Вазорати фарҳанг низомномаеро омода мекунад, ки бар пояи он тамоми овозхонҳо ва гурӯҳҳои мусиқӣ сабти ном хоҳанд шуд.
Толиб Норов, мутахассиси пешбари вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мусиқии Тоҷикистон беназмие ба назар мерасад, ки табъу завқи хонандаву шунавандаро паст карда, зарурати баланд бардоштани сатҳи мусиқии тоҷикиро пеш овардааст. Вай афзуд, ин ҳама дар натиҷаи бидуни сабти ном ва хориҷ аз назорати вазорати фарҳанг фаъолият кардани афроду гурӯҳҳои алоҳидаи мусиқӣ ба миён омадааст:
«Мо то ба ҳол намедонем, ки дар ҷумҳурӣ теъдоди овозхонҳо, гурӯҳҳои ҳунарӣ чӣ қадар аст, яъне «шиноснома» ё паспорт надорем. Дар навбати аввал, онҳое, ки дар ҷумҳурӣ бо мусиқӣ сарукор доранд, бояд ба қайд гирем. Новобаста аз он, ки онҳо дар соҳаи мусиқии классикӣ кор мекунанд, фолклор ё поп. Дар навбати аввал мо бояд ҳаминҳоро ба қайд гирем ва як паспорти ягонаро дар кишвар пешниҳод кунем»
Масъули вазорати фарҳанг мегӯяд, ҳоло санаде таҳти унвони «Ба танзим даровардани сафарҳои ҳунарӣ ва бақайдгирии тамоми овозхонҳои Тоҷикистон» омода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, зарурати ҳамчунин ҳуҷҷатро сафарҳои ҳунарии овозхонону раққосаҳои Тоҷикистон ба минтақаҳои дохилӣ ва кишварҳои хориҷӣ низ ба миён овардааст. Вай афзуд, санъаткорон ҳангоми сафарҳои ҳунарӣ барномаи консертии тарҳрезишуда надоранд, аммо барои ҳукумат хеле муҳим аст донистани он, ки ин ё он овозхони тоҷик дар ягон кишвар ё минтақа ба мардум чӣ мехонаду чӣ мегӯяд.
Сафарҳои ҳунарии овозхонони тоҷик тайи солҳои ахир зиёд иттифоқ меуфтанд, аммо на ҳама муваффақ анҷом меёфтаанд. Омори дақиқ дар ин маврид нест, аммо тибқи иттилои вазорати фарҳанг, ин ниҳод дар гузашта аз мақомоти расмии Афғонистону Покистон мактуб гирифтааст, ки ин ё он овозхон ё раққосаи тоҷик дар он кишварҳо одоби мардуми маҳаллиро муроот накардаанд.
Таҳмина Ниёзова, овозхони ҷавон, ки дар дохилу хориҷи Тоҷикистон ба забонҳои гуногун барномаҳои консертӣ иҷро мекунад, мегӯяд, танзим хеле муҳим аст, агар воқеан ба нафъи соҳа бошад: «Намедонам, ки ин тасмим хуб ҳаст, ё нест. Шахсан ман дар ин замина ҳеҷ мушкиле надорам. Аз ҳар барномае, ки дар дохилу хориҷ дорам, онҳоро огоҳ мекунам. Тавре мегӯянд, ин тавраш ҳам ба ман хуш асту таври дигараш ҳам. Агар ин барномаҳо ба нафъи кор ҳастанд, бошанд хуб аст».
Тибқи санаде, ки барои танзими фаъолияти овозхонҳо дар Тоҷикистон таҳия мешавад, як овозхон барои роҳ ёфтан ба толори расмиву асосӣ – Кохи Борбад бояд марҳалаҳои ибтидоиро дар навоҳиву вилоятҳо тай кунад, яъне дар ҳар гӯшаву канори кишвар собит кунад, ки ӯ овозхони воқеӣ аст. Масъулин бар инанд, ки танзими ин бозор барои рӯи кор омадани афроди соҳибистеъдод ва боло рафтани сатҳи фарҳанги мардуми Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Аммо як овозхонони маъруф бидуни зикри номаш ва бо истиқбол аз ин санад гуфт, танзими соҳа бояд аз худи ҳукумат шурӯъ шавад, зеро аввалин зарбае, ки ба кисаи мардум барои дастрасӣ ба ғизои маънавӣ мерасад, қимати баланди толорҳои консертӣ аст. Вай гуфт, барои баргузории як консерти сесоата дар «Кохи Борбад» бояд 10 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт шавад, аммо пардохти ҳаққи дастгоҳҳои садову барқу дигар хадамот алоҳида ҳисоб мешаванд ва ин хароҷот аз ҳисоби тамошобинони оддӣ ситонида мешавад.
Ахиран дар шаҳри Душанбе консертҳои овозхони рус - Ниюша ва эронӣ - Ашкон, ки аввалиро Фирӯза Ҳафизова ва дуввумиро Фарзонаи Хуршед – овозхонони тоҷик ҳамроҳӣ мекарданд, баргузор нашуданд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон далели баргузор нашудани ин консертҳоро ҷамъ нашудани маблағи ҳаққи овозхонони хориҷӣ унвон кард, зеро қимати як билет дар ин консертҳо ба 100 доллар дакка мезаданд.