Ӯ нахустин ё танҳо ҳунарманди тоҷик нест, ки ба далоили мазҳабӣ аз эстрада канор меравад.
Бисёриҳо бар ин боваранд, ки як далели аслӣ нисбат ба солҳои гузашта хеле мазҳабитар шудани ҷомиаи Тоҷикистон аст, ки ба тақрибан кулли риштаҳои рӯзгораш, аз ҷумла ба мусиқӣ асар кардааст.
АЗ “НАЗИРАҶОНУМ” ТО “ТУ АЗ МАНӢ”
Меҳрубони Равшан тақрибан 5 сол пеш бо таронаи “Назираҷонум” вориди майдон шуд ва чанд таронаи баъдиаш, чун “Доғ-доғ ҷигарум”, “Лайлохонум” ва “Таманно”-ву, албатта, беҳтарин таронааш “Аз манӣ”, ки ҳамроҳ бо Садриддини Наҷмиддину Баҳроми Ғафурӣ иҷро кардааст, ӯро дар радифи ситораҳои аввали эстрадаи тоҷик овард. Бо он, ки Меҳрубон ҳамагӣ 30 сол дорад, аллакай 3 албоми таронаҳояшро вориди бозор карда ва 2 сол пеш сафари ҳаҷ низ кард.
Аммо акнун Ҳоҷӣ Меҳрубони Равшан мегӯяд, ки ба маҳзи рӯ оварданаш ба арзишҳои исломӣ, батадриҷ аз идомаи ҳунарнамоӣ дар эстрада даст кашида ва худро ба дарёи нави таронаҳои мазҳабӣ хоҳад андохт.
Дарёе, ки ҳанӯз маълум нест, Ҳоҷӣ Меҳрубони Равшанро ба кадом соҳил хоҳад овард – боз ҳам соҳили шӯҳрат ё нокомӣ.
МУБОЛИҒАЕ РОСТОМЕЗ
Меҳрубон дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ иқрор кард, ки матбуот дар эълони хабари тарки ҳунарнамоӣ кардани ӯ ба шитоб ва муболиға роҳ додааст, вале азмаш, дар ҳар сурат, қатъист ва ба муҷарради ёфтани ягон роҳи хуби тиҷорат батадриҷ, ё тавре худи овозхон мегӯяд, “андак-андак” аз саҳнаи эстрада даст хоҳад шуст: “Ман даррав бас карда наметавонам, вале дар ниятам сахт ҳаст. Ин иқдом бо даъвати кадом мулло нест, мо худ, алҳамдуллоҳ, мусалмонем. Ман санъаткор ҳам бошам, пир дорам, дар роҳи тариқат ҳастам. Сабаби рафтанам ин аст, ки мо дар тӯю маъракаҳо зиёд меравем ва мебинем, ки санъаткор ҳатто ба андозаи як хас қадр надорад. Ман мехоҳам пеш аз тарки саҳна як консерти хайрбодӣ бигузорам. Ва ният дорам ба сурудҳои илоҳӣ гузарам. Ҳамааш дар дасти Худованд аст, оҳиста-оҳиста мешавад, андак-андак.”
Баҳси то куҷо муҷоз будани мусиқӣ дар ислом дар тақрибан ҳамаи 1400 соли гузашта аз зуҳури ин дин идома дошту дорад. Аз ҷумла дар Тоҷикистон. Бисёре аз овозхонҳои тоҷик мегӯянд, аз ҷониби аҳли дин таънаву маломати зиёд мешунаванд, ки овозхонӣ гуноҳ аст ва ин бори гуноҳро бояд аз шонаи худ биандозанд.
