Дар Суғд қисме аз ҳукуматро ба ҷавонон "доданд"

Бинои ҳукумати вилояти Суғд. Шаҳри Хуҷанд

Ба 40 донишҷӯ дар Суғд имкон дода шуд, ки тӯли як ҳафта дар паҳлӯи мақомоти роҳбарикунанда кор дар ҳукуматро биомӯзанд.
Ҳафтае, ки оғоз ёфт, барои гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳҳои вилояти Суғд хотирмон хоҳад буд. Зеро онҳо дар чорчӯби барномаи "Ҳафтаи худидора" дар курсии муовинони раис ва мудирони бахшҳо дар ҳукумати вилояти Суғд нишаста, шеваи роҳбариро хоҳад омӯхт.

Фарзона, донишӯи соли севуми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд яке аз аз чунин донишҷӯён аст, ки дар курсии раиси шӯъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати Суғд нишастааст. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, "гумон кардам, донишҷӯ неву коргари ҳукуматам. Дар ман ҳаваси оянда дар ҳамин шӯъба кор кардан пайдо шуд." Ба гуфтаи ҷавонони иштирокдори "Ҳафтаи худидора" аз рӯзи аввал онҳо ба тавонмандии худ дар адои вазифаҳои ҳукуматӣ бовар пайдо кардаанд.

Аслиддин Низомиддинов

Аслидин Низомиддинов, донишҷӯи соли севуми бахши менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯяд, тӯли як рӯз ба ҳайси мудири шӯъбаи кишоварзӣ ва заминсозӣ бо низомномаи шӯъбаи мазкур ва арзу дархостҳои сокинон ошно шуд. Ин ҷавони суғдӣ мегӯяд, мехоҳад баъд аз хатми донишгоҳ барои ислоҳ ва рушди бахши кишоварзӣ кор кунад, чун Тоҷикистон як давлати кишоварзист ва бо рушди ин соҳа метавон зиндагии сокинонро беҳбуд бахшид.

Бо ин вуҷуд дар курсиҳои муҳими ҳукумати вилояти Суғд, ба ҷуз ҷавонони донишҷӯе, ки барои иштирок дар "Ҳафтаи худидора" ҷалб шудаанд, чеҳраҳои ҷавони то 25-сола ангуштшуморанд. Аммо Абдулҳаким Шарифов, раҳбари бахши идеологии ҳукумати Суғд, мегӯяд, мақомот ба ҷавонон таваҷҷӯҳ доранд ва махсусан солҳои ахир барномаҳое ҷиҳати омода ва ҷалби онҳо барои кор дар ҳукумат рӯи даст гирифта шудааст.

Ӯ афзуд, "агар диққат дода бошед, қариб ними мутахассисони оддӣ ва пешбари шӯъбаҳои ҳукумати Суғд 30-35-сола ҳастанд. Дар сурати андӯхтани таҷрибаву нишон додани кордониву маҳорат ва мустақилияти худ онҳо ба вазифаҳои сармутахассис, баъд муовини мудир, ҳамин тавр, боло мераванд. Интихоби ҷавонон ба кор бо роҳи озмун сурат мегирад." Ба гуфтаи Шарифов, дар тӯли 7 соли ахир беш аз 250 ҷавон дар ҳафтаҳои "худидора" иштирок карда, то кунун 23 нафари онҳо барои кор ба ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои Суғд даъват шудаанд. Яъне, аз даҳ-дувоздаҳ нафар як нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд.

Абдулҳаким Шарифов

Ба назари бархе донишҷӯёни Суғд, ин рақам худ бозгӯи он аст, ки ҷавонон дар соҳиб шудан ба вазифаҳои оддии давлатӣ шонс (имкон)-и камтар доранд. Як донишҷӯи Донишгоҳи металлургияи кӯҳии шаҳри Чкалов, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, низ гуфт: "Барои он ҷавонон дар вазифаҳои давлатӣ каманд, ки калонсолони соҳибвазифа ҷавонони болаёқатро ҳидоят намекунанд. Барои чӣ? Баъзеҳо мегӯянд, сатҳи донишу ихтисоси ҷавонон паст аст. Аммо ман ба ин розӣ шуда наметавонам, ки дар як факулта чанд ҷавони шоиста набошад. Шояд барои он ба ҷавонон роҳ намедиҳанд, ки вазифаю мансабро дӯст медоранд ва курсии ишғолкардаи худро холӣ кардан намехоҳанд."

Дар ҳар сурат, баргузории "Ҳафтаи худидора" дар ҳукумати Суғд баёнгари он аст, ки насли калонсоли мансабдори тоҷик кам ҳам бошад, ба тақдири ҷойгузинҳои ояндаи худ таваҷҷӯҳ доранд. Вале коршиносон мегӯянд, онҳо мехоҳанд ҷавонон низ тибқи диду хости насли пешин ва бо усули кӯҳнаи онҳо кору фаъолият кунанд.