Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти “мафия” – дар ҷайб ва дар гулӯи муҳоҷирони тоҷик


Мардикорони тоҷик дар Хованское бо белу санг ба ҳамлагарони мусаллаҳ муқовимат карданд
Мардикорони тоҷик дар Хованское бо белу санг ба ҳамлагарони мусаллаҳ муқовимат карданд

Занозании хунин дар қабристони Маскав нишон дод, ки муҳоҷирони тоҷики беҳуқуқ дар Русия дар аксари риштаҳое, ки кор мекунанд, аз дасти “мафия” ором надоранд.

Занозании хунини рӯзи 14 май дар оромгоҳи Хованское дар канори шаҳри Маскав, ки 3 кушта ва ҳудуди 30 захмӣ ба ҷо гузошт, як мавзӯи доғ, вале то ҳол аз мадди таваҷҷӯҳ дурмонда – дасти мафия дар ҷайби муҳоҷирони кориро рӯи об баровард. Аксар ба маоши гӯрканҳо ва бо чунин шеваи хушунатомезу хунин чашм ало кардани гурӯҳҳои мафиозиро ниҳояти пастии доираҳои ҷиноӣ дар роҳи афзоиши манбаъҳои даромадашон ва як навъ талоши эҳёи вазъу шароити солҳои 90 мешуморанд, ки мафия дар Русия тақрибан ҳама соҳоти пурдаромади ин кишвар – аз фурӯши обу донаҳои офтобпараст то бонкҳову саноати нафт ва ҳатто фаъолияти пулису таъмини артиши Русияро зери назорати худ дароварда буд.

Дасти “мафия” – дар ҷайб ва дар гулӯи муҳоҷирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим

Дар Хованское ҳудуди 200 зодаи Тоҷикистон – асосан аз Обигарму Роғун ва аз Душанбе – машғули пешаҳое, чун гӯрканӣ, сангтарошӣ, раҳрӯбӣ буда, ба сурати инфиродӣ ба наздикони мадфунон ҷиҳати нигоҳубини мазори наздиконашон хидмати худро пешниҳод мекарданд.

Дар ҳамлаи рӯзи 14 май дар Хованское ба муштзӯрҳо (рекэтирҳо) дар амри ғорати ҳамватанҳои худ зодагони Тоҷикистон ҳам ҳамдастӣ кардаанд. Ба Радиои Озодӣ исми дастикам се нафаре, ки дар ин моҷаро аз номи “чеченҳо” аз коргарони тоҷики оромгоҳи Хованское талаби “ҳақ” мекарданд, маълум аст.

Каромат Шарифов
Каромат Шарифов

Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия рӯзи 18 май дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, хуни аввалро ҳам дар занозанӣ дар қабристон ҳамин тоҷикҳо рехтанд: “Гурӯҳҳои зиёде ҳаст, ки даъво мекунанд, ки мо масъалаҳои тоҷикҳоро ҳал мекунем. Лекин корашон буридани сари тоҷики худашон аст. Инҳо як “пешка” (аскари пиёда)-анд, суфлёр(хабаркаш) ё ба таъбири маъруф, “шестёрка”-анд барои гурӯҳҳои ҷиноӣ, ҳамватанҳои худро мефурӯшанд. Мекобанд, ки дар куҷо як тоҷик чанд сӯм кор мекунад ва ба ҷинояткорон хабар медиҳанд. Онҳо мегӯянд, офарин, акнун ту пеш даро, ҷояшонро нишон деҳ. Аввалин тире, ки дар қабристони Хованское зада шуд, тоҷик аввал парронд. Тоҷик тоҷики худашро парронд! Ва танҳо баъди ҳамин куштор мардикорони тоҷик белу каланд гирифтанду хестанд.”

