Низоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо дигар мешавад

Шурӯъ аз соли 2014 довталабоне, ки ба мактабҳои олии кишвар ҳуҷҷат месупоранд, тибқи низоми нав шомили донишгоҳ мешаванд.
Онҳо на аз рӯи имтиҳонҳои донишгоҳҳои интихобкардаашон, балки аз рӯи саволномаи Маркази миллии тестӣ донишҷӯ хоҳанд шуд.

Сабзалӣ Ҷаъфаров, директори Маркази миллии тестӣ, дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки низоми нави қабули довталабон омода ба кор аст ва акнун имтиҳони қабул одилонаю шаффоф ҷараён хоҳад ёфт. Вай афзуд, сар аз моҳи март то июни соли равон ин низом миёни хонандагони синфҳои 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна, гимназия ва литсейҳои кишвар озмуда мешавад: «Синфҳои даҳро интихоб кардем, ки соли 2014 онҳо ҳамчун довталаб ҳуҷҷат месупоранд. Аз ин хотир ҳам барои бачаҳо қулай аст, то онҳо бо ин низом ошно шаванд ва барои мо низ хуб мешавад, ки ин механизмро барои амал мавриди санҷиш қарор медиҳем».

Масъулони Вазорати маорифи кишвар мегӯянд, ҷорӣ шудани низоми нав ҳангоми қабули довталабон аз фасод пешгирӣ хоҳад кард ва баҳои он бар дониши ҷавонон асос хоҳад дошт.

Мӯсо Асозода, мудири мактаби рақами 88 дар пойтахт, мегӯяд, бо гузаштан ба низоми нави қабул ҳамаи мушкилиҳо ҳал намешаванд, аммо эҳтимол фасод то андозае аз байн равад: «Агар мо коре накарда интизор шавем, чизе ба даст намеояд. Вақти он расидааст, ки бояд довталаби босавод исбот кунад, ки ӯ дар воқеъ метавонад, дар ин ё он донишгоҳ таҳсил кунад. Бояд хонанда ва ё довталаб иншо нависад, чунки навиштани иншо то куҷо саводнок будани вайро муайян мекунад».

Сабзалӣ Ҷаъфаров, раҳбари Маркази милии тестӣ, мегӯяд, онҳо бо ҷорӣ намудани низоми нав мехоҳанд, навиштани иншоро ба таври кӯтоҳ ба роҳ монда, суолҳои санҷиширо аз рӯи тахассус пешниҳод кунанд.

Аммо худи хонандагон ва падару модари онҳо то куҷо ба муваффақияти ин таҷриба бовар доранд?

Саида Раҳмонова, сокини шаҳри Душанбе, ки писараш дар синфи 10 таҳсил мекунад, мегӯяд, ин таҷриба мисли он аст, ки дар толорҳои имтиҳонии донишгоҳҳо камераҳо насб карда буданд. Аммо чунин дидбонӣ ҳам фасодро аз байн набурд.

Абдусамад Муллоев, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, роҳандозӣ шудани низоми нави қабули довталабон дар донишгоҳҳо масъулияти ҷиддиро талаб мекунад: «Барои гузаштан ба ин система тестҳоро нав кардан лозим аст, зеро дар ин низом барои ҳар як хонанда тести махсус дода мешавад. Пакетҳо рақам доранд ва як тест аз дигараш ба куллӣ фарқ мекунад. Ин бори аввал аст ва набояд ба ин масъала сар-сари нигоҳ кард. Ин шеваи озмоиш дар байни тамоми хонандагони кишвар ба ҳамин хотир аст, ки хонанда донад ва бояд тестҳои имтиҳонӣ нав карда шавад, чунки аллакай онҳо қобили қабул нестанд».

Муллоев дар идома афзуд, агар низоми тестӣ ҳадди ақал 50 дарсад ҳам муваффақ гардад, маорифи кишвар аз он бурд хоҳад кард. Вай мегӯяд, ба ин кор як гурӯҳи коршиносон низ сафарбар шудаанд ва аллакай кор дар ин самт ҷараён дорад. Гурӯҳи коршиносон аз таҷрибаи якчанд кишварҳои пешрафта истифода хоҳанд кард.

Шарифа Дӯстова, як сокини ноҳияи Рудакӣ, мегӯяд, дигар дар мавриди донишҷӯиву довталабӣ сӯҳбат кардан намехоҳад, зеро, ба таъкиди вай, ҷумлаи «ҷой аллакай пур шудааст» ӯро дилмонда кардааст: «Хайр ман мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм карда будам, иншои қабулро дар донишгоҳ бо баҳои чору панҷ супоридам, вале нагузаштам. Чунки ман пул надоштам, ҳамин хел рафтам, ҳуҷҷат супоридаму ба имтиҳон даромадам. Мумкин ин низоми нав дар ҳақиқат адолатро миёни масъулин бедор кунад, шояд довталаби босавод гузарад, вале инро вақт нишон медиҳад».

Аммо масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ муҷаҳҳаз ба технологияи муосиру олӣ буда, ба озмоиш 407 тахассус аз 29 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ворид шудааст.

Ба эҳтимоли зиёд муваффақияти низоми нави қабул ба макотиби олӣ баъд аз озмоиши он маълум хоҳад шуд ва аломаташ ҳам ин хоҳад буд, ки чӣ теъдод аз довталабон пас аз санҷиш аз натиҷаҳои он шикоят хоҳанд кард.

Ҳамасола дар пайи супоридани имтиҳоноти қабул ба макотиби олии кишвар теъдоди зиёде аз довталабон бо аризаҳои расмӣ ба раёсати донишгоҳҳо ва ҳатто вазири маориф муроҷиат мекунанд.

Радиои "Озодӣ"