Аммо баъзе аз онҳое, ки бо пули қарз донишгоҳро хатм кардаанд, мегӯянд, ҳеҷ хабар надоштаанд, ки барои таҳсилашон аз вазорати маориф қарздоранд.
Дар Қазоқистон аз соли 1999 то соли 2005 ба шарофати барномаи давлатии қарз барои таҳсил тақрибан 59 ҳазор нафар соҳиби таҳсилоти олӣ шудаанд. Аммо ин барномаро соли 2005 хотима доданд ва донишҷӯёнеро, ки бо қарз таҳсил мекарданд, ба таҳсили ройгон гузарониданд. Ҳоло ба гуфтаи ширкати “Маркази Молӣ”-и тобеъи вазорати маорифи Қазоқистон, 20 ҳазор нафар аз вазорат қарздоранд ва бояд ин пулро то охири соли 2014 баргардонанд.
Аз ҷумла Берик Абсаттор, ки донишгоҳро бо пули қарзи давлат хатм кардааст ва ҳоло аз он 400 ҳазор танга ва ё тақрибан 2700 доллар қарздор аст ва бар асоси қарордод бояд онро то соли 205 баргардонад. Ӯ мегӯяд: “Ман қарзро барнагардондам, зеро ба мутахассиси ҷавон ҳеҷ кас дар марҳилаи аввал кори хуб намедиҳад. Дигар ин ки ихтисоси ман дар бахши гуманитарӣ аст, ки пули зиёде надорад. Барои ҳамин ба ман баргардонидани қарз мушкил буд.”
Ба гуфтаи Берик Абсаттор, дар аввал ба ду бор ҳушдор фиристоданд, ки қарзро баргардонад, вале баъдан дигар номае ба ӯ нарасид. Аммо ду се сол баъд, муассисаи қарздиҳандаи вазорати маориф ба ширкати “Маркази Молӣ” табдил ёфт ва дигарбора аз ӯ хостанд, ки бояд қарзро баргардонад.
Дамир, як сокини дигари Алмаато мегӯяд, ҳатто ёд надорад, ки барои таҳсилаш чӣ қадар қарз гирифта буд, вале ӯро баъди як соли таҳсил ба системаи таҳсили грантӣ ва ё ройгон гузаронданд. Ӯ меафзояд: “Вақте ба мо диплом медоданд, дар донишгоҳ гуфта буданд, ки қарз ҳаст. Баъди ин нишонии ман дигар шуд ва ҳеҷ кас ҳам масъаларо набардошт. Чанд сол пеш ман аз як бонк қарз гирифтам ва собиқаи қарздориамро таҳқиқ карда ва ҳеҷ қарзе наёфтанд. Ман фикр кардам, ки мумкин аст, ҳукумат худаш масъулияти баргардонидани қарзро бар уҳда гирифтааст. Мисли ман донишҷӯёне, ки қарзҳояшонро фаромӯш кардаанд, бисёранд.”
Ба гуфтаи Мунира, як хатмкардаи дигари донишгоҳе дар Алмаато агар онҳо аз ҳукумат қарздор буданд, чаро онҳоро ёдрас накард ва номае ба ӯ нафиристод. Ба гуфтаи ширкати “Маркази Молӣ”-и тобеъи вазорати маорифи Қазоқистон, донишҷӯ баъди хатми донишгоҳ бояд дар муддати 15 сол қарзи давлатро баргардонад, вале бино ба гузоришҳои ахир, нисфе аз донишҷӯёне, ки қарз гирифта буданд, пули давлатро барнагардондаанд.
Ба иттилои ширкати “Маркази Молӣ”, ҳукумати Қазоқистон барои барномаи қарз барои таҳсил 100 миллион доллар ихтисос дода буд ва аз ин ҳисоб 18 миллион доллари онро баргардондаанд ва 5 миллион доллари онро қарздорон бо амри додгоҳ баргардонидаанд. Ба гуфтаи “Маркази Молӣ” сабабҳои бознагардонидани қарзи таҳсил, дар нотавонии молии қарзгиранда аст ва ё ноогоҳии он аз шарту шароити гирифтани қарзу мӯҳлати бозгардонидани он.
Дигар сабаб бехабар мондан аз фаро расидани замони адои қарз ба гуфтаи “Маркази Молӣ” тобеъи вазорати маорифи Қазоқистон ин аст, ки қарзгиранда маҳалли зисти худро тағйир медиҳад ва аз он мақомоти марбутаро хабардор намекунад, то номаҳо дар бораи қарзро ба ӯ бифристанд. Аммо баъди гирифтани даъватномаи додгоҳ ва амр барои пардохти қарз ҷиддияти масъаларо мефаҳманду дар пайи он мешаванд.
То кунун додгоҳҳои Қазоқистон 3800 амр барои пардохти қарзи давлат аз тарафи донишҷӯёни собиқро содир кардаанд. Дар Тоҷикистон низ вазорати маориф, аз даҳҳо хатмкунандаҳое, ки ройгон дар донишгоҳҳо таҳсил карда ва бар хилофи аҳди хеш дар муассисаи давлатӣ ва ё масалан мактабе кор накардаанд, бо амри додгоҳ пули таҳсилро ситонидааст.