Зиёд шудани никоҳи духтарони ноболиғ дар вилояти Хатлон сабаб шудааст, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ барномаи вижаи ҷилавгирӣ аз ин тамоюлро роҳандозӣ кардаанд.
Майрамбӣ Ғафурова, мудири шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати вилояти Хатлон, гуфт, афзоиши талоқ дар оилаҳои ҷавон ва баҳсҳои додгоҳии тақсими молумулки хонаводаҳо, ки пайомади никоҳҳои барвақтӣ ва ноомодагии ҷавонон ба оиладорист, мояи нигаронии мақомоти давлат шудааст. Хонум Ғафурова афзуд, ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ зидди волидоне, ки духтари ноболиғашонро ба шавҳар додаанд, як навъ ҳушдор ба мардум аст, ки ин корро накунанд: «Тибқи моддаи 168-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, «ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби волидайн ва ё ашхосе, ки духтар таҳти васояти онҳост, манъ буда, бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол, ё ҳабс ба мӯҳлати то 6 моҳ ҷазо дода мешавад».
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо издивоҷи маҷбурии духтари ноболиғ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва навоҳии Қубодиёну Восеъ ба қайд гирифта шудааст. "Ҳоло муҳокимаи додгоҳии баъзеи волидон ҷараён дорад. Баъзан волидон тангназарӣ намуда, исломро ба худ сипар мекунанду духтаронашонро аз мактаб гирифта, зӯран ба шавҳар медиҳанд».
Вале рӯҳониёни Ислом мегӯянд, ки дин низ издивоҷи маҷбуриро дуруст намешуморад ва аз никоҳе, ки бо ҷонибдорӣ ва ризоияти писару духтар ва волидони онҳо анҷом мешавад, истиқбол мекунад. Фурӯпошии оилаҳои ҷавон яке аз иллатҳои аслии издивоҷҳои барвақтӣ унвон мешавад. Танҳо дар чанд соли охир дар деҳае дар ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар даҳҳо ҷавондухтар ба манзили волидонашон баргаштаанд.
Сайидисмоил Сатторов, яке аз пешвоёни рӯҳонии ин деҳа мегӯяд: «Дар қишлоқи мо 47 нафар ҷавонзаноне ҳастанд, ки ба ҳар сабаб аз шавҳаронашон ҷудо шудаанд. Шояд дар дар ҳар дуввумин манзил як зане бошад, ки баъди талоқ гирифтан аз шавҳараш ба хонаи падар баргаштааст. Аксаран ин духтарон 18-20-сола ҳастанд, яъне барвақт ба шавҳар дода шудаанд. Хаёл мекунам, ки ба азҳампошии оилаи онҳо бетаҷрибагии ҷавондухтарони барвақтникоҳ сабаб шуда бошад. Агар духтар аввал ақлу фаросаташ расо шавад, тарбияи хуб гирифта бошад, рӯҳану ҷисман омодаи оиладорӣ шуда бошад, ба қадри оилаю оиладорӣ бирасад ва ба эҳтироми шавҳару пайвандонаш тайёр шавад, баъдан издивоҷ кунад, беҳтар аст…»
Ҷаноби Сатторов афзуд, ислом духтарро аз 9-солагӣ ва писарро аз 12-солагӣ соҳиби балоғат мешиносад. Аммо вай бо такя ба рисолаҳои уламои Исломӣ гуфт, ки беҳтарин фасл барои издивоҷи духтарону писарон баъд аз 18-солагӣ фаро мерасад.
Пири рӯзгордида Сафаралӣ Файзалиев, ки 90 сол дорад, низ ба ҳамин ақида аст, ки шумораи бисёр ками издивоҷҳои барвақтӣ то ба охир пойдор мемонад: «Замони ҷавонии мо ҳам ҳарчанд духтаронро барвақт ба шавҳар медоданд, агар давлат мефаҳмид, волидонашро ҷазо медод. Сатҳи баланди маргумири кӯдакону модарон ҳам шояд ба ҳамин сабаб буд, ки духтарон зуд шавҳар мекарданд. Барои ҳамин беҳтараш баъд аз 17-18-солагӣ издивоҷ кунанд, то ки саломатиашонро ҳифз кунанд. Баъзе духтарони ҳозира агар ҷисман омодаи издивоҷ бошанд, тарбияи гирифтаашон барои бунёди оила кофӣ нест, эрка, беақл ҳастанд. Барои ҳамин, набояд саросема шаванд».
Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, дар давоми се моҳи аввали соли равон 2000 хонаводаи ҷавон аз ҳам ҷудо шуд ва масъулони ин кумита сабаби то 50 дарсад афзудани талоқҳоро маҳз ба издивоҷи зуд марбут медонанд. Латофат Чориева, коршиноси масоили гендерӣ, бар ин назар аст, ки надоштани таҷрибаи кофӣ дар оиладорӣ, издивоҷи ғайриихтиёр, мудохилаи волидон ба рӯзгордории навхонадорон сабаби асосии фурӯпошии оилаҳои ҷавон мебошад.
«Волидайн талош мекунанд, ки ҳарчи тезтар рисолати дӯши худ, яъне оиладор кардани фарзандонашонро ба иҷро расонанд. Ҳамчунин баъзеҳо ба хотири ин ки писарашон ба артиш бурда нашавад, зуд оиладораш мекунанд. Аммо масъалаи муҳимтар аз анҷоми рисолати волидайн – мутмаин шудан ба омодагии ҷавонон ба оиладорист. Тоҷикистон майдони таҷрибаҳо барои фарҳангҳои ғарбию шарқӣ шудааст. Одамони пойбанд ба ақидаҳои мазҳабӣ бар ин назаранд, ки «духтар – моли мардум» ва ҳарчи зудтар масъулияти парвариши ӯро аз сар соқит мекунанд.»
Хонум Чориева таҳсили ҷавононро дар мактабҳои олӣ ё омӯзишгоҳҳои ҳунарӣ қабл аз издивоҷ, амри ҳатмӣ медонад, чун ҳунармандӣ ва босаводии зану шавҳар боиси таҳкими пояҳои оила мегардад. Бино бар Кодекси оилаи Тоҷикистон, шаҳрванд танҳо дар сурати расидан ба 18-солагӣ ҳаққи издивоҷ пайдо мекунад, аммо дар музофоти кишвар мавридҳое ҳам зиёд аст, ки волидон барои духтарони ноболиғи худ шиносномаи тақаллубӣ гирифта, дар он синнусоли духтарро болиғ нишон медиҳанд, то ки мақомоти расмӣ никоҳи ӯро сабт кунанд.