Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти маъмулӣ ё "паём"-и Русия ба Тоҷикистон?


Николай Патрушев, Дабири Шӯрои амнияти Русия.
Николай Патрушев, Дабири Шӯрои амнияти Русия.

Ба қавли Николай Патрушев, дар Русия ва кишварҳои дигари ИДМ эҳтимоли рух додани “инқилобҳои ранга” боқӣ мемонад.

Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев изҳор дошт, ки дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Украина эҳтимоли вуқӯи «инқилобҳои норинҷӣ» боқӣ мондааст ва ин ба Русия хатар эҷод мекунад.

Ҳарчанд доираҳои сиёсии Тоҷикистон “ҳушдор”-и мансабдори русро як изҳороти маъмулӣ унвон мекунанд, ҳамзамон меафзоянд, ки он метавонад, барои мақомоти се кишвари номбаршуда паёмҳои вижа низ дошта бошад. Дар чанд соли охир ҳушдор аз “инқилобҳои ранга” як ишораи мармуз ба дахолат дар ҳаёти сиёсии кишварҳо, ба таври сунъӣ ангехтани эътирозу ошӯб барои тағйири ҳокимият дониста мешавад. Пас, ҳушдори Патрушев аз “инқилобҳои ранга” чӣ заминае дорад? Ин ҳам дар ҳоле ки дар Русия умдатан Амрикоро масъули «инқилобҳои ранга» дар Гурҷистону Украина ва Қирғизистон медонад.

Амирқул Азимов
Амирқул Азимов
Изҳороти Патрушев дар ҳоле садо медиҳад, ки музокироти Русия бо Амрико дар қазияи Сурия ба натиҷае намерасад ва се рӯз пеш Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико эълом дошт, ки кишвараш ба эҳёи Шӯравӣ дар ниқоби ҳар гуна иттиҳодҳо роҳ нахоҳад дод. Агар ин оғози “сардӣ” дар равобити байни ду қудрати ҷаҳонӣ бошад, изҳороти Патрушев як навъ ҳушдор аз дӯстии кишварҳо бо Иёлоти Муттаҳида буда метавонад.

Аммо Амирқул Азимов, раиси Кумитаи ҳуқуқ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин изҳоротро як гуна пешгӯии вазъи минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 унвон кард ва гуфт, Тоҷикистон дар баробари ин хатарҳо омодагии худро дорад. Ҷаноби Азимов афзуд, "сохторҳои қудратии Тоҷикистон омодаанд, ки аз ҳар гуна хатарҳо ба амнияти кишвар ҷилавгирӣ кунанд. Омода ҳастанд. Ман ба ин бовар дорам. Мо вазъиятро хуб медонем. Сохторҳои мо онро ҳамарӯза таҳлил мекунанд, чораҳо мебинанд. Таҳдиди рӯйрост имрӯз дида намешавад. Аммо ҳар гуна пешбиниҳоро бояд таҳлил карда, бояд чора бинем ва дида истодаем."

Дар ҳамин ҳол, иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки самтгириҳои геополитикии қудратҳо дар Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи НАТО имкон дорад, ба куллӣ тағйир хӯрад.

Андрей Грозин, таҳлилгари рус
Андрей Грозин, таҳлилгари рус
Андрей Грозин, сарвари шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ, мегӯяд, агар ҳадафи иттиҳодияҳои иқтисодиву гумрукии Русия, ки ба Амрикову Чин аслан писанд нест, роҳи русии таҳти назорат нигоҳ доштани фазои собиқи нуфуз бошад, “инқилобҳои ранга” ва вуруд ба Афғонистон низ кӯшиши соҳиб шудан ба ин имтиёз аст.

Вай гуфт, "ҳоло тариқи тамоми марокизи ҷаҳонӣ мехоҳанд манофеи худро ҳимоят кунанд. Ҳоло қудратҳо эҷоди бӯҳрони низомии маҳаллиро салоҳи кор намедонанд, балки тариқи манипулятсияи захираҳои иттилоотиву молиявӣ ва ротатсияи элита, тавре дар Гурҷистон буд, кор мекунанд. Дар Қирғизистон аз дигар шева кор гирифтанд. Кишварҳо набояд худро бо чизе таскин диҳанд. Вазъи имрӯза дигар аст, бахусус дар Осиёи Марказӣ. Воқеият ин аст, ки элита ва контрэлитаҳои собиқ Шӯравӣ ба хотири бақо ва муборизаашон ҳамагӣ ба нерӯи хориҷӣ, хоҳ Амрико бошад ва хоҳ Чину Русия такя мекунанд."

Ҳарчанд ҳукуматҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Украина ба изҳороти Патрушев вокуниши расмӣ нишон надодаанд, ба ақидаи коршиносон, онро бетаваҷҷуҳ ҳам боқӣ нахоҳанд гузошт.
XS
SM
MD
LG