Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пасларзаҳо"-и интихоботи Афғонистон ва сафари Ҷон Керрӣ ба Кобул


Ҷон Керри дар фурудгоҳи Кобул аз сӯи Ҳамид Сиддиқ, раҳбари бахши протоколи вазорати хориҷии Афғонистон истиқбол шуд.
Ҷон Керри дар фурудгоҳи Кобул аз сӯи Ҳамид Сиддиқ, раҳбари бахши протоколи вазорати хориҷии Афғонистон истиқбол шуд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико дар фурудгоҳи Кобул вазъи Афғонистонро дар пайванд бо бӯҳрони интихоботӣ "лаҳзаи хеле ҳассос" номид.

Вазири корҳои хориҷии Амрико,Ҷон Керрӣ, ки барои баррасии бӯҳрони интихоботии Афғонистон вориди Кобул шуд, вазъи кунуниро “лаҳзаи хеле ҳассос” номид. Вай афзуд, қонунмандии интихобот зери суол рафтааст ва он ба гузори нарми сиёсӣ таҳдид мекунад. Ҷон Керрӣ изҳори умед кард, ки барои қонеъ сохтани шакку тардиди мардум роҳеро пайдо кардан мумкин аст.

Натиҷаҳои пешакии интихобот ва эътирози тарафдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин пайванд нигарониҳоеро ба бор овард, ки мумкин аст дар Афғонистон нооромиҳои қавмӣ сар занад. Интизор меравад, ки Ҷон Керрӣ бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай -- номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва ҳамчунин бо Ҳомид Карзай --раиси ҷумҳури кунунӣ дидор ва гуфтугӯ кунад.

Дар ин байн доктор Абдуллоҳ ба хотири ҳалли бӯҳрони интихоботӣ даъват кардааст, ки барои як сол ҳукмати давраи гузор ташкил шавад. Дар мусоҳибае бо шабакаи "Блумберг" муовини дувуми ӯ Муҳаммад Муҳаққиқ гуфт, ки Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон бояд нав шавад ва интихоботи дубораи раёсати ҷумҳурӣ баргузор гардад.

Муҳаққиқ афзуд, агар орои тақаллубии Ашрафғанӣ аз эътибор соқит дониста нашавад, бӯҳрон ба вуҷуд хоҳад омад.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи душанбе Ашрафғанӣ Аҳмадзай, номзади интихоботи Афғонистонро, ки дар даври аввали интихоботи президентии Афғонистон аз рақиби худ Абдуллоҳ Абдуллоҳ 11 дарсад орои камтар ба даст оварда буд, пешсафи интихобот эълон кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон 45 дарсади орои интихобкунандагон ва рақиби ӯ Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳамагӣ 31 дарсади ороро ба даст овард буданд, дар даври дувум бар хилофи интизориҳо, ҳамагӣ 43 дарсади оро ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай беш аз 56 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард.

Интихоботи Афғонистон пас аз он ба бунбаст рӯбарӯ шуд, ки тими Ислоҳот ва ҳамгароӣ бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ бинобар тақаллуби густурда аз сӯи Комиссияи мустақили интихобот, робитаи худ бо комиссияи интихоботиро қатъ кард.

Ҷон Керри рӯзи гузашта пеш аз он, ки вориди Кобул шавад, дар ҷараёни сафари худ дар Чин гуфта буд, ки Вошингтон аз машруияти интихоботи Афғонистон нигаронии ҷиддӣ дорад. Ӯ ҳамчунон гуфт, бисёр умедвор аст, ки давоми чанд рӯз роҳи ҳалле барои ин бунбаст пайдо шавад.

Аз сӯи дигар Амрико дар бораи изҳороти ахири Ҷеймс Доббинс -- фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон тавзеҳот додааст. Аз суханони ахири Ҷеймс Доббинс бардошт шуда буд, ки Вошингтон ҷонибдори эҷоди як ҳукумати эътилофӣ дар Афғонистон аст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, ташкили ҳукумат кори раиси ҷумҳури ояндаи Афғонистон аст. Вай афзуд, ки Амрико мехоҳад шоҳиди як Афғонистони муттаҳид бошад.

"Фикр мекунам суоле дар байн вуҷуд надорад, ки ҳукумати Амрико мехоҳад шоҳиди як Афғонистони муттаҳид бошад ва мехоҳад ҳамбастагиро миёни мардуми Афғонистон ба вуҷуд оварад. Ташкили ҳукумате, ки бояд фарогир ва густурда бошад. Ташкили ҳукумат кори раиси ҷумҳури ояндаи Афғонистон аст."

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико бо ин суханонш хост дар бораи суханони ахири Ҷеймс Доббинс тавзеҳ бидиҳад.

Хадамоти иттилоъотии Блумберг (Bloomberg) рӯзи чаҳоршанбе ба нақл аз Ҷеймс Доббинс гузориш дод, ки гуфта буд барои як ҳукумати муваффақ дар Афғонистон ниёз аст як ҳукумати ваҳдати миллӣ эҷод шавад, ки ҳамаи ҷиноҳҳо ва гурӯҳҳо дар он шомил бошанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, бовар дорад, ки ҳадафи ин изҳороти Ҷеймс Доббинс ин буд, ки Амрико намехоҳад номзадҳо ва ё дигар гурӯҳҳо роҳеро интихоб кунанд, ки Афғонистонро ба сӯи таҷзия ва парокандагӣ бибарад.

XS
SM
MD
LG