Илҳом Сайфуллоев, яке аз коргарони тоҷики оромгоҳи Хованское мегӯяд, ин гурӯҳи ҷиноии аксаран иборат аз зодагони Қафқозро ибтидо мудири нави оромгоҳ Юрий Чабуев овард, ки аз ин ба баъд бо онҳо кор кунед. Ӯ мегӯяд, ба дунбол аз номи ин гурӯҳи ҷиноӣ чанд тоҷик омаданду аз мардикорони тоҷик талаби “ҳақ” карданд: “Инҳо аввал аз номи чеченҳо омада, талаб карданд, ки ба онҳо ҳақ диҳем. Гуфтанд, ки даромади мо бояд ду тақсим шавад – 50 фоиз ба онҳо ва 50 фоиз - ба мо. Вале мо инҷо 30-40 ҳазор рубл маош мегирем ва агар нисфашро ба онҳо диҳем, чизе намемонад. Инҳо хаёл мекарданд, ки аз ин гӯручӯб ҳама пулро мардуми бечораи мо мегиранд. Вале кори тоҷик чӣ буд дар инҷо? Партовҳоро ҷамъ мекарду ягон панҷараро ранг мекард ё ягон корҳои дигари сиёҳ. Вақте зӯри худи “мафиоз”-ҳои тоҷик нарасид, чеченҳову доғистониҳоро барои тасфияҳисоб (“разбор”) оварданд.”

Муҳоҷирони тоҷик дар яке аз "мардикорбозор"-ҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия
Муҳоҷирони тоҷик дар яке аз "мардикорбозор"-ҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия

Баъди пойин шудан аз қатор ё ҳавопаймо ва оғози кору зиндагӣ дар Русия, муҳоҷирон дигар ба як “гови ҷӯшоӣ”-и беҳуқуқ ва бесоҳибе табдил меёбанд ва сар аз гурӯҳҳои ҷиноӣ то маъмурони ФМС ва пулис ҳар кадом талош мекунанд, аз даромади ин муҳоҷирон “ҳисса”-и худро ба даст биоранд. Чӣ дар бозору амборҳои савдо, чӣ дар сохтмонҳо, чӣ дар идораҳои коммуналӣ (ЖЭК), чӣ дар ширкатҳои роҳсозӣ ва, тавре ки занозании хунин дар Хованское нишон дод, ҳатто дар қабристон ин қишри беҳуқуқуқ ва осебпазир аз ҳамлаи гурӯҳҳои “ҳақ”-талаб эмин нест.

Як нуқтаи фарқкунанда дар мавриди муносибати “мафия” бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия ин аст, ки агар гурӯҳҳои ҷиноӣ маъмулан дар ивази чатри ҳимояти худ “ҳақ” бигиранд, пули ба гурӯҳҳои ҷиноӣ супурдаи мардикорони тоҷик дар бисёр маворид ба ҳаво меравад ва онҳо дар иваз ягон замонати ҳимоят ё кумак дар ҳалли мушкилотеро, ки ба сари онҳо меоянд, ба мисли тафтишҳои ногаҳонии пулису ФМС, хатари ихроҷ аз Русия, ё ҳамлаи гурӯҳҳои дигари ҷиноӣ, ба даст намеоранд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, дар ин мулки мусофирӣ танҳо ҳамватанҳои ҷиноятпешаи муҳоҷирони тоҷик нестанд, ки ба ҷайби онҳо чашми ҳирс ало кардаанд. Балки “мафиоз”-ҳои тоҷик зӯрашон танҳо ба халқи худашон мерасад ва дар ин шабакаҳои ҷиноӣ асосан нақши дуюмдараҷаи хидматгор, ё ба таъбири олами ҷиноӣ, “шестёрка”-ҳои гурӯҳҳои мафиозиро иҷро мекунанд – маконҳоеро, ки муҳоҷирони тоҷик дастаҷамъӣ кор мекунанд, пайдо карда, ба хоҷагони худ “мефурӯшанд”, аз номи гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳамватанҳои худро “ҳақ” (“доля”) мебанданд, онҳоеро, ки аз додани “ҳақ” саркашӣ мекунанд, ҳатто баъди бозгашташон дар Тоҷикистон ҳам таъқиб мекунанд, норозиҳоро ҳатто сар мебуранд, ки ба бақия дарс шавад.

