Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯби Назарзода сиёсати ҳукуматро тағйир дод


Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, ба бовари бисёриҳо, як нуқтаи чархиш ё пайте шуд, ки сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумати Тоҷикистонро хеле дигар кард.

“Ошӯби Назарзода” дар моҳи сентябри соли ҷорӣ сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистонро ба ҳадди ғайри интизор ва ғайри қобили пешбинӣ тағйир дод.

Ҳанӯз ҷузъиёти даст ба ошӯб задани генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ - Ҳалим, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон, ки мақомҳои давлатӣ аз он танҳо “табаддулоти давлатӣ” ном мебаранд, маълум нест. Ҳар маълумоте, ки дар робита ба ин шӯриш ироа шудааст, танҳо аз ниҳодҳои қудратӣ берун омадаанд ва манбаи алтернативии тасдиқ ва ё инкори ин маълумот вуҷуд надорад.

Аммо зоҳиран акси садои ин ҳодиса Тоҷикистонро ба як кишвари комилан дигар табдил дод. Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки эҳтимолан ҳукумат барномаи эҷоди як ҷомеъаи бастаи бидуни мухолифонро, ки дар он касе бе дастури мақомот даҳон боз намекунад, аз пеш омода карда буд ва барои татбиқи он пайт меҷуст ва фурсати мусоидро "исёни Назарзода" барояш муҳайё кард.

Ба думболи ҳодисаҳои моҳи сентябр даҳҳо узви ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт ва худи ин ҳизб ҳамчун “созмони террористӣ” баста шуд, вакилони дифои онҳо зери таъқиб қарор гирифтанд, сомонаҳои интернетӣ баста шуданд, озодии сухан ба таври дар 20 соли ахир бесобиқа маҳдуд шуд ва интиқоду талабҳои бешумори созмонҳои байналмиллалӣ барои беҳбуди вазъ беэътиноёна сарфи назар шуд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, бархӯрдҳои ғайридемократӣ ба ҷараёнҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз пас аз интихоботи президентии соли 2013 ба назар мерасид, аммо “ошӯби Назарзода” баҳонае барои зудтар анҷом додани ин сиёсат шуд. Ин сиёсатшинос мегӯяд, ки Тоҷикистон аз ҳамон шевае кор гирифт дар Русия оғоз шуда буд: Ин идеология дар Русия оғоз шуда буд. Мазмуни ин идеология аз он иборат аст, ки фаъол шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ боиси инқилобҳои ранга мегардад. Фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ як падидаи умумӣ аст. Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёси Миёна ҳам зоҳиран бо пайравӣ аз Кремл фишор болои дигарандешонро таҷриба мекунанд.”

Ҳоло ба гуфтаи Муллоҷонов, аз лиҳози сиёсӣ Русия ва аз лиҳози иқтисодӣ Чин аз ҳама гуна сиёсатҳои Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд ва ин аст, ки ин кишвар дигар бидуни ягон ҳарос хостаҳои худро дар самти сиёсати давлатӣ пеш мебарад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, ҳоло назари созмонҳои ҷаҳонӣ барои озод кардани мухолифони сиёсӣ ва фишор болои матбуоти озод ҳеҷ таъсире надорад.

“Пештар Тоҷикистон ба он хотир ба ҳарфи созмонҳои байналмиллалӣ гӯш мекард, ки ҳарфи онҳо ба сармоягузории кишварҳои ғарбӣ таъсир дошт. Ҳоло Тоҷикистон бештар ба Чин ниёз дорад ва барои Чин ҳуқуқи инсону фишор болои матбуот ҳеҷ аҳмият надорад. Аз тарафи дигар, ҳукумати Тоҷикистон дарк кард, ки вокуниши созмонҳои байналмилалӣ характери зоҳирӣ доранд ва дар асл эътирозашон ҳеҷ пайомади ҷиддӣ барои ҳукумати кишвар надорад,” - мегӯяд Парвиз Муллоҷонов.

