Таъсиси гуруҳи муштарак барои таҳқиқи вазъи муҳоҷирони тоҷик

Шукурҷон Зуҳуров бо Сергей Наришкин

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, гуфтааст, ки кишвараш аз ҳодисаҳои ба ҳалокат расидану маҷрӯҳ шудани муҳоҷирон дар Русия сахт нигарон аст.

Раҳбарони порлумони Тоҷикистону Русия ба тавофуқ расидаанд, ки ба зудӣ аз ҳисоби вакилони ду кишвар барои таҳқиқи вазъи муҳоҷирон як гуруҳи муштарак таъсис хоҳанд дод. Ин пешниҳод аз сӯи Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – рӯзи 19 май дар шаҳри Санкт-Петербург садо додааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон, рӯзи 20 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, оқои Зуҳуров гуфтааст, аз ин тариқ ба мушкили муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия ба таври ҷиддӣ расидагӣ хоҳад шуд. “Ин пешниҳод аз тарафи Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия хуб пазируфта шуд ва ӯ гуфт, ки ин масъала дар рӯзҳои наздик ба таври мусбат ҳал хоҳад шуд,” - афзуд Султонов.

Раиси Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – дар ин суҳбаташ бо Сергей Наришкин аз ҳамлаҳои, ба гуфтаи ӯ, афзоянда болои муҳоҷирони тоҷик дар Русия шадидан нигаронӣ карда, аз ҷумла занозании хунини қабристони Хованскоеи Маскавро мисол овардааст. Ӯ гуфтааст, "ба ҷинояткорону шахсони паси ин занозанӣ мувофиқи амалашон ҷазо дода шавад". Ҳамзамон, ӯ гуфтааст, фаъолиятҳои муғризонаи чунин гурӯҳҳо наметавонад, ба равобити дӯстонаи Тоҷикистону Русия халал ворид кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нақли шоҳиди айнии ҷанги хунин дар оромгоҳи Хованское

Дар навбати худ Сергей Наришкин аз ҳалокати се шаҳрванди Тоҷикистон дар занозании Хованское изҳори таассуф карда, аз Шукурҷон Зуҳуров хостааст, то ҳамдардии ӯ ва намояндагони дигари Думаи давлатиро ба хонаводаи кушташудаҳо бирасонад. Ӯ таъкид кардааст, ки ба қазияи мазкур “ҳатман дар доираи қонунҳои амалкунандаи Русия расидагӣ шуда ва гунаҳкорони ҳодиса ҷазои муносиб хоҳанд гирифт”.

Пештар аз ин, Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқоташ бо Валентина Матвиенко - раиси Шӯрои Федератсияи Русия низ мавзӯи баррасии мунсифонаи ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дар Русияро матраҳ карда буд. Зуҳуров аз он ибрози ташвиш кардааст, ки пас аз ҳодисаи қабристони Хованскоеи Маскав фишори ниҳодҳои қудратии Русия болои муҳоҷирони тоҷик зиёд шуда ва бархе аз вакилони порлумони Русия хостори ихроҷи муҳоҷирон ва ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон шудаанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, дар панҷ соли охир аз Русия ба Тоҷикистон тобути 4815 муҳоҷири тоҷик фиристода шудааст, ки ҳудуди 400 нафари онҳоро ҷинояткорон куштаанд, вале на ҳамаи гунаҳкорон ҷазо гирифтаанд. Инчунин, ӯ аз ихроҷи бидуни асоси муҳоҷирони тоҷик аз қаламрави Русия ибрози нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, "суръати баррасии парвандаи муҳоҷирон ва судури қарорҳо касро ба ҳайрат меорад. Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти дахлдори кишвари иқомат ин корро на дар асоси қонунҳо, балки аз рӯи нақша амалӣ мекарда бошанд.”

Валентина Матвиенко гуфтааст, ки бозрасии ҳодисаҳои ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик, бахусус, ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дар қабристони Хованскоеи Маскавро таҳти назорат гирифтаст. Ӯ ҳамчунин, мухолифати худро ба имкони ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иброз доштааст.

Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 17 май барои иштирок дар ҳамоиши байналмилалии "Дурнамои иқтисодии АвруОсиё" ба шҳари Санкт-Петербург рафтааст. Ӯ қаблан дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон гуфта буд, ки қазияи занозании Хованскоеро бо мақомоти Русия дар миён хоҳад гузошт.

Рӯзи 14 май як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани “ҳаққ” ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киев дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Дар ин қабристон ҳудуди 200 зодаи Тоҷикистон машғули гӯрканӣ, нигоҳубини мазорҳо ва сангтарошӣ буданд. Намояндагони гурӯҳи ҷиноии иборат аз зодагони Қафқоз, русҳо аз мардикорон талаб кардаанд, ки нисфи даромади худро ба онҳо бидиҳанд. Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд ва 23 тани дигар захм бардоштанд.

Ҷасади се муҳоҷири кушташударо субҳи 18 май аз Маскав ба Душанбе оварда, баъдан дар зодгоҳашон Роғун ба хок супураднд. Барои қабули тобути муҳоҷирон барои нахустин бор вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағозода омада, раисиҷумҳур низ ба хонаводаи муҳоҷирони кушташуда изҳори ҳамдардӣ кард.