Ренат Каримов
Ренат Каримов

Ренат Каримов, раиси кумитаи марказии Иттифоқҳои касабаи му ҳоҷирони кории Русия мегӯяд, фоҷиаи Хованское, ки ба хунрезӣ печид, аз ангуштшумор мавридҳоест, ки мардикорони тоҷик ба муштзӯрон гардан надода, муқовимат карданд ва кореро анҷом доданд, ки дар асл бояд пулис ва хеле қабл аз ин фоҷиа анҷом медод. Ба гуфтаи ӯ, дар аксари мавридҳои дигар, муҳоҷирони беҳуқуқ хомӯшона ба зулму ситами гурӯҳҳои ҷиноӣ сар хам мекунанд ва аз тарс ҷое лаб ба шикоят намекушоянд: “Навъҳои ситами гурӯҳҳои ҷиноӣ болои муҳоҷирон гуногун аст. Бархе корфармоҳо коргарони худро бо “мафия” тарсонда, ҳаққи корашонро намедиҳанд, ё ними маошашонро медиҳанду ними дигарашро ҳамчун “ҳаққи мафия” аз худ мекунанд. Ё баъди чанд моҳи истифодаи нирӯи кори муҳоҷирон, дар рӯзи пардохти ҳаққи онҳо ба ҷои кассир бо халтаи пул маъмурони ФМС бо тафтиши “ногаҳонӣ” меоянд ва мардикорон ба ҷои маош ҳукми ихроҷ мегиранд ва бо ҷайби холӣ ба Ватанашон ронда мешаванд. Ин ҳама формулаҳои мафиозианд, ки бо ҳамдастии ниҳодҳои расмӣ сурат мегиранд. Ва муҳоҷири беҳуқуқ дар муқобили ин зулму таадӣ ягон шанси ҳимоят аз худашро қариб надорад.”

Ба ҳисоби ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия, аз 100 рубл пуле, ки як муҳоҷири корӣ дар ин кишвар кор мекунад, 87 рублаш сарфи андозу патенту дигар пардохтҳои расмӣ ва ҳам барои супурдани “ҳаққ”-и маъмурони фасодзадаи пулису ФМС ва гурӯҳҳои ҷиноӣ сарф мешавад ва ба худи мардикор аз ҳар 100 рубл танҳо 13 рубл мерасад.

Аммо ин ба ном “мафияи тоҷикӣ” дар Русия аз куҷо пайдо шуд? Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия рӯзи 18 май дар сӯҳбат бо Озодӣ таърихи чигуна ба Русия “муҳоҷир” шудани гурӯҳҳои ҷиноӣ аз Тоҷикистонро чунин қисса мекунад: “Ин дуздбачаҳои тоҷике, ки имрӯз дар Русияанд, онҳоеянд, ки ҳукумати имрӯза аз Тоҷикистон пешашон кард. Ҳама роҳи нафасро барои онҳо дар Тоҷикистон бастанд ва ин “дуздак”-ро ҳама ба Русия рехтанд. Шабона ба манзилҳои тоҷикҳо ҳамла мекунанд, ба сохтмонҳо ҳамла мекунанд, ки мо “дузд”-ем, “ҳаққ”-и моро диҳед. Корд бароварда, ба гулӯи тоҷик мемонанд, даступояшро мебанданд, гӯшашро мебуранд. Зӯрашон фақат ба тоҷикҳо мерасад. Инҳо ҳастанд, вале барои ман, онҳо тоҷик нестанд, онҳо ҳаммилати ман нестанд!”

Русия ба солҳои 90 бармегардад?

Ренат Каримов, раиси кумитаи марказии Иттифоқҳои касабаи му ҳоҷирони кории Русия мегӯяд, албатта, вазъи ҷиноӣ дар Русия ҳанӯз ба гунаи солҳои 90 нашудааст, вале инки асароти бӯҳрони иқтисодӣ гурӯҳҳои ҷиноиро маҷбур кардааст, ки ҳатто ба ҷайби гӯрканҳо чашм ало кунанд, ба ақидаи ӯ, чандон аломати хуб нест: “Агар гурӯҳҳои мафиозӣ аз нав, мисли солҳои 90 сар боло кунанд ва дубора пулису ниҳодҳои дигари давлатиро дар хидмати худ қарор бидиҳанд, вой бар ҳоли мардуми коргари чӣ маҳаллӣ ва чӣ муҳоҷир. Ва бахусус вой бар ҳоли муҳоҷир, ки дар вазъи нисбат ба худи русҳо хеле осебпазиртар қарор дорад. Ҳоло “мафияи давлатӣ”, ба ҳар сурат, як каме ҳаддашро нигоҳ медорад. Вале зери султаи мафия ҳоли ҳоло ҳам хеле бади муҳоҷирон дар Русия боз ҳам бадтар хоҳад шуд.”

Ренат Каримов мегӯяд, гурӯҳҳои ҷиноӣ дар сурати эҳёи нуфузи солҳои 90-ашон ҳамон фазои беқонунӣ (“беспредел”)-и он давронро барқарор хоҳанд кард ва афроди норозӣ аз аъмоли онҳо, аз ҷумла муҳоҷирони гарданкашро бо кумаки пулису идораҳои дигар “ҷазо” хоҳанд дод. Каромат Шарифов мегӯяд, барои “дарс” додан ба муҳоҷирони дигар “ҷазо” додан, ҳатто куштани яке аз мардикорони саркаш барои гурӯҳҳои ҷиноии фаъол дар Русия алакай як амри маъмул шудааст.

Рӯзи 20 апрел дар бемористони шаҳри Ханти-Мансийск Асрор Табаррук Усмонзодаи 23-сола аз рустои Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон вафот кард. Ӯ рӯзи 7 апрел, яъне ду ҳафта пеш аз маргаш бо талаби маоши ҳанӯз аз соли гузашта ногирифтааш ба ширкати сохтмоние, ки соли 2015 барояш кор карда буд, муроҷиат кард ва алакай шаби 8 апрел афроди ношинос ба манзили иҷораи ӯ ҳамла оварда, сахт латукӯбаш карданд ва дар охир ба гулӯяш омехтаи сирко(уксус) ва аммиак рехтанд.

Исломиддин Бадриддинов
Исломиддин Бадриддинов

Рӯзи 26 март Исломиддин Бадриддинови 23-сола аз рустои Комсомоли ноҳияи Ҳисор, вақте 20 ҳазор рубл, муодили зери 300 доллар, маоши моҳонаашро аз як коргоҳи дарсозӣ дар шаҳри Клини вилояти Маскав мегирифт, аз тақдири бадаш ҳамон лаҳза ғоратгарони мусаллаҳ вориди идораи коргоҳ шуданд. Исломиддин маоши моҳонааш дар даст талош кард, ки худро аз чанги ғоратгарон вораҳонад. Ӯ туфангчаи дасти яке аз ҳамлагаронро аз дасташ зада, ба самти дар фирор кард. Вале ҳамлагари дувум пеши роҳашро гирифт ва бо корд ба қалбаш зад. Исломиддин аз ин зарба ҷон дод. Бригадири онҳо Шаҳбоз, ки низ аз рустои Комсомоли ноҳияи Ҳисор буд, аз ноҳияи китфаш ҷароҳат бардошт, вале зинда монд.

