Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қартаҳои қавии Абдуллоҳ дар бӯҳрони интихобот


Хашми тарафдорони номзади интихоботи президентии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки бино бар натиҷаҳои аввалия сабқатро бохтааст, кам гирифта намешаваад. Аммо ӯ барои пойфишорияш дар ҳоли ба дарозо кашидани бӯҳрон чӣ қадар нерӯ дорад?

Тарафдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо дилсардии тамом натиҷаҳои пешакии интихоботи президентии Афғонистонро “табаддулоти давлатӣ” номид ва тамоми сабабҳо дар миён аст, ки таҳдиди онҳо ба ташкили ҳукумати ҳамсӯ ё параллел дар ивази қабули ҳукумати Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҷиддӣ гирифта шавад. Зеро Абдуллоҳ бахши шабакаи нерӯмандест, ки барои ташкили ҳукумати алтернативӣ ҳам дороиҳои сиёсӣ дорад ва ҳам низомӣ. Ҳанӯз ошкор нест, ки ин ҳукумат ҷойнишини ҳукумати Кобул мешавад ё ҳукумати як минтақаи ҷудоихоҳ.

Шабакаи Абдуллоҳ бахше аз боқимондаҳои Эътилофи Шимол, ҷабҳаи асосан тоҷикии ҳарбиест, ки дар соли 1996, пас аз ишғоли Кобул аз тарафи Толибон барои дифоъ аз шимол таъсис ёфта буд. Абдуллоҳ охирин вазири умури хориҷии Эътилофи Шимол ва дӯсти наздики фармондеҳи машҳур Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки дар суиқасде кушта шуд, дар арафаи ҳамлаҳои террористии 9-уми сентябри соли 2001 дар Амрико.

Чун ба дунболи ин Иёлоти Муттаҳида дар поёни соли 2001 Толибонро кӯфт, Эътилофи Шимол вориди Кобул шуд ва ҳастаи нерӯҳои амниятии ҳукумати нави Афғонистонро ташкил дод. Коршиносон мегӯянд, 13 сол баъдаш бунёди ин нерӯҳо густариш ёфт, аммо баъзе гурӯҳҳои Эътилофи Шимол дар дохили онҳо бетағйир боқӣ монданд.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай
Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Орн Стренд, мудири пажӯҳишҳои Маркази Михелсен дар Бергени Норвегия мегӯяд: "Эътилофи Шимол аз ҳамон аввал асоси ҳам нерӯҳои ҳарбӣ ва ҳам полисро ташкил дод, зеро аксари сарбозони он ба ҳамин ниҳодҳо пайвастанд. Карзай бо омадани мушовирону муррабиёни байнулмилал назорати бештар ба даст овард, аммо баъзе сохторҳо барҷо монданд.”

Коршиносон мегӯянд, Эътилофи Шимол баъдан ба ҳизбҳои сиёсӣ ва шабакаҳои ғайрирасмии зиёде тақсим шуд. Аммо созмонҳои нав тарафдорони кӯҳнаи худро ҳифз кардаанд, ба онҳо, аз ҷумла размандагони пешин маош медиҳанд. Ба ақидаи Анонд Гупал, афғоншинос аз Бунёди Амрикои Нав дар Вашингтон, ин шабакаҳо ба таври ҷиддӣ аз Абдуллоҳ пуштибонӣ мекунанд: "Вай шояд машҳуртарин шабакаро дорад ва бо Ато Муҳаммади Нур, волии Мазори Шариф, афроди гуногун дар Вазорати умури дохилӣ ва гурӯҳҳои хурдтари мусаллаҳ дар шимол ҳамроҳ аст. Шабакаи дигари марбут ба ноиб-президенти пешин, марҳум Маршал Фаҳим, бо вуҷуди духӯрагӣ низ бо ӯст ва он дар Кундуз мусаллаҳони зиёд дорад.”

Бӯҳрони феълии интихоботӣ шиддати байниқавмиро зиёд кард ва ин ҳол хатари тақсим шудани Афғонистонро. Абдуллоҳ, ки ҳам хуни тоҷикию ҳам паштунӣ дорад, дар маъракаи таблиғотии худ талош кард, қавмҳо ва минтақаҳоро ба ҳам орад. Вале тоҷикон қавитарин пойгоҳи ӯянд ва паштунҳо қавитарин пойгоҳи Аҳмадзай.

Стренд мегӯяд, бисёре аз тоҷикон Абдуллоҳро парчамбардори худ медонанд ва аз ин ҷост, ки натиҷаҳои аввалияи интихобот бо нишон додани пешгомии Аҳмадзай бо бартарии 1 миллион раъй зарбаи такондиҳандае ба тани онҳо буд: "Ин аз ҳисси таърихӣ бармеояд. Аз он ки чаро он таъсиреро, ки бояд дар Афғонистон дошта бошанд, надоранд ва боз, дар ин интихобот ҳам, паштунҳо онҳоро фиреб доданд ва ин эҳсосоти зиёдеро ба бор меорад.”

Абдуллоҳ дар соли 2009 бо Карзай, низ аз қавми паштун, сабқат кард, аммо дар баробари ончӣ ки ӯ тақаллуби азим номид, аз ширкат дар даври дуюм даст кашид.

Дар ҳоле ки тарафдоронаш дар Кобул ин бор аксҳои Карзайро пора карда, ба ҷойи он дар лавҳаҳои “Раисиҷумҳури Афғонистон” аксҳои Абдуллоҳро меовезанд ва аз ӯ ташкили ҳукуматро талаб мекунанд, худи Абдуллоҳ барои чунин гом вақт хостааст. Вале ӯ бовар дорад, ки дар интихобот пирӯз шудааст ва Кумиссюни марказии интихоботӣ бо сарварии Зиёулҳақ Амархел ва ҳамкории ҳукумати Карзай ба раъйи мардум хиёнат кардааст ва ин натиҷаҳоро ҳаргиз нахоҳад пазируфт.

Барак Обама
Барак Обама

Бисёре аз коршиносон бар инанд, ки хашму ғазаб кишварро ба қисмҳо ҷудо мекунад ва мисли соли 1992-96 ҷангҳои гурӯҳӣ сар мешаванд. Лекин чунин пайомад даргумон аст, зеро ҳарду ҷониб ба ҳимояти Иёлоти Муттаҳида ниёз доранд. Вашингтон талош дорад, шиддатро аз байн барад. Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама гуфтааст, агар дар ҳалли мушкил хушунат ё роҳҳои ғайриқонунӣ ба кор равад, кишвараш ҳама гуна ёрӣ ба Афғонистонро қатъ хоҳад кард.

Ин чунин маънӣ хоҳад дошт, ки тарафҳо ба гуфтушуниди тӯлонӣ кашонда хоҳанд шуд, то ҳукумате сохта шавад, ки ҳарду тарафро розӣ кунад. Дар ин ҳолат бурузи хашм дар байни тарафдорони Абдуллоҳ метавонад, василаи қавие барои муомила байни номзадҳо гардад. Вале коршиносон мегӯянд, фурсат барои чунин гуфтушуниде бисёр танг аст.

XS
SM
MD
LG