Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ қадами як довталаби тоҷик барои донишҷӯ шудан дар Амрико


Бино бар омори Вазорати маорифи Тоҷикистон, соли гузашта беш аз 2 ҳазору 200 шаҳрванди кишвар бо квота ё саҳмияҳо барои таҳсил ба хориҷа рафтаанд, ки беш аз 35 дарсади он ба Русия рост меояд.

Абдусаттор Одинаев, мудири бахши таҳсилоти байналмилалии Вазорати маориф, мегӯяд, Тоҷикистон соли гузашта бо истифода аз саҳмияҳо, донишҷӯёни болаёқатро ба даҳ кишвари хориҷӣ фиристодааст.

«Феълан Вазорати маориф барои ба хориҷа равон кардани ҷавонони босаводу соҳибистеъдод ягон барномаи вижа надорад. Вале шартномаҳои байниҳукуматӣ ҳастанд, байни ҳукумати Тоҷикистону ҳукумати Эрон, Чин, Русия ва ғайра ва дар асоси ин шартномаҳои байниҳукуматӣ Вазорати маорифи Тоҷикистон квотаҳои давлатиро роҳандозӣ мекунад. Довталабонро мо тибқи комиссияи ҷумҳуриявӣ интихоб менамоем.»

Ба гуфтаи ин масъули вазорати маорифи Тоҷикистон, соли гузашта 1269 нафарро тибқи бурсияҳо ба ин давлатҳо барои таҳсил фиристодаанд.

Интизор меравад, ки охири моҳи феврал як гурӯҳ аз масъулони Вазорати улум ва фановарии Эрон озими Душанбе гарданд. Онҳо зимни баргузории озмун аз 50 нафар донишҷӯи тоҷик имтиҳон мегиранд ва беҳтаринҳо баъди интихоб соҳиби роҳхат барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Теҳрон хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, мегӯянд, ки бе пул дар хориҷа таҳсил кардан номумкин аст. Аммо ин ақидаи ҷойафтодаро чанд намунаи ҷолиб рад мекунад. Воқеан, донишҷӯёне ҳастанд, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ ройгон таҳсил мекунанд. Барои онҳо хобгоҳ ва гоҳе ҳатто кӯмакпулӣ ҳам медиҳанд. Барои ин донистани забони хориҷӣ, дониши хуб ва майли қатъии хондан даркор асту бас.

Искандар Мадалиев, донишҷӯйи соли 4-уми Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ-технологии шаҳри Қазони Тотористон гуфт, ӯ бо истифода аз саҳмияи ҳукумати Русия ба донишгоҳи мазкур дохил шудааст. Ҳамроҳи ӯ дар ин таълимгоҳ 10 нафар ҷавони тоҷик таҳсил мекунанд.

Ӯ афзуд, «якхелашон омада, имтиҳон супориданд, дониши хуб, ки доштанд, ба бахши буҷавӣ дохил шуданду бепул мехонанд. Онҳое, ки баллашон нарасид, тариқи шартнома таҳсил мекунанд ва метавонанд агар 1-2 соли хуб таҳсил намоянд, ариза нависанд ва ба бахши буҷавӣ гузаранд. Имкониятҳо ин ҷо васеъ аст. Агар бо баҳои аъло хонӣ ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоӣ, идрорпулӣ ҳам медиҳанд. Масалан, идрорпулии президентӣ ҳаст, ки 15 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Фақат хондан даркор.»

Ҳоло дар Тоҷикистон чанд созмони байналмилалӣ, аз ҷумла бунёдҳои Сорос, Оғохон, Билл Гейтс, DAAD, IREX, Шӯрои амрикоӣ ва монанди ин амал мекунанд, ки ба ҷавонони тоҷик имкони дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил карданро фароҳам меоваранд.

Заррина Муҳиддинова, мушовири масъалаҳои маорифи Шӯрои амрикоӣ, дар ин робита гуфт, ҷавононе, ки майли ройгон дар донишгоҳҳои Амрико таҳсил карданро доранд, хеле зиёданд. Аммо ҳукумати Амрико ва донишгоҳҳое, ки барои дастгирии ҷавонони донишманду соҳибмалака захираи кофӣ доранд, ҳамасола то 100 ҷавони тоҷикро ба таҳсили ройгон даъват мекунанд, афзуд ӯ.

