Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби коммунистони тоҷик аз ҳукумати Русия


Раёсати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз мақомоти Русия хостааст, ки гунаҳкорони ҳамла ба муҳоҷирони кории тоҷик дар як оромгоҳи бузурги Маскавро ба додгоҳ кашида ва ҷазои сазовор бидиҳад.

Дар баёнияи расмии ҳизб, ки рӯзи 18 май ба дасти Озодӣ расид, омадааст, ки муноқиша дар гӯристони Хованское дар шаҳри Маскав, "як амали бесобиқаи зӯроварӣ барои ғорати муҳоҷирони тоҷик буд" ва набояд ба унвони як муноқиша байни гурӯҳҳои ҷиноӣ барои минтақаи нуфуз арзёбӣ шавад. Ба гуфти раёсати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, “муштзӯриву тамаъҷӯӣ аз муҳоҷирони тоҷик миқёси хатарнок гирифтааст, чун дар онҳо садҳо ҷинояткор дар ин корҳо даст доранд ва имкони аз зери назорати мақомоти интизомии Русия берун шудани вазъ вуҷуд дорад.”

Коммунистони тоҷик бо изҳори қадрдонӣ аз кори мақомоти интизомии Русия барои таҳқиқи ҷиноят изҳори умед кардаанд, ки қотилони се муҳоҷири тоҷик мутобиқи қонунҳои Русия ҷазои сахт мегиранд.

Рӯзи 14-уми май як гурӯҳи ҷиноӣ ба коргарони қабристони Хованское дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Дар ин муноқиша бо ҳузури 200 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд ва бештар аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ки чанд омили ҳамларо дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG