Вазири хориҷии Амрико рӯзи ҷумъа бо ҳар ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва бо Ҳомид Карзай президенти Афғонистон мулоқот кард ва имрӯз, шанбеи 12 июл бори дигар бо ҳар ду номзад дидор хоҳад кард.
Як мақоми амрикоӣ дирӯз ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, Ҷон Керрӣ бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар бораи эҷоди як ҳукумати фарогир, ки дар он ҳама гурӯҳҳо шомил бошанд ва баррасии дубораи оро, баҳс хоҳад кард. Вазири умури хориҷии Амрико имрӯз бо Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон низ гуфтугӯ мекунад.
Як манбаъ дар раёсати ҷумҳури Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷон Керри пас аз боздид бо ҳар ду номзад, имрӯз натиҷаҳои дидорашро дар як нишасти хабарӣ баён хоҳад кард.
Фозил Санчоракӣ, сухангӯи тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ дирӯз пас аз мулоқоти Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо вазири умури хориҷии Амрико гуфт, онҳо аз Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳанд, аз шаффофияти оро пуштибонӣ кунанд. Оқои Санчоракӣ гуфт: "Интизороти мо аз ҷомеаи байналмилалӣ , ба хусус Амрико ин аст, ки аз шаффофияти интихобот ҳимоят кунанд. Аз раванде ҳимоят кунанд, ки шаффофият мавриди қабул бошад. Эътибори интихобот дубора зинда шавад. Хушбахтона ҷомеаи байналмилалӣ ва оқои Керрӣ рӯи ин мавзӯъ таъкид доштаанд."
Дар ин ҳол Нӯъмон Шинворӣ, як сухангӯи тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай мегӯяд, онҳо аз ҳар раванд ҳимоят мекунанд, ки шаффофияти ороро тазмин кунад ва қонунро нақз нанамояд: "Мавқифи мо ин аст, ки ҳар иқдом ва пешниҳоде, ки бар пояи қонун шаффофиятро тазмин кунад, мо ба он лаббайк мегӯем ва онро таъйид мекунем. Он пешниҳодҳоро, ки қонунҳои Афғонистон ва истиқлолияти комиссияиҳои интихоботиро нақз кунанд, ба ҳеҷ сурат намепазирем."
Вале суол инҷост, ки оё бо миёнҷигарии вазири умури хориҷии Амрико буҳрони ҷории Афғонистон ҳал хоҳад шуд? Як мақоми амрикоӣ, ки нахостаааст аз вай ном бурда шавад, ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, гуфтугӯи вазири умури хориҷии Амрико бо номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон созанда будааст.
Насруллоҳ Станакзай, устоди ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул мегӯяд, шояд миёнҷигарии Ҷон Керрӣ ҷанҷоли интихботиро коҳиш диҳад.
Ян Кубиш, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалли буҳрони интихоботӣ тарҳеро ба Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон пешниҳод кардааст, ки дар он шумориши дубораи 63 дарсади оро тақозо шудааст.
Эймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар мавриди ин пешниҳод гуфт, Ҳомид Карзай он тарҳро, ки аз сӯи СММ пешниҳод шуд, пазируфтааст: "Ҳоло ин мавзӯъ ба СММ, ҳар ду номзад ва ҳар ду комиссияи интихобот бармегардад, ки бо ҳам кор кунанд ва пешниҳоди раиси ҷумҳур барои ҳар ду номзад ва комиссияиҳои интихоботӣ низ ҳамин буд, ки дар мавриди ин тарҳ бо СММ ҳамкорӣ кунанд."
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки рӯзи 5 апрел баргузор шуд, 45 дарсади орои интихобкунандагон ва рақиби ӯ Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳамагӣ 31 дарсади ороро ба даст оварда буданд. Дар даври дувум бар хилофи интизориҳо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамагӣ 43 дарсади оро ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай беш аз 56 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард.
Интихоботи Афғонистон пас аз он ба бунбаст рӯбарӯ шуд, ки тими Ислоҳот ва ҳамгароӣ бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ бинобар тақаллуби густурда аз сӯи Комиссияи мустақили интихобот, робитаи худ бо комиссияи интихоботиро қатъ кард.