Ҳоло, ба гуфтаи хонум Муҳиддинова, шӯрои онҳо барномаҳои зиёдеро дар ин самт роҳандозӣ намудааст, ки барои мактаббачаҳо, донишҷӯён, магистрантҳо ва докторантҳост. Заррина Муҳиддинова мегӯяд, талаботи асосӣ барои довталабони донишгоҳҳои Амрико донистани забони англисӣ аст:

«Барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии Амрико панҷ қадам гузоштан лозим аст. Шумо назди ман меоед, якҷоя аввал донишгоҳ ё донишкада ва ё коллеҷро интихоб менамоем. Ин ҳамааш ба он вобаста аст, ки ба кадоме аз инҳо саводи шумо мерасад. Довталабон ба забони англисӣ бояд саволномаро пур кунанд, тавсиянома омода намоянд, иншо нависанд, баҳои диплом ва ё дафтарчаи имтиҳонотро нишон диҳанд, имтиҳони забони англисӣ супоранд, иқтисод ва ғайра. Баъд мо ҷамъбаст намуда, ғолибонро муайян мекунем. Ба хоҳишмандон ман зиёд кӯмак мекунам, мешавад, ки то як сол онҳоро омода намоям».

Иброҳим Рустамов, сардори калони барномаҳои таълимии IREX, гуфт, барномаҳои таълимии онҳо аз ҷониби департаменти Амрико маблағгузорӣ мешавад ва дар ҳар озмун то 200 ҷавон барои роҳ ёфтан ба донишгоҳҳои ин кишвар иштирок мекунанд. Ӯ мегӯяд, вале бинобар камии маблағ аз 6 то 10 нафари онҳо ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар мегарданд. Аммо бо вуҷуди ин , нафаре, ки ҳадафи қатъӣ ва саводи кофӣ дорад, ҳатман ба мақсади ниҳоияш мерасад:

«Шахсан худи ман чор маротиба дар яке аз ин озмунҳо иштирок намудам ва солҳои якуму дуюм ва сеюм нагузаштам. Соли чорум, ки омодагӣ дидам, фикр мекардам, ки ин барномаҳо шаффоф нестанд ва аз давраи якум ба дуюм, ки гузаштам, дарк намудам, агар ҳаракат кунам, ба мақсад мерасам. Ҳамин тавр, дар Амрико ду сол таҳсил карда омадам. Ба ин озмунҳо бояд ҳаматарафа омодагӣ дид. Чунки ин озмунҳо аввал дониши забони англисиро талаб мекунанд.»

Аммо ба андешаи Баҳрулло Муқимов, як ҷавони 27 солаи тоҷик, ки хоҳиши зиёди дар донишгоҳҳои хориҷӣ дар бахши магистратура таҳсил карданро дорад, танҳо дониши забони англисӣ барои ғолиб омадан дар чунин озмунҳо кифоя нест. Ӯ мегӯяд, ду бор дар озмуни бунёди «Сорос» иштирок карда, вале дар ҳар ду маврид ҳам ба мақсад нарасидааст: «Масалан, дар сатҳи гуфтугӯ ва аз он ҳам зиёдтар ман забони англисиро медонам. Аммо вақте ки ман дар он ҷо ширкат кардам, на танҳо аз фанҳои гуманитарӣ, балки аз фанҳои дақиқ ҳам имтиҳон супоридем. Аз ҷумла, аз фанни биология, физика, химия, таърих, ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқҳои байналмилалӣ. Боз якчанд фанҳои дигар доранд ба мисли сканворд, ки иштирокчиро водор ба кунҷковию фикру андеша мекунанд.»

Ба гуфтаи Баҳрулло, онҳое, ки дар литсею гимназияҳо таълим гирифтаанд, барои пирӯзӣ дар чунин озмунҳо имкони бештар доранд. Зеро системаи таълимии чунин муассисаҳо ба низоми таълими байналмилалӣ наздик аст, вале онҳое, ки дар мактаби миёна бо низоми анъанавӣ таҳсил намудаанд, бениҳоят мушкилӣ мекашанд.
XS
SM
MD
LG