳамзамон ин мақоми баландпоя аз таҳдиди шеваҳои нави инқилоби ранга ҳушдор додааст, ки бо дахолати нерӯҳои хориҷӣ метавонад, дар ин кишварҳо сар занад.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатшиносони тоҷик ин ишораи вазири амнияти Чинро ба эҳтимоли такрори таҳаввулоти ахири Украина дар ин кишварҳо марбут медонанд, ки дар маҷмӯъ мояи нигаронии кишварҳои узви ин созмон шудааст.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, агар ҳоло Чин бо як миқдор дипломатия дар мавриди ин мавзӯъ сӯҳбат мекунад, аммо Русия ба сурати ошкор дар вуқӯъи ин гуна инқилобҳо ва бахусус таҳаввулоти ахири Украина, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупоро гунаҳкор мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Бекмуҳаммад, ин мақоми чинӣ низ ба сурати ғайримустақим ба нақши кишварҳои ғарбӣ дар эҳтимоли вуқӯи инқилобҳои ранга ишора мекунад.

Ӯ ҳамчунин афзуд, «ба назари ман, ҳарфи аслӣ дар робита ба эҳтимоли такрори инқилобҳои ранга дар қаламрави кишварҳои узв агар як бахши аз ин мавзӯъ ба фароҳам будани заминаи чунин иттиффоқҳо дар ин кишварҳо баргардад, тарафи дигари масъала воқеиятест, ки шиддат гирифтани рақобати қудратҳо ва ба сурати бисёр ошкор, аз як тараф Русия ва аз тарафи дигар Амрикову Итиҳодияи Аврупоро бозгӯ мекунад. Вале ба андешаи ман, ба самти бӯҳрон рафтани таҳаввулоти Украина ва ояндаи бисёр норӯшан ва мубҳами ин кишвар ва ҳаракатҳои тунди Русия ва рустаборони дохили Ураина то ҳадде барои чанд муддат эҳтимоли такрори чунин иттифоқот дар кишварҳои узви СШҲ-ро ба таъхир хоҳад андохт.»

Дар ҳамин ҳол, Парвиз Муллоҷонов, яке аз дигар сиёсатшиносони тоҷик мегӯяд, бо вуҷуди он ки Русияву Чин пайваста кишварҳои Ғарбро дар ба ҳам задани субот дар минтақа муттаҳам ва рӯи ин мавзӯъ таъкид мекунанд, аммо таҳдиди асосӣ дар дохили худи ин кишварҳост.

Ӯ афзуд, «мисоли рӯшани ин гуфтаҳо Украина аст, ки ҳукумат натавонист масоили иқтисодиву иҷтимоиро ҳал кунад ва фасод дар сатҳи болотар қарор гирифт. Ба ин гуна маризиҳо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Русия низ гирифтор аст. Ва хатар маҳз аз ин ҷо меояд. Агар иқтисоди кишвар қавӣ ва мардум серу пур бошад, ягон нерӯ аз берун суботро вайрон карда наметавонад.»

Мулоқоти котибони Шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Шанхай дар пойтахти Тоҷикистон бо тасвиби як санад дар заминаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, ба хусус дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар хатарҳо ба поён расид.
XS
SM
MD
LG