Барёлай Арсалоӣ, раиси тими интихоботии Ислоҳот ва ҳамгироӣ рӯзи якшанбе дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки нашри навори сабтии мансуб ба Карим Халилӣ намоёнгари мудохилаи бархе аз аъзои баландпояи ҳукуматӣ дар раванди интихобот будааст. Оқои Арсалоӣ гуфт, ки муовини дувуми раиси ҷумҳури Афғонистон дар бахше аз сӯҳбатҳояш гуфтааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати Афғонистон қабл аз интихобот дар бораи таъсиси як ҳукумат мувофиқа карда буданд:
"Ман сӯҳбатҳое бо раиси ҷумҳури Афғонистон доштаам ва ҳам тамосҳое бо дӯстони ҷаҳонӣ, дӯстони байналмилалӣ ба мо ваъда супурдаанд, ки бо истифода аз ҳар абзоре ва бо истифода аз ҳар фурсате бояд ба нафъи ин тим (манзур тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай) истифода сурат бигирад."
Ба гуфтаи оқои Арсалоӣ, Карим Халилӣ муоини дувуми Ҳомид Карзай дарт бахше аз сӯҳбатҳояш мегӯяд, ки "тиме дар интихобот баранда хоҳад шуд, ки мавриди таъйиди ӯ ва раиси ҷумҳур бошад."
Пеш аз ин низ тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ навори савтии мансуб ба Зиёулҳаққ Амирхел, раиси пешини Кумитаи иҷроияи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистонро дар ихтиёри расонаҳо қарор дода буд, ки ин амр сабаби барканории оқои Амирхел аз мақомаш шуда буд. Мақомоти Комиссияи мустақили интихобот пас аз нашри он навор гуфта буданд, то вақте манбаи аслии сабти навор мушаххас нашавад, онҳо дар ин замина иқдоме карда наметавонанд.
Бо ин ҳама масъулони дафтари муовини дувуми раиси ҷумҳури Афғонистон навори нашршудаи мансуб ба оқои Халилиро беассо ва ҷаълӣ медонанд. Доктор Аббос Басир, раиси дафтари Муҳаммадкарим Халилӣ рӯзи якшанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин маврид таҳқиқоти ҷиддӣ хоҳанд кард: "Комилан ин наворро ҷаълӣ ва сохта медонем, ки аз тарафи ин тим сохта шуда ва дар ростои сиёсатҳои аввалияе, ки ин тим дунбол мекарданд ва шеваи коре, ки доштаанд. Ин ҳам дар ҳамон росто сохта шуда, вале мо пас аз баррасиҳои ҷиддӣ, мавзеи расмии худро фардо эълон мекунем."
Оқои Басир меафзояд, ки тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ бо пахши ин гуна наворҳо мехоҳад худро аз фишорҳои мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ наҷот диҳад.
Наворҳои савтие, ки аз сӯи тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ ба мақомоти нисбат дода мешавад, дар ҳоле нашр мешаванд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай, ду номзади раёсати ҷумҳури Афғонистон дар мавриди эҷод ҳукумати ваҳдати миллӣ тавофуқ кардаанд.
Ин ки навори савтии нав, ки ба муовини дувуми раиси ҷумҳури Афғонистон мансуб дониста мешавад, баррасӣ хоҳад шуд, ё ин ки монанди навори сабтии вобаста ба Зиёулҳаққ Амирхел бесарнавишт хоҳад монд, бо гузашта замон рӯшан хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул мегӯяд, пас аз як силсила музокирот бо ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, онҳо ба пайвастан ба раванди бозшумории сад дар садии овозҳои даври дувуми интихоботи президентӣ мувофиқат кардаанд.
Нийлоб Мубориз, сухангӯи дафтари СММ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди масоили ихтилофӣ бо тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ мувофиқат сурат гирифтааст. Хонум Мубориз гуфтааст, раванди тафтиши оро идома хоҳад ёфт, аммо ботил кардани онро баъд аз такмили омодагиҳои техникӣ оғоз хоҳад шуд.
Раванди бозшумории оро рӯзи гузашта бо ҳузури намояндагони тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай дигарбора оғоз шуд, аммо тими интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва фиристодани нозирони худ бинобар норӯшаниҳо дар тарзуламали кори комиссия дар бозшумории оро, худдорӣ кард.
Дар даври якуми интихоботи президентии Афғонистон дар таърихи 5 апрел доктор Абдуллоҳ 45 дарсад ва Аҳмадзай ҳамагӣ 31 дарсад раъй оварданд ва дар натиҷа ин ду номзад, ки дар гузашта дар ҳукумати раисиҷумҳури феълӣ Ҳомиди Карзай яке вазири хориҷа ва дувумӣ вазири молия буд, ба даври дувум роҳ ёфтанд. Вале бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии даври дуюм, ки Кумиссиюни мустақили интихобот рӯзи 7 июл эълон кард, дар ин навбат Ашрафғанӣ Аҳмадзай 56,44 дарсад ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ 43,56 дарсад овоз гирифтаанд. Абдуллоҳ ва тарафдоронаш ин рақамҳоро “эълони натиҷаҳои тақаллуб” унвон карда, гуфтаанд, ки ин натиҷаҳоро “ҳеҷ гоҳ – на имрӯз ва на фардо”эътироф нахоҳанд кард.