Овозхони шинохтаи тоҷик Рустами Нур пас аз риштасафарҳояш ба Амрико ва Ҳиндустон нахустин албоми видеоии худро омодаи нашр кард ва дар рӯзҳои наздик ба бозори таронаву суруд ворид мекунад.
Умеди Султонзод, коргардони таронаҳо ва оҳангҳои албоми «Аз Ҳолливуд то Болливуд» ба радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз сафари Амрико таи 15 рӯзи ахир онҳо дар Ҳиндустон буданд ва тавонистаанд бо ҳунармандон ва оҳангсозони ин кишвар ошноӣ пайдо намуда, риштаи ҳамкорӣ барқарор кунанд.
Умедҷони Сулотонзод меафзояд, ки ин нахустин албоми видеоии овозхон Рустами Нур ба шумор меравад, вале ба фарқ аз албомҳои ҳунармандони дигар дар он рӯи як сюжет - мулоқоту вохӯриҳо бо чеҳраҳои ҳунар дар Амрикову Ҳиндустон тамаркуз шуда, ҳамчунин чашмандози манзараҳои зебои шаҳру хиёбонҳои ин кишвар ҷой дода шудааст.
Ба қавли коргардон Султонзод, дар ин албом чаҳор таронаи нави Рустами Нур аз ҷумла «Аз ҳама зебо туӣ ту», ки ба Ҳолливуду Болливуд бахшида шудааст ва суруди «Дуруғгӯ, дурӯғгӯ ситамкор» ва «Ҳиндулаб» ҷой дода шудааст.
Ҳамчунин ба бинанада мулоқоти Рустами Нур бо ҳунарманди маъруфи Ҳиндустон Шоҳрухон ва ҳамкориҳои ӯ бо овозхонҳои машҳури эронитабори муқими Амрико, ба мисли Андӣ пешкаш шудааст.
Ба қавли коргардон Умедҷони Султонзод, то кунун Рустами Нур ҳудуди чаҳор албоми таронаҳои худро омодаву нашр кардааст.
Рустами Нур дар меҳмонии барномаи «Ояндасоз»-и радиои «Озодӣ» қарор дошт ва ин суҳбатро орост.
РО: Медонем, ки шумо дар сафари ҳунарӣ қарор доштед ва шунидем, ки дар «Болливуд” ҳам будеду бо ҳунармандони маъруфи ҳиндӣ ҳамкорӣ доштед, дуруст аст?
РН: «Бале 8 -уми январи ҳамин сол мо бо кӯмаки ширкати «Болливуд-тур» ба Ҳиндустон сафар кардем. Хушбахтона дар як ҷашнвора мо бо ҳунармандони маъруфи ҳиндӣ, Шоҳрухон, Приянка Чопра, Шакти Капур, Шаҳид Капур вохӯрда, сӯҳбат кардем. Онҳоро ба Тоҷикистон даъват кардем. Шоҳрух масалан дар бораи Тотҷикистон тасавурот надоштааст ва мо ба ӯ фаҳмонидем, ки дар ин кишвар қариб 7 миллион нафар ӯро мешиносанд ва мухлисаш ҳастанд. Хандиду хушҳол шуд. Ҳамин хел бо ӯ сӯҳбат кардем ва тасмим дорем, ки соли Оянда боз ба ин кишвар сафар кунему бо онҳо ҳамкорӣ ба роҳ монем ва таронаи муштарак сабт кунем».
РО: Солҳои ахир шумо бештар дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳастед ва суруду клипҳои худро низ он ҷо сабт мекунед. Маълум аст, ки на ҳама овозхонҳои мо имрӯз имкони сафару сабту таҳиясозии таронаро доранд. Ба шумо чӣ гуна даст медиҳад ин?
РН: «Аввал ин, ки Худованд чунин хост ва баъд ман аслан пеши худ мақсад гузоштаам, ки ба кишварҳои хориҷ сафар кунаму бо ҳунармандону санъаткорони маъруфи ҷаҳонӣ аз наздик ошно шавам ва агар имкон даст дод бо онҳо риштаи ҳамкорӣ бандам. Бо кӯмаки ширкатҳо ин мақсадро ба оҳистагӣ амалӣ мекунем. Ба Ҳиндустон тавре гуфтам тавассути ширкати «Болливуд - тур» сафар кардам. Ин ширкат ба хоҳишмандон барои ошно шудан бо зиндагиву кори ҳунармандони "Болливуд" кӯмак мекунад. Бо кӯмаки раҳбари ҳамин ширкат ман ба як ҷашнвораи бузурги Ҳиндустон роҳ ёфтам, ки он ҷо ҳама ҳунармандон ширкат доштанд ва ҳамин тавр ба ҳадаф расидаму бо санъаткорони «Болливуд» ошно шудаву суҳбатҳо доштам».
РО: Дар сафарҳои худ албатта бо ҳамтоёни зиёди хориҷиатон, бо ҳунармандони дигар кишварҳо аз ҷумла овозхонҳои маъруфи эронитабору афғонӣ шинос шудед. Зиндагии онҳо аз зиндагии ҳунармандони мо чӣ фарқ дорад?
РН: «Албатта онҳо дар кишварҳои пешрафта зиндагӣ мекунанд, имкониятҳояшон ҳам албатта бештар аст. Кори онҳо хеле гаронарзиш аст. Ман масалан бо овозхонони зиёди эронитабори Амрико ҳамкорӣ ва шиносоӣ дорам, зиндагии хубе доранд. Дар баробари овозхони ягон кори худро доранд, бархе ба тиҷорат машғул аст. Хулоса онҳо мисли мо интизори тую маъракаи мардум нестанд».
РО: Аммо дар дохил садову оҳангҳои шумо кам шунида мешавад. Чаро дар инҷо барномаҳои консертии худро ташкил намекунед?
РН: «Медонед, дар дохил ҳастанд нафароне масъул, мисли раҳбарони телевизионҳои мо, ки ба кори мо халал ворид мекунанд, маҳдудиятҳо месозанд. Чапгирӣ мекунанд. Барои ҳамин мо дигар ин ҷо чандон кор намекунем. Дилсард ҳам шудаем.»
РО: Ба фикратон барои чӣ фаъолияти шумо маҳдуд мешавад ва таронаҳову барномаҳоятон тариқи телевизион намоиш дода намешавад?
РН: «Барои он, ки дар сари мансаб санъаткор нест. Онҳо фикр мекунанд, ки мо бояд ба ҳар гапи онҳо итоат кунем. Куҷое онҳо хостанд мо давида равему ҳунарнамоӣ кунем. Барои ҳамин, вақте рад мекунӣ баъд вориди «рӯйхатҳои сиёҳ» мешавему маҳдудиятҳо шурӯъ мешаванд».
РО: Бархеҳо шуморо чун ҳунарманд ва ҳатто ҳаҷвнигор мешиносанд, чӣ шуморо вориди саҳнаи эстрада кард?
РН:«Ба як мард чил ҳунар кам аст. Ман мактаби актёриро хатм кардам. Ман дар эстрада дар жанри мазҳака фаъолият дорам. Сурудҳои ҳаҷвӣ фақат мехонам, таронаҳои орому ғамгинро дӯст намедорам. Ин сабки ман аст, барои ҳамин кӯшиши бо дигар усулу дар дигар жанр сурудхониро намекунам, чун ман наметавонам мисли Садриддин бихонам, чаро кӯшиш кунам? ҳар нафар дар саҳнаи ҳунар бояд як роҳ, сабку услуби худро дошта бошад. Қаблан дар театри «Ойина» фаъолият доштам».
РО: Албоми нави шумо, ки бояд ҳамин рӯзҳо нашр шавад, яъне «Аз Holiwood то Boliwood» кай ба дасти шунаванда мерасад ва он аз чӣ иборат аст?
РН: «Дар ин албом ман бо Приянка Чопра рақс кардааму сӯҳбатҳоям бо ҳунармандони «Болливуд» ҳаст ва таронаҳои мушатаракам бо бархе аз овозхонони маъруфи эронӣ. Хулоса таронаҳои нав ҳаст. Як клип ҳам ҳаст, ки касро ба сайри «Болливуду Ҳолливуд» мебарад. Ҳоло тасмим дорам то соли нав ба Сочӣ биравам ва чанд тарона бо забони русӣ сабт кунам».
РО: Ташаккур