Ҳарчанд дар оилаи хурд ба воя нарасидааму бародару хоҳарони зиёд дорам, ки ҳама ба кӯмак омодаанд, бо вуҷуди ин мехоҳам чанд пою даст дошта бошам, ки мувофиқи табъи худ корҳоро ба сомон расонам. Ё шояд барои ин чунин эҳсосро дорам, ки дар зиндагӣ одат кардаам, ҳама корро худам кунам?
Қабл аз тӯйи арусӣ гумон мекардам, ки барои писарон интихоби арӯс осонтар аст, аммо иштибоҳ будааст. Дар ҳолате ки интихоб зиёд ва ҳама номзадҳо арзандаанд, гирифтани тасмими қатъӣ ва тақдирсоз кори сахт будааст.
Бо кӯмаки аҳли оила арӯсро интихоб ҳам кардем, аммо аз ташвиши омодагӣ ба тӯй фаромӯш кардам, ки чеҳраи арӯс чӣ гуна буд. Агар ҳамин хел давом кунад, мумкин ӯро нашинохта монам. Ё каси дигарро ба ман тӯй кунанд.
Омодагӣ ба тӯй аз интихоби тарабхона шурӯъ шуд. Тибқи қонуни нав оид ба танзими расму анъана ва маросимҳо, арӯсу домод бояд дар тӯли ду рӯз якҷоя ҳамагӣ ду тӯй гузаронанд. Оши тӯй ва базм. Ташкили базм, албатта, ихтиёрӣ аст ва метавон ин ҳардуро дар як рӯз ташкил кард.
Барои интихоби тарабхона аз чанд базмгоҳ дидан кардам ва маълум шуд, ки ба ҳисоби миёна барои як нафар аз 15 то 20 доллар сарф мешавад. Ба ин маблағ чанд навъи хӯриш, хӯроки гарм, нӯшокии маъмулӣ ва мева дохил аст.
Қадами дигар ва хеле муҳим даъвати меҳмонон аст. Қонуни нав даъвати 150 нафарро аз ҳарду ҷониб иҷоза медиҳад. Аз ин рӯ тартиб додани рӯйхати меҳмонон ҳатмист. Агар аз як тараф дар оғози тартиб додани рӯйхат душворӣ кашед, баъд аз омода шудани он мебинед, ки чи рӯйхати зебое тартиб ёфтааст. Зеро дар рӯйи варақ онҳое боқӣ мемонанд, ки ҳар як нафари онҳо бо хислату кирдори неки худ дар хотири шумо нақш баставу, ҳар як нафари онҳо барои рангинтар шудани зиндагии шумо нақше бозидаанд.
Акнун аз миёни ситораборони эстрадаи тоҷик, интихоби овозхон ҳам сахт аст. Одатан мардум дар тӯйҳояшон овозхонҳоеро даъват мекунанд ,ки намояндаи маҳали зисти худашон бошанд. Аммо ман ин корро накардам. Ҳунарманде, ки интихоби ман рӯй ӯ афтод, аз Боми Ҷаҳон фарҳанги ғании тоҷиконро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
Қадами дигар харидории либоси домодӣ. Ҳаминро мегӯям, ки ба ҳисоби миёна агар як ҷавон либосӣ домодӣ барои худ харидорӣ кунад дар даст бояд камаш аз 300 то 600 доллар дошта бошад.
Кори дигар ва муҳим гирифтани иҷозат аз Идораи танзими маросим ва анъанаҳост. Аз як чиз ҳайронам, ки бисёрҳио аз аъзои комиссюни «Танзим» метарсанд. Ҳар кас аз таҷрибаи худ ҳодисаҳои аҷибро қисса мекунад, ки чӣ гуна бо якбора омадани чанд узви ин ҳайат бо дастгоҳи наворбардорӣ онҳо аз маърака гурехтаанд. Чунин наворбардории идораи танзим бе иҷозати соҳибтӯй ва барои муайян кардани қонуншиканӣ ба якборагӣ аз сабти чеҳраи меҳмонон шурӯъ мешавад.
Ҳамаи ин гапу овозаҳо табъи идонаи шахсро хира мекунад. Ҳарчанд риояи ин қонун воқеъан ба кас сабукӣ меорад, аммо чӣ гуна дар амал татбиқ шудани он аз ҷониби масъулон ташвиши касро афзун мекунад.
Хулоса, аз Идораи танзим иҷозат барои баргузории тӯйи арӯсиву домодӣ дода шуд. Масъули ин ниҳод моро табрик ҳам кард, ки дилгармкунанда буд.
Аммо ончӣ шунидам, танҳо овозаҳо буд, таҷрибаи худро баъди аз сар гузаронидан ба шумо ҳатман қисса хоҳам кард. Чунонки мегӯянд, бисёр гапҳои ҷолиб дар пешанд. Ҳоло бошад, ман медавам аз пайи тараддуди тӯйям. Чун кор зиёд ва рӯзҳо башуморанд.
Худо Шуморо ҳам, агар ҳанӯз издвиоҷ накардаед, ба чунин рӯзи нек бирасонад.
Аз ташвиши омодагӣ ба тӯй фаромӯш кардам, ки чеҳраи арӯс чӣ гуна буд. Агар ҳамин хел давом кунад, мумкин ӯро нашинохта монам. Ё каси дигарро ба ман тӯй кунанд...