“Ҷанг”-и “Боря Душанбинский” барои бозори Черкизово

Аз гурӯҳҳои ҷиноӣ, аз ҷумла аз ҳамватанҳои роҳзани худ азият дидани муҳоҷирони тоҷик дар Русия хабари нав нест. Кандани “ҳақ” аз мардикорону соҳибкорони тоҷик дар Русияро зодагони ҷиноятпешаи Тоҷикистон ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90, билофосила бо оғози раванди муҳоҷирати мардуми тоҷик шурӯъ карда буданд. Аз он солҳо қиссаҳои пурдаҳшате дар бораи бо як бераҳмии гӯшношунид ғорат шудани мардикорони тоҷик аз сӯи ҳамватанҳои худи онҳо, бахусус дар бозорҳои Русия ва дар қатори роҳи оҳани Маскав – Душанбе дар ёдҳо боқӣ мондааст. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳатто маҷбур шуд, барои кандани пайи пои гурӯҳҳои роҳзан ба ҳар қатори роҳии Русия як гурӯҳи кормандонашро ҳамроҳ кунад. Танҳо баъди ин амнияти мусофирон дар роҳи сафар ба Русия таъмин шуд.

Аммо як ҷабҳаи асосии фаъолияти “мафиоз”-ҳои тоҷики солҳои 90, албатта, бозори Черкизовои Маскав буд, ки дар он, бино ба ҳисобҳо, беш аз 5000 тоҷик кор мекарданд - теъдоде дӯкондор буданд, вале аксар ҳаммолу роҳрӯб, фурӯшандаву ошпази оддӣ ва амсоли ин. Зӯри роҳзанҳои тоҷик дар ин бозор низ асосан ба ҳамватанҳояшон мерасид: Онҳо аз ҳаммолон ҳар моҳ барои кор дар инҷо ва ҳатто барои истифодаи ароба “ҳақ” мегирифтанд, корҳои равғанитаре, чун “бригадирӣ”-и ҳаммолонро бо пули калон мефурӯхтанд, талош мекарданд, ки бар изофаи “мафия”-ҳои дигар, ки аз ҳар дӯкондори ин бозор “ҳақ” меситонданд, аз дӯкондорони тоҷик боз изофатан “ҳаққ”-и худро бирӯёнанд.

“Боря Душанбинский”
“Боря Душанбинский”

Ба як гурӯҳ ба раҳбарии Борис Красиловский, мулаққаб ба “Боря Душанбинский”, аз ангуштшумор зодагони Тоҷикистон, ки дар олами ҷиноӣ унвони баландтарини “дузди қонунӣ” (“вор в законе”)-ро дошт, ҳатто муяссар шуд, ки қисмати хурде аз бозори Черкизоворо соҳибӣ кунад. Вале “Боря Душанбинский” ва ёронаш баъди як муддати хеле кӯтоҳ, рӯзи 8 июли соли 1997 дар як сӯиқасди мусаллаҳона дар наздикии бозори Черкизово кушта шуданд ва бо ҳамин, гурӯҳҳои ҷиноии зодагони Тоҷикистон дар ин бозор то замони баста шуданаш дигар танҳо бо кандани “ҳақ” аз ҳаммолони бечораи тоҷик маҳдуд шуданд.

Вале ба гуфтаи онҳое, ки “Боря Душанбинский”-ро мешинохтанд, гурӯҳи ӯ, ба фарқ аз гурӯҳҳои дигари ҷиноии тоҷикон, барои саҳми худ дар бозори Черкизово бо “мафия”-ҳои дигари саҳим дар ин бозор, ба мисли “мафияи Голяново” “меҷангид” ва ба кисаи мардикорони тоҷик чашм ало намекард.

Каромат Шарифов мегӯяд, то имрӯз ӯ танҳо як мавриди нақши мусбати “дузд”-они тоҷикро дар Русия ёд дорад, ки ба воситаи “дузд”-они арманӣ ба бастани барномаи танзомези “Равшан ва Ҷамшуд”, ки продюсеру ҳунарпешаҳояш дар телевизиони ТНТ низ аксар арманиҳо буданд, кумак карданд. “Дигар аз дасти “дузд”-ҳои мо ғайри куштану сар буридан ва ба “мафия”-ҳои дигар фурӯхтани муҳоҷирони тоҷик чизе надидем,” – бо алам афзуд раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия.

XS
SM
MD
LG