Пас аз “ошӯби Назарзода”, ки рӯзи 4-уми сентябр оғоз шуда, 12 рӯз идома кард, дар баробари боздошти ҳудуди 200 нафар аз аъзои гурӯҳи Назарзода, фаъолони ҲНИТ ва чандин вакили дифоъ, парлумони Тоҷикистон ҷанбаҳои қонунии ин рафтори ҳукуматро бо тағйири қонунҳо расмӣ кард. Пас аз ин ҳодиса парлумон иҷоза дод, то ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ интернет, мавҷҳои телефонӣ қатъ шаванд ва тамоми шаҳрвандон ба таври ҳатмӣ бояд изи ангушт супоранд. Ҳамчунин, бо қабули Қонун дар бораи “Пешвои миллат ва асосгузори сулҳу ваҳдат” ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунии Тоҷикистон иҷоза дода шуд, то ки ҳатто пас аз рафтан аз мансаби президентӣ раҳбарии худро ба таври ҳамешагӣ ба гунаи дигар идома бидиҳад.

Созмонҳои байналмиллалӣ ин талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро ғайридемкоратӣ унвон мекунанд ва ин роҳи пешгирифтаро барои умури давлатдорӣ чандон муассир намедонанд.

Маҳдии Собир
Маҳдии Собир

Аммо Маҳдии Собир, корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, амалкардҳои ахири ҳукуматро дуруст ва сари вақтӣ медонад. Ӯ мегӯяд, дар кӯтоҳтарин фурсат фурӯ нишондани ошӯби Абдуҳалим Назарзода ҷилавгирӣ аз бузургтарин нооромӣ дар Тоҷикистон буд, аз ин рӯ, ҳеҷ ҳарфи созмонҳо, ки дар пасманзари ин ҳодиса гуфта мешавад, мантиқ надоранд.

Ӯ афзуд: “Созмонҳои байналхалқӣ бештар ба кишварҳое мансубанд ва мустақил нестанд. Ҳарфи онҳо агар воқеан ба манфиати миллати мо ва амнияти кишвари мо набошад, ҳеҷ гоҳ ба назар гирифта намешавад. Мо вазъи дохилии худро хубтар медонем ва медонем, ки дар кадом ҳолат чӣ гуна амал кунем. Ин созмонҳо як сӯм медиҳанд ва умедашон ин аст, ки фардо даҳ сӯм бигиранд. Ҳама манфиати худро дунбол мекунад.»

Ба ақидаи Маҳдии Собир, асосан кишварҳое аз тағйири сиёсати амниятии Душанбе нигаронӣ мекунанд, ки «барномаҳои ноором кардани Тоҷикистонро натавонистанд амалӣ кунанд.»

Маҳдии Собир нагуфт, ки кадом созмонҳо ё кишварҳо барномаи ноором кардани кишварро пайгирӣ мекунанд ва ҳамчунин маълум нест, ки чораҳои амнитяии ҳукумати Тоҷикистон барои як марҳилаи муайян шадид шудаанд ва ё ҳолати феълӣ як раванди давомдор хоҳад буд. Аммо аз ҳоло маълум аст, ки ин тадобир фазои тарсро дар зеҳнҳо эҷод кардааст ва шаҳрвандон аз изҳори ошкорои ақидаи худ дар мавзӯъҳои сиёсӣ худдорӣ мекунанд. Аҳзоби сиёсӣ, ки ҳамагӣ як соли пеш дар интихоботҳо номзад пешниҳод мекарданд, ҳоло аз саҳна ғайб задаанд ва ҳатто раҳбарони онҳо аз тамос бо хабарнигорон парҳез мекунанд.

Рӯзи 4-уми сентябр дар пайи ду ҳамлаи ҷудогона дар Душанбе ва Ваҳдат 9 тан аз кормандони пулис кушта шуданд. Мақомот Абдуҳалим Назарзода, ки то он рӯз вазифаи муовини вазири дифои Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, масъул донистанд. Рӯзи 16-уми сентябр Назарзода бо ҷамъе аз ҳамроҳонаш кушта шуд ва баъдан мақомот эълон карданд, ки муовини собиқи вазири дифоъ бо кӯмаки ҲНИТ ва “кишварҳои хориҷӣ” қасди табадулоти давлатӣ ва нором кардани вазъи Тоҷикистонро доштанд”.

Вале бо гузашти беш аз се моҳ аз он ҳодисаҳо ва боздошти даҳҳо тан аз фаъолони мухолифин ва вакилони мудофеъ, боз ҳам тавре ба назар мерасад, акси садои “ошӯби Назарзода” то ҳол дар Тоҷикистон садо медиҳад. Назорат аз болои созмонҳои ҷамъиятӣ, расонаҳо шадидтар мешавад, рӯшанфикрон аз сӯҳбатҳои қаблан ошкорояшон дигар парҳез мекунанд ва чандин сомонаи интернетӣ дар Тоҷикистон баста боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG