Тибқи охирин хабарҳо, нозирони ситодҳои интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар ҷараёни баррасии шумориши оро бо ҳам занозанӣ кардаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар маҳал ба нақл аз нозирон мегӯяд, ки дар ҷараёни раванди тафтиши оро, шуморе аз нозирони ду тими интихоботӣ пас аз ихтилофи назар дар бораи ботил кардани бархе овозҳо, бо ҳам даргир шудаанд. Аммо масъулони ду тими интихоботӣ гуфтаанд, ки афроди ғайри масъул бо лисбоҳои нозири интихоботӣ даст ба ин кор задаанд. Гуфта мешавад, ки дар ин даргирии тан ба тан, ду нафар захмӣ шудаанд.
Ба навиштаи манобеи дигари афғонӣ, дар ҷараёни баррасӣ ва шумориши орои даври дувуми интихоботи президентӣ, шуморе аз нозирони ду тим дар яке аз маҳалҳои баррасӣ дар дохили Комиссияи мустақили интихобот пас аз ихтилофи назар бо ҳам даргир шуданд. Ба дунболи ин ҳодиса, раванди шумориши оро ҳудуди 30 дақиқа мутаваққиф шуда, аммо пас аз мудохилаи тимҳои техникии ҳар ду ситод, кашмакаш бартараф шуда ва раванди шумориши оро дубора оғоз шудааст.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки рӯзи гузашта ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон бо ҳам мулоқот карданд. Дар мулоқот миёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашарфғанӣ Аҳмадзай, дар мавриди масоили интихобот ва таъмини шаффофияти раванди тафтишоро баҳс сурат гирифтааст. Сафорати Амрико дар Кобул дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст, ки ҳар ду номзад дар мавриди суръат бахшидани раванди тафтиши оро таъкид карда ва ибрози умедворӣ карданд, ки ин раванд бомуваффақият анҷом шавад.
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст, ки дар дидор бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар мавриди бозшумории дақиқи оро ва ҷудо кардани овозҳои пок аз нопок таъкид кардааст. Сиддиқ Ятман, яке аз сухангӯёни тими Ашрафғанӣ Аҳмадзй дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ мулоқот миёни ҳар ду номзадро мусбат арзёбӣ кард ва гуфт, қарор аст раҳбарони ҳар ду тим ба ҳадафи пешбурди созишҳои сиёсӣ ва техникӣ, мулоқотҳояшонро идома диҳанд.
Дар даври якуми интихоботи президентии Афғонистон дар таърихи 5 апрел доктор Абдуллоҳ 45 дарсад ва Аҳмадзай 31 дарсад раъй оварданд ва дар натиҷа ин ду номзад, ки дар гузашта дар ҳукумати раисиҷумҳури феълӣ Ҳомиди Карзай яке вазири хориҷа ва дувумӣ вазири молия буд, ба даври дувум роҳ ёфтанд.
Вале бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии даври дуюм, ки Кумиссиюни мустақили интихобот рӯзи 7 июл эълон кард, дар ин навбат Ашрафғанӣ Аҳмадзай 56,44 дарсад ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ 43,56 дарсад овоз гирифтаанд. Абдуллоҳ ва тарафдоронаш ин рақамҳоро “эълони натиҷаҳои тақаллуб” унвон карда, гуфтаанд, ки ин натиҷаҳоро “ҳеҷ гоҳ – на имрӯз ва на фардо”эътироф нахоҳанд кард.