Гулбаҳори Исматқул, ки донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ буда ва 23 сол дорад, мегӯяд, ҳудуди 5 сол боз аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунад. Вай мегӯяд, то ин дам бо ҷавонписарони бисёре тариқи Интернет ошно шудааст. Ҳатто яке аз онҳоро барои номзади ояндааш низ интихоб карда буд, аммо волидон монеи издивоҷи онҳо шудаанд. Ба ин далел вай мегӯяд, ҳоло бо нафари дигаре шинос шудааст, ки дар Русия қарор дорад, вале якдигарро хел меписанданд.
Ӯ гуфт: «характеру феълаш ба ман писанд аст, ҳама тарафа. Ӯ ба бовари ман сазовор шудааст. Ба гуфтааш, ман низ ба вай писанд омадаам. Ӯ калиду рамзи нишонаҳои интернетии маро медонад, ҳар вақт даромада назорат мекунад. Мегӯяд баъди аз Русия баргаштан масъалаи оиладоршавиамонро мебинем.»
Парвиз, ҷавони 21-сола аст ва мегӯяд, ҳарчанд ба бештари сомонаҳо дастрасӣ дорад, вале барои суҳбат бо дӯсташ аксаран аз Одноклассники ва Агент истифода мекунад. Ба гуфтаи вай, муколамаҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сабаб гардид, ки ду соли пеш дӯстдоштаашро пайдо кунад. Парвиз меафзояд, ҳамакнун танҳо барпошавии тӯйяшон мондааст, «тақрибан ду сол пеш буд, ки бо духтаре тариқи агент шинос шудам, якдигарро дӯст доштем ва то ҳоло шиносоии дорем. Агар Худо хоста бошад, нияти оила барпо карданӣ низ ҳастем. Худо моро муносибу мувофиқ гардонида бошад, якҷо мешавем. Ин ҳам хости Худост, ман тариқи интернет ё шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамсафари худро пайдо кардам.»
Дар ҳамин ҳол мувофиқи анъаноти суннатии мардуми тоҷик, издивоҷи ҷуфтҳои тасодуфӣ қобили қабул нест, зеро бехабарӣ аз авлоду оилаи якдигарро манфӣ арзёбӣ мекунанд. Иддае аз мардум низ шабакаҳои иҷтимоиро василаи фиребхӯрӣ ва тарзи нодурусти хонадоршавии ҷавонон медонанд. Шаҳноз Муҳаммадхоловаи 20-сола дар ин робита мегӯяд: «Фикри оиладоршавӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ чандон дуруст нест. Аз рӯйи мушоҳидаҳое, ки ман дар интернет дорам, писаре, ки бо духтаре ё баръакс, хатман кӯшиш мешавад, ки худро дигар хел нишон диҳанд. Масалан, дар акси худро гузоштанд ё навиштан. Вақте, ки бо писаре тариқи Агент шинос шудам, чунон суҳбат мекард, ки ҳайрон мешудам, аммо аз наздик дидам, тамоман дигар аст.»
Собир, донишҷӯйи Донишгоҳи миллӣ, яке аз ҷавононест, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоиро усули фиреби духтарон ва ишқбозӣ бо онҳо медонад . Вай ки ба ин гуна сарнавишт дучор шудааст, мегӯяд, «бо агент бо чандин духтар шиносоӣ пайдо кардам, рафта онҳоро дидам ва тамошо ҳам мерафтем.. Бисёр аст, ин хел шиносшавиҳо. Ростӣ, як чандтоаш маъқул шуду, лекин аслан мо духтарони интернетбозро хуш надорем, агар духтар хуб аст, асло дар интернет кор намекунад.»
Аммо равоншиносон бар ин боваранд, ки ишқбозӣ дар синни ҷавонӣ новобаста аз хоҳишу иродаи шахс ба миён меояд. Қутбиддин Каримов бар ин аст, ки ҳамчун майдони ишқварзӣ қарор додани шабакаҳои иҷтимоӣ бо таъсири омилҳои психологӣ метавонад аксарро роҳгум намояд. Зеро ба таъкиди вай, шинохти шахсият дар шиносоии ғоибона кори саҳл нест.
Ин равоншиноси тоҷик омилҳои равонии рӯ овардани ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоиро чунин шарҳ дод: «Яке аз сабабҳои шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун майдони ишқварзии худ қарор додани ҷавонон ҳамин аст: ҳамчун қонунияти табиӣ мавҷуд будани майл ба ҷинси муқобил ва имконияти ками назоратӣ. Омили дигар ин аст, ахлоқи пасти ҷавонон ба таври куллӣ, яъне ғайримақсаднок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ. Онҳо аз сабабе, ки як реҷаи муайяни фаъолият надоранду бекор ҳастанд. Бекор ба он маъно нест, ки онҳо ҷои кор надошта бошанд. Албатта, аксар онҳо донишҷӯ ё хонандаи мактаб ҳастанд, мо онҳоро бекор гуфта наметавонем, вале онҳо реҷаи худро ба таври дуруст таҳия накардаанд.»
Аз сӯҳбат бо ҷавонон низ ба назар мерасад, ки аксари онҳо аз се то панҷ
соати вақти худро бо дӯстонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Онҳо мегӯянд ҳарчанд ҳадафи истифода аз ин шабакаҳо дар аввал ишқварзӣ набудааст, вале сӯҳбатҳо бо духтарон боис шудааст, то ишқварзӣ кунанд ва ҳамакнун он қадар ба ин чиз дода шудаанд, ки аз он дил канда наметавонанд. Аммо аксари ҷавонон мегӯянд, ки аз Facebook барои ишқварзиҳои худ истифода намекунанд,зеро аз ин шабака афроди фарҳангӣ истифода мебаранд.
Оморҳо низ нишон медиҳанд, ки Одноклассники дар Тоҷикистон муштариёни
бештарро дорост. Тибқи оморҳо дар Тоҷикистон Одноклассникиро
868 791 нафар истифода мекунанд ва се яки онҳоро ҷавонони синни 16 то 30 ҳастанд. Шабакаи Агент. Ru бошад бештар аз 75, 000 нафар корбар дорад.
Яке аз сабабҳои дигари маҳбубияти шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ мебошад. Гузашта аз ин ширкатҳои мобилӣ низ имкониятҳои бештареро барои корфармоёни шабакаҳои иҷтимоӣ медиҳанд.
Ин аст, ки ба иттилои масъулони ширкати мобилии «Мегафон Тоҷикистон», алоқаи мардумро ба назар гирифта, опсияи «Шабакаҳои иҷтимоӣ»-ро роҳандозӣ кард, ки бо пардохти се доллар дар як моҳ истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ройгон сурат мегирад.
Бо ин ҳама коршиносон мегӯянд, ки машғулият бо интернет агар аз як ҷониб барои ҷавонон тақозои замон бошад, аз тафари дигар сабабгори асосии машғулияти беҳудаи онҳост.
Навиштаи Фирдавси Низом, коромӯзи "Озодӣ"