Овозхони тоҷик Шаҳроми Абӯбакр мегӯяд, шояд сафари ҳаҷ ба Меҳрубони Равшан чунин таъсир кард, ки инак мехоҳад дар авҷи шӯҳрату комёбӣ канор равад: “Санъат ҳам хуб аст, вале нисбат ба санъати мо ҳар хел ҳарфҳо мезананд. Мумкин сабабаш ҳамин буд, ки санъаткор қадр надорад. Мо ҳама мӯъмину мусалмонем ва ба фарқи неку бад меравем. Худо ҳар касро худаш тавфиқ диҳад. Ман, ки дар роҳи санъат меравам, ба раҳи худам ростам, на бероҳаам, на ягон бор сигору носу аз ин чизҳоро ба даҳон бурдаам. Худованд ҳар нафарро худаш ҳидоят мекунад ва шояд дар дили Ҳоҷӣ Меҳрубон андохтааст, ки басаш мекунад. Апаи Малика ва Ҳоҷӣ Меҳрубон ҳаҷро диданд, шояд зимни зиёрати маконҳои муқаддас чизеро диданд, ки таҳрик диданд. Ягон ҳолате доранд онҳо, ки бас мекунанд.”
Ё ИН ҲАМА ГАШТЕСТ БАРОИ “ПИАР”?
Маҳбуби Ганҷалӣ, муассиси торнигори "Маҳбуб - ТҶ", ки умдатан дар бораи шоу-бизнеси тоҷик менависад, гароиши овозхонон ба таронаҳои мазҳабиро як навъ “пиар” ё талоши ҷустани ҷои пои бештар дар майдон ҳам медонад ва мегӯяд, вақте бозори таронаҳо дар бораи муҳоҷират гарм шуд, ҳама ба хондани сурудҳо аз рӯзгори мардикорони тоҷик пардохтанд ва ҳоло ки бозори таронаҳои мазҳабӣ пурхаридор шуд, хеле аз овозхонҳо рӯ ба ин бозор овардаанд.
Ба эътиқоди Маҳбуби Ганҷалӣ, таронаҳои мазҳабӣ барои ин овозхонҳо ба гунаи киштиест, ки бояд онҳоро ба уқёнуси шоу-бизнес бирасонад ва ғарқи шӯҳрати зиёдтар кунад: “Дар мо, ки бозори шоу-бизнес чандон шакл нагирифтааст, ҳама корро барои таблиғи албомаш худи овозхон анҷом медиҳад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки тавассути мавзӯъҳои бозоргир вориди саҳнаи калон шаванд. Имрӯз таронаҳо дар бораи Худову расул зиёд шудааст ва ин ҳам василае барои роҳ ёфтан ба бозор аст.”
Аммо Маҳбуби Ганҷалӣ меафзояд, ки ҳадафи Меҳрубони Равшан шояд имтиҳон кардани ҳунараш дар як майдони комилан нав, яъне саҳнаи таронаҳои мазҳабӣ ҳам бошад, то танҳо гаште ба сурати “пиар”.
Меҳрубони Равшан мегӯяд, даргузашти дӯсти ҷавонмаргаш Сӯҳроби Сафарзод ҳам ба ӯ таъсири сахте гузошт, вале қарори рафтан аз эстрадаро ҳанӯз қабл аз марги Сӯҳроб гирифта буд ва Сӯҳроб аз ин тасмимаш хабар дошт.
ХОНАНДАГОНИ ҲОҶӢ
Аз ҳунармандони тоҷик Ҷӯрабеки Мурод ва Афзалшоҳи Шодиянд, ки баъди сафари ҳаҷ ҳам ба хонандагӣ идома доданд, вале Меҳрубони Равшан танҳо овозхоне нест, ки баъди зиёрати Маккаву Мадина ба тарки саҳна иқдом мекунад.
Дар солҳои 1990 Хайриддини Бозор, як овозхони маъруфи таронаҳои тӯёна, амаки худи Меҳрубон – Ҳотами Равшан ва соле пеш Маликаи Саид бо касби унвони “ҳоҷӣ” тарки саҳна карданд. Маликаи Саид комилан тағйири касбу кор карда ва феълан машғули тиҷорат шудааст.
Хайриддини Бозор баъди чанд сол ба далели тангии рӯзгор ба саҳна баргашт, вале ин бор чандон муваффақ нашуд. Ҳотами Равшан, ё “Шаҳроми тоҷик”, ки дар маҳфилҳо баробар бо хондан хуб мерақсид ва маъракаҳоро “обод” мекард, акнун фақат таронаҳои орифона мехонад.
ДИЛИ КӢ БА ЁДИ САҲНА ГУМ НАМЕЗАНАД?
Қурбони Абдуллоҳ, овозхони маъруфи тоҷик мегӯяд, ҳар нафар роҳи зиндагиашро худ интихоб мекунад, вале агар Маликаи Саид ҳам роҳи Ҳотами Равшанро мегирифт ва комилан аз саҳнаи ҳунар намерафт, шояд беҳтар буд: “Ҳотами Равшан дар базму тӯйҳо гаштанро бас кардааст, лекин ҳоло ҳам таронаҳои орифона, чун наъту ғазал, мехонад. Малика ҳам агар ба хотири андаке шикастани ташнагии мухлисонаш чунин мекард ва ҳунарнамоияшро дар базмҳои занона бо таронаҳои мазҳабиву мардумӣ идома медод, боке надошт.”
Овозхонони тоҷик мегӯянд, садо ва истеъдоди хонандагӣ, албатта, чизе худодод аст, вале агар ҳунарманд ҳар рӯз дар фикри тарбияи садо ва ҳунари худ набошад, баъид нест, ки аз ин эъҷоз маҳрум шавад. Ба гунаи Манижаи Давлат, ки 4 сол пеш ба таври мармуз тарки овозхонӣ кард, вале ҳарчанд баъдан ду дафъа талош кард, ки баргардад, садояш дигар он тобу таберо, ки Манижаи қаблӣ дошт, надошт. Рақибонаш, чун Шабнами Сурайё низ дар ин муддати набудани Манижа чунон дар майдони эстрада дур рафтанд, ки ӯ бо чунин бозгаште “миёнаҳолона” дигар натавонист ба курсии баланде, ки дар ин саҳна дошт, дубора бинишинад.
Маҳбуби Ганҷаалӣ мегӯяд, қалби ҳар ҳунарманди рафта муддатҳо ба ёди саҳна ва шӯру шавқи фавҷи мухлисонаш гум хоҳад зад ва ӯро хеле иродаи қавӣ мебояд, ки ҳавасу хиёли бозгашт ба ин ҳавову ин майдонро аз сар дур кунад. Маҳбуби Ганҷалӣ аммо имкони бозгашти ситораҳои рафта ва ҳатто Маликаи Саидро баъид намедонад: “Саҳна ва бо мардум будан дар саҳна махсусан барои овозхонҳое, ки чигуна дар ҳавои таронаи онҳо ба ваҷд омадану рақсидани мардумро дидаанд, як чизе ҳаст, ки наметавонанд то дер фаромӯшаш кунанд. Меҳрубони Равшан ҳам, ҳатто агар пурра барнагардад, шояд барои иҷрои чанд тарона дар жанри эстрада пас биояд. Аммо Маликаи Саид, ки то ҳол ҳамчун “Маликаи саҳна” ёд мешавад, ҳатто агар баргардад, фақат таронаҳои ороме хоҳад хонд дар қолаби сурудҳои мардумӣ ё мазҳабӣ.”
ИСЛОМ ВА МУСИҚӢ
Ба далолили мазҳабӣ тағйири касбу кор кардани овозхонҳои тоҷик дигарбора баҳси байни маҳфилҳои диниву дунявӣ дар мавриди ислом ва мусиқиро дар Тоҷикистон гарм кардааст. Баҳсе, ки наздики 1400 сол боз идома дорад ва асосан рӯи ин мавзӯъ, ки ислом кадом мусиқиро мепазирад ва кадомеро – не.
Узви аршади ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадалии Файзмуҳаммад аз тасмими овозхонҳое, чун Меҳрубони Равшан, барои тарки саҳна истиқбол мекунад ва мегӯяд, дар мусиқии муосири тоҷик намунаҳое, ки бо меъёрҳои шаръӣ созгор бошанд, камтар ба назар мерасад: “Касе ки аз ин ҷода мебарояд, роҳи хубтареро барои худ ёфтааст шояд. Мусиқие, ки иҷозаташро онро ҳам фақат баъзе уламо медиҳанд, ҳамон наю дафу доирае, ки дар замони паёмбар ҳам мезаданд, ҳамонаш ҳаст. Дар “Маснавӣ”-и Мавлавӣ ҳам достони най зиёд ҳикоят мешавад. Мусиқии боманфиат ҳам шояд бошад. Лекин фаҳшу нимбараҳнагиву сарлучиро ислом бо далелҳои қотеъ ҳаром гуфта, манъ кардааст. Вақте ки мусиқӣ бе ин чизҳо намешавад, албатта, инро на мазҳаб иҷозат медиҳад, на ягон раванди ақлонӣ.”
МАЗҲАБИТАР ШУДАНИ ҶОМИА
Аммо бисёриҳо тарки саҳна кардани овозхонҳои маъруфе, ба монанди Маликаи Саид ё Меҳрубону Ҳотами Равшанро бахше аз раванди густардатари мазҳабитар шудани ҷомиа ва ба арзишҳои исломӣ рӯи бештар овардани мардум медонанд.
Саид Аҳмадов, исломшиноси тоҷик мегӯяд, ин падида ношӣ аз раванди мазҳабишавии ҷомиа ва зуҳури гурӯҳҳои нави ғайрисуннатие, чун салафияву ҳанбалия аст, ки ба ҷойгоҳи мусиқӣ дар ислом нигоҳи тундтар доранд: “Дар Ҳанбалия талабот сахттар аст нисбат ба мусиқиву дилхушиҳо. Ва гурӯҳҳое, ки зери таъсири ҷараёни ҳанбалияанд, ба ин масъала зиёдтар даст мезананд. Назари мазҳаби ҳанафӣ мӯътадил аст ва мусиқӣ агар дар доираи одоби исломӣ бошад, иҷозат медиҳад. Дар мазҳаби мо урф низ як сарчашмаи шариат ва фиқҳ аст. Дар одати мардуми мо суруд хондану навохтану ин чизҳо ҳаст. Аммо ончӣ, ки аз одоби исломӣ берун аст, барои мисол, бараҳнаву нимбараҳна ва ё дар байни мардҳо рақс кардани зан, ин чизҳо, албатта, аз нигоҳи шаръӣ манъ аст. Лекин ҳанафия рақс ё мусиқиро ба сурати умумӣ манъ намекунад.”
Оқои Аҳмадов мегӯяд, мазҳабитар шудани ҷомиа дар Тоҷикистон нафақат тамоюли тундравӣ, балки тамоюлҳои мусбати фарҳангиву тамаддунӣ ҳам дорад, бавижа агар дар чаҳорчӯби таҳаммулпазирӣ анҷом шавад.
Вале, меафзояд мусоҳиби мо, мазҳабишавӣ ҷои зиёде барои нигаронӣ ҳам дорад: “Хоҳем-нахоҳем, ҷомиаи мо мусалмонист ва арзишҳои исломӣ дар ин ҷомиа мавқеи хосе дорад. Аз ин рӯ, намешавад гуфт, ки мазҳабигароӣ дар ин ҷо кам мешавад. Алалхусус, заминаҳое ки раванди мазҳабишавиро заиф созад, аз нигоҳи иқтисодӣ, тамаддунӣ ё сиёсӣ ингуна заминаҳо дар ҷумҳурӣ камтар аст. Чунки ҷумҳурӣ қашшоқ аст, бекор зиёд аст, иқтисоди хароб дорем, илму маориф чанд пешрафта нест. Дар раванди мазҳабишавӣ феълан ҳам рӯ овардан ба арзишҳои суннатӣ зиёд аст ва ҳам унсурҳои ифротӣ. Яъне ин ду тамоюл баробар пеш мераванд.”
ТӮЙҲОИ БЕШАРОБ
Овозхони тоҷик Қурбони Абдуллоҳ аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, мардум дар рӯзгори худ ва ҳатто дар тарзи баргузории тӯю сӯр мазҳабитар шудаанд ва чунин мурооти беҳтари меъёрҳои исломӣ дар маъракаҳо шояд борони таънаву маломатро ҳам аз сари ҳунармандон дур кунад, ки ба таблиғи фаҳшу фасоди ахлоқӣ муттаҳам мешуданд: “Дар базмҳо шароб набошад, раққосаҳои беадаб набошанд, қисмати занонаву мардона ҷудо бошад. Ва ин чизҳо ҳоло ба назар мерасанд. Ва мумкин акнун ин таъна нисбат ба ҳамаи ҳунармандон аз байн биравад.”
Аммо рӯҳонии тоҷик Муҳаммадалии Файзмуҳаммад мӯътақид аст, ки мазҳабишавии ҷомеаи Тоҷикистон бофтаи хаёли гурӯҳҳои ҳадафмандест, ки ба хотири аз тавсеаи нуфузи Ислом тарс додани ҷомиа ва фароҳам сохтани замина барои таъқиби бештари аҳли дин дар кишвар истифода мешавад: “Ин чигуна мазҳабишавист, ки ин қадар масҷидро мебанданд, барои дарси ислом додан ба ҷавобгарӣ мекашанд ва 1000 донишҷӯро аз мадрасаҳои хориҷӣ баргардонанд? Инро нодида мегиранду боз аз раванди гӯё мазҳабишавӣ дам мезананд. Ин назарҳои ғалатест, ки мардумро аз ислом битарсонанд. Мардум пеш ҳам мехост динро, вале ҷуръат намекард, ки овоз барорад. Ҳоло дар масоҷиди ҷумъахонӣ агар дер кардӣ, ҷое намеёбӣ. Аксар намозашро дар кӯча мехонад. Ба ҷойи изҳори ташвиш аз мазҳабишавиву тазъиқу фишор роҳеро биёбанд, ки саҳни масҷидҳоро кушод кунанд, то мардумро гунҷонда тавонанд.”
ГӮШТУ НОХУН
Ҳамин тавр, дар пасманзари афзоиши шумори овозхонҳое, ки ба далоили мазҳабӣ тағйири касб мекунанд, баҳси ислом ва мусиқӣ дар Тоҷикистон баҳсе ҳамчунон гарм боқӣ мемонад.
Аммо бисёриҳо баъид медонанд, ки набарди ақшори мутаддайин бо аҳли мусиқӣ ин бор ҳам ба ҷое бирасад. Аз як сӯ, 70 соли шӯравист, ки мардум бо арзишҳои дунявӣ хеле хӯ гирифт. Аз сӯи дигар, дар тӯли қариб 1400 соли вуҷуди ислом мусиқӣ низ ҳамеша дар канораш омадааст. Ва ҳатто дар шароити низомҳои сахти мазҳабие, чун Ҷумҳурии исломии Эрон, ки баъди солиёни дасту панҷа нарм карданаш бо мусиқӣ ҳатто ин низом маҷбур шуд барои анвоъи ҳатто замонавии мусиқӣ ҳам даричаҳоеро боз кунад.
Маҳбуби Ганҷалӣ, муассиси торнигори “Маҳбуб- ТҶ” мегӯяд, мусиқӣ ва ислом дар ҷомиаи мусалмонии Тоҷикистон мисли гӯшту нохун пайванд шудаанд ва ҷудо кардани ин гӯшт аз ин нохун дигар зӯрест беҳуда: “Вақте дар як маҳфил баҳси ҳаром будани мусиқӣ дар ислом мерафт, як рӯҳонии маъруф баланд шуд ва гуфт, ки ба тӯйи фарзандаш овозхонҳоро даъват карда буд, чунки маҳфили хурсандӣ аз маъракаи мотам бояд фарқ кунад ва маълум бошад, ки ин ҷо тӯй аст. Мусиқӣ ҳама вақт дар ислом буд ва мемонад.”