Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамдардии Э.Раҳмон ба наздикони се муҳоҷири кушташуда


Тобути се муҳоҷири кушташудаи тоҷик субҳи 18 май аз Маскав ба Душанбе оварда шуд
Тобути се муҳоҷири кушташудаи тоҷик субҳи 18 май аз Маскав ба Душанбе оварда шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба наздикони се муҳоҷири тоҷик, ки дар занозании рӯзи 14 май дар Маскав кушта шуданд, изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагони занозании рӯзи 14 май дар гӯристони Хованскоеи шаҳри Маскав изҳори ҳамдардӣ кардааст. Дар ин бора торнамои расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода ва гуфтааст, ҳодисаи занозанӣ дар Маскав аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия мавриди тафтиш қарор дорад.

Се зодаи Роғун -- Сӯҳроб Хушакови 22-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола рӯзи 14 май дар занозании хунин дар қабристони Хованскоеи Маскав кушта шуданд. Ҷасади ин се шаҳрванди Тоҷикистон субҳи 18 май тавассути ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба Душанбе оварда шуд. Барои қабули тобутҳо Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омада буд. Вале мақомоти фурудгоҳ ба хабарнигорон иҷоза надоданд, ки лаҳзаҳои берун овардани тобутҳоро ба навор бигиранд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷасади қурбониёни ин ҳодиса бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Русия ва идораву сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ ба Ватан баргардонда шуданд. Қаблан Сарвар Бахтӣ, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон низ ба Озодӣ гуфт, бо кӯшиши сафорат ва консулгарӣ асноди лозим барои интиқоли тобути Сӯҳроб Хушаков, Иноят Ризоев ва Сайнуриддин Собировро омода карданд.

Тобути 3 тоҷики кушташударо ба Душанбе оварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Рӯзи 14-уми май як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани “ҳаққ” ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киев дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Дар ин қабристон ҳудуди 200 зодаи Тоҷикистон машғули гӯрканӣ, нигоҳубини мазорҳо ва сангтарошӣ буданд.

Намояндагони гурӯҳи ҷиноии иборат аз зодагони Қафқоз, русҳо аз мардикорон талаб кардаанд, ки нисфи даромади худро ба онҳо бидиҳанд.Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд ва ҳудуди 30 тани дигар захм бардоштанд.

Cуҳроб Хушаков
Cуҳроб Хушаков

Пулиси Русия, ки ба Хованское нирӯҳои ОМОН-ро фиристод, мегӯяд, 160 нафарро дастгир кардааст. Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Сарвар Бахтӣ гуфт, аз 110 зодаи Тоҷикистон, ки баъди муноқиша дастгир шуданд, бо мусоидати сафорат то имрӯз 87 нафарро озод кардаанд. Аксари онҳо ба гуфтаи намояндаи сафорат, рӯзи 17 май раҳо шуданд. Ӯ афзуд: " Бояд тазаккур дод, ки дар рафти бозпурсӣ нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуд. Раванди тафтишот воқеъбинона ҷараён дорад."

Аммо дар айни замон "бинобар надоштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият 3 нафар ба Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ интиқол дода шуданд." Намояндаи сафорат афзуд, дар мавриди 20 шаҳрванди дигари Тоҷикистон мақомоти Русия парвандаҳои маъмурӣ кушодаанд.

Рӯзи 17 май додгоҳи минтақаи Шербинское ин 20 нафар ва ҳамчунин ду зодаи дигари Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро ҳам доштанд, бо гуноҳи авбошӣ маҳкум ба ҳабси 15 рӯзӣ кард.

Матбуоти Русия хабар дод, ки аз ин афроди маҳкумшуда 7 нафарро баъди адои 15 рӯзи ҳабсашон аз Русия берун мекунанд. Аммо Сарвар Бахтӣ, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, сафорат кӯшиш хоҳад кард, то ба ин 7 нафар ҳам кӯмак кунад.

Мақомоти дипломатии Тоҷикистон мегӯянд, як чизи мусбат дар ин ҳодисаи ба сари худ фоиҷаомез ҳусни ҳамкорӣ ва шеваи бархӯрди мақомоти интизомии Русия буд, ки ба фарқ аз мавридҳои қаблӣ ҷиҳати ба сурати оммавӣ ихроҷу берун кардани муҳоҷирони тоҷик на иқдом карданд ва на дар ин бора аз ягон минбар лаб кушоданд.

Аммо аз забони сиёсатмадорони рус дар пайи занозании Хованское чандин изҳорот бо талаби ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистону Узбакистон садо дод. Бархе шореҳон ин баёнияҳоро ба интихоботи қарибулвуқӯи парлумонии Русия, ки моҳи сентябр доир мешавад, рабт медиҳанд ва мегӯянд, ин сиёсатмадорон мехоҳанд дар оташи ин моҷаро ва баланд бардоштани шиорҳои зидди муҳоҷирон барои худ холҳои бештари сиёсӣ ҷамъ кунанд.

Дар чанд интихоботи ахири Русия, бахусус дар интихоботи ду сол пеши шаҳрдори Маскав қартаи зидди муҳоҷират ба як шиори асосии номзадҳо аз ҷонибҳои мухталиф табдил ёфтааст. Таҳлилгарони рус мегӯянд, ҳам номзадҳои ҳукумати кунунии Русия, ҳам мухолифини ин ҳукумат ва ҳамчунин аҳзоби қавмгаро талош мекунанд бо шиорҳои зидди муҳоҷирон ба дили интихобкунандаи норозӣ аз мушкилоти иқтисодии ин кишвар роҳ биҷӯянд. Онҳо мутмаинанд, ки як қартаи муайянкунандаи ҷавви ҳоким дар интихоботи моҳи сентябри Русия, мутаассифона, ҳамин қартаи зидди муҳоҷирони беҳуқуқ ва бечора хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG