Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷуброни 5-соли таҳсил бар ивази 2 соли фаъолият


Абдулло Табаров, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Абдулло Табаров, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.

Даҳ тан аз донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки нахостаанд, омӯзгор шаванд, маблағи панҷ соли таҳсилро ба буҷаи давлат баргардонидаанд.

Абдулло Табаров, ректори ин Донишгоҳ мегӯяд, мувофиқи низомнома, ин донишҷӯён бояд пас аз хатми таҳсил ҳатман ду сол ҳамчун омӯзгор дар зодгоҳи худ фаъолият мекарданд. Аммо онҳо ба ивази ду соли омӯзгорӣ, ба супурдани маблағи панҷ солаи таҳсил, розӣ шудаанд.

Ҷаноби Табаров гуфт: «Мувофиқи ҳисоби хазинадорӣ, давлат барои ин даҳ донишҷӯ давоми панҷ соли таҳсил 36 ҳазор сомонӣ сарф кардааст. Яъне, ин маблағ ба ҳар нафари онҳо 3 ҳазору 600 сомонӣ рост меомад. Онҳо ин маблағро супурданд ва мувофиқи низомнома, дипломҳои худро гирифта, рафтанд».

Ин донишҷӯён сабаби даст кашидан аз пешаи омӯзгориро назди устодони Донишгоҳ шарҳ надодаанд. Дар ҳамин ҳол, Асадулло Мадалиев, сокини ноҳияи Мӯъминобод ва аз пайвандони ду тан аз ин донишҷӯён мегӯяд, наздиконаш ба он хотир ҳамчун омӯзгор кор накарданд, ки дар як ширкати тиҷоратӣ аллакай аз замони донишҷӯи фаъолият мекарданд. Аммо ӯ мегӯяд, кори онҳо то охир дар ширкат барор нагирифт ва ҳоло бародаронаш дар Русия ҳастанд.

Ӯ гуфт: «Ҳамин ду соли маҷбуриро ба он хотир ба гардан нагирифтанд, ки маошашон кам буд. Онҳо ба Русия рафтанд ва шояд маблағи як солаи омӯзгориро дар як моҳ пайдо кунанд.»

Аммо Зафар Муродов, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, дар баробари маоши кам, инчунин бисёре аз хатмкунандагон ба он хотир омӯзгор намешаванд, ки ҳадафмандона аз рӯзи аввал барои омӯзгор шудан ба Донишгоҳ дохил нашудаанд. Ҳадафи онҳо ба гуфтаи Муродов, танҳо гирифтани диплом аст, ки ба ақидаи худ «рӯзе кор меояд». Аз сӯи дигар, ин рӯзноманигор мегӯяд, бисёре аз хатмкунандагон дониши кофӣ надоранд ва барои омӯзгор шудан омода нестанд ва омода шудан ҳам намехоҳанд.

«Заҳмати омӯзгори сангин аст. Онҳо мебинанд, ки бо кори сабуктаре дар дигар ҷой даромади хубтаре мегиранд, ҳаргиз кӯшиши омӯзгор шудан намекунанд.»

Донишгоҳи Кӯлоб аз бузургтарин марокизи таълимӣ дар вилояти Хатлон дониста мешавад ва солона ин Донишгоҳро беш аз ҳазор нафар хатм мекунад. Барои аввалин бор аст, ки бидуни баҳси додгоҳӣ, даҳ хатмкунандаи он ихтиёран ҳақи таҳсилро супурда, аз омӯзгорӣ даст кашидаанд.
XS
SM